Қонуни тиб

Сафеда решҳои амиқро гӯшт пур карда, бичаспонад.
Заҳрҳо: Агар сафедаи онро бар ҷои газидаи каждуми дарёӣ ва аждаҳои дарёӣ3 бимоланд, суд бахшад.
680. РАЪОДА – МОҲИИ РАЪОДА
Torpedo narce Risso. seu T. marmorata Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки агар раъодаро бар сари каси сардард дошта биниҳанд, сардардро бибарад. Ҷолинус гуфтааст: «Ба гумони ман он ҳангоме чунин таъсир кунад, ки зинда бошад, зеро ман мурдаи онро санҷидам, чунин таъсире аз он падид наомад». Ин моҳии карахткунанда бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Булус гуфтааст: «Агар равғанеро, ки андар он ин моҳиро пухта бошанд, бар [тан] бимоланд, дардҳои тозаи пайвандгоҳҳоро ором кунад».
Андомҳои ронанда: Агар онро ба зер баргиранд, мақъади ба берун баромадаро худи ҳамон соат баҳам кашида, бавосирро фишурда созад.
681. РУБИЁН1 – МАЛАХИ ДАРЁӢ
Palaemon serratus
Моҳият: Ҷолинус гуфтааст, ки ҳоли ин чун ҳоли харчанг бувад.
Табъ: Мосарҷувайҳ гуфтааст, ки пеш аз намак кардан ба қадри муьтадил гарми тар бувад.
Хосиятҳо: Агар онро намак кунанд ва дер нигоҳ бидоранд, савдо ва хориши бад падид орад.
(433) Омосҳо: Ҷолинус гуфтааст, ки он омосҳои сахтро ҳал кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ғизои хуб бахшад.
Андомҳои ронанда: Маниро биафзояд, боҳро зиёда кунад, шикамро нарм созад ва кадудонаро берун орад.
682. РАТБА – ТАРБЕДА
Medicago sativa L.
Моҳият: Ин «қатт» аст ва аз баёни он андар фасли
«қоф» фориғ шудем1.
683. РАБИСО1 – РАБИСО
Табъ: Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки он гармтар аз малахи дарёист.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда судманд аст ва хусусан агар бо судоб, сиёҳдона, карафс ва равғани зайтун хӯрда шавад, рутубатҳои андар меъда бударо бихушконад.
Андомҳои ронанда: Аз барои боҳ беҳтарин ёридиҳанда бувад.
684. РАХБИН1 – РАХБИН
Табъ: Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст, бадхилт ва аз барои меъдаи гарм некӯст.
Андомҳои ронанда: Агар шиёфи аз он сохтаро ба зер баргиранд, шикамро нарм кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ғизои он сахт дергувориш бувад.
685. РУҚОҚИС1 – РУҚОҚИС
Androsace Tourn.
Моҳият: Гуфтаанд, ки руқоқис як доруи форсист ва шабеҳи сир бувад. Ин ду [бехи] ба ҳам печидаест, ки сари онҳо порашуда бувад.
Андомҳои ронанда: Маниро сахт биафзояд.
686. РАБИТОЪ1 – РАБИТОЪ
Sepia
Моҳият: Ин сангест, ки мисли харчанг бувад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Хосиятҳо: Рутубатро бичинад ва бизудояд.
Андомҳои чашм: Биноиро тез кунад.
Ин буд поёни гуфтор аз ҳарфи «ро» ва маҷмӯи он доруҳое, ки ёд кардем, аз бисту панҷ адад иборат аст.
Фасли бистуякум
гуфтор андар баёни ҳарфи «шин» /ش/
- ШАҚОИҚ – ЛОЛАИ нӯъмон Anemonе coronaria L.
[Моҳият]: Ҳакими фарзона Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум онро «ағроминон»1 ва низ «оминун»2 номанд.
Лола ду навъ аст: яке даштӣ, дигар бӯстонӣ. Навъе аз бӯстониро гулҳояш сурх ва навъе [дигарро] гулҳояш моил ба сафедӣ буда, аз ранги шири то арғавонӣ бизанад. Он баргҳои шабеҳ ба барги кашниз дорад, вале онҳо қишртунуки наздик ба замин буда, бар рӯи он хобидаанд ва шохаҳои борики сабзе дорад, ки бар сари онҳо гулҳое мисли кӯкнор нишастаанд. Андар миёнаи гулҳо сараҳоеанд, ки рангашон сиёҳ ва ё сурмагун бошад. Бехи ин [навъ лола]
ба бузургии як зайтун ва ё бузургтар аз он бувад. Он саросар гиреҳдор аст.
Аммо лолаи даштӣ бузургтар аз бӯстонист, баргҳояш паҳнтару сахттаранд, сараҳояш дарозтаранд ва ранги гулҳояш сурхи баланд аст. Он дорои бехҳои борики бисёр аст. Навъе аз он сиёҳ аст ва ин тезтар аз навъи дигар бувад. Бархе аз мардум аз сари нодонӣ миёни лолаи нуъмонии даштӣ, миёни доруе, ки «арғомуниёи даштӣ»3 ном дорад ва миёни кӯкноре, ки онро «рувос»4 хонанд, ба иллати андар сурхӣ шабеҳи якдигар будани гулҳои онҳо фарқ кардан натавонанд. Арғомунӣ растаниест, ки [лоларо] монад ва аз он чакидае битаровад, ки рангаш чун ранги заъфарон бувад. [Ранги] чакидаи рувос ба са федӣ наздиктар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор