Қонуни тиб

Фишурдаи онро аз барои дарди дандонҳо хуб андар бинӣ кашанд. Каду ташнагиро шиканад ва аз чизҳоест, ки андар меъда рутубат бизоянд. Кадуи хом меъда ва ҳатто меъдаи бачагону барноёнро ниҳоят зиён дорад ва аз барои чунин зиёни ба меъда расида ба ҷуз қай ҳеҷ илоҷе нест. Зиёни каду ба қулун сахт бузург аст.
Андомҳои ронанда: Агар оби онро бо ангубин биҷӯшонанд ва андар он натрун биафкананд, шикамро нарм кунад. Агар андар қур бигӯронанд ва онро, чунонки ҳаст, пухта, обашро бо шакар биошоманд, низ чунин бошад.
Каду ба рӯдагон ва хусусан ба қулун сахт зиён дорад.
Табҳо: Каду аз табҳои зудрав судманд аст.
645. ҚИССО – ХИЁРИ ДАРОЗ, ХИЁРЗА,
КАҶХИЁР
Cucumis flexuosus L.
Ихтиёр: Тухми хиёри дароз беҳтар аз тухми бодранг аст ва беҳтарину латифтарини он расидагии он аст.
Табъ: То ба дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гармӣ ва сафроро фурӯ нишонад, лекин кимуси он бад буда, омодаи гандидан аст ва табҳои мушкилро биангезад. Харбуза назар ба он тезтар табаҳ шавад ва расидаи он дорои зудоиш бувад. Тухми он беҳтар аз тухми бодранг аст. Бодранг бадтар аз хиёри дароз бигузарад ва андар рагҳо хом бирафта, табҳои деррав падид орад. Зиёни онро нонхоҳ ва ё шиддати афрӯхтагии меъда бартараф кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги онро бо ангубин бар махмалаки балғамӣ биниҳанд, суд бахшад.
Андоми сар1: Агар худованди беҳушии гарммизоҷ инро бибӯяд, суд бурда, ба ҳуш ояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Ташнагиро шикананда ва меъдаро хуб аст, вале кам бошад, ки хуб азхуд шавад. Агар якчанд убулус бехи онро бо оби ангубин биошоманд, хилти тунуке қай оварад.
Андомҳои ронанда: Хиёри дароз пешобтозонанда ва нармкунанда аст, аз дардҳои андомҳои мардӣ нофеъ ва аз барои обгаҳ созгор аст. вале андар пешоб тозондан камтар аз харбуза2 бувад.
Заҳрҳо: Барги он аз газидагии саги девона судманд аст.
646. ҚИССОУ-Л-ҲИМОР – ХИЁРИ ДАШТӢ,
ХАРХИЁР
Ecballium elaterium Rich.
[Моҳият]: Фишурдаи онро ба таври зерин бигиранд:
меваи онро охири тобистон баъд аз зард шудан бигиранд, андар порае ниҳода, биовезанд, то обаш битаровад. Сипас онро полида, андар коса бар болои қӯр бихушконанд. Баъд онро бар рӯи тахта андар соя бигузоранд.
Ихтиёр: Беҳтарини он зарди чун хиёри ростин рост ва талх буда, фишурдааш сафед, суфта, сабук, монанди пиёзи унсул ва як сол аз он гузашта бошад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Латифи ҳалкунанда аст, бех, барг ва самари он бизудоянд ва ҳал кунанд. Пӯсти он бештар хушккунанда аст. Қувваи фишурдаи барг ва бехи он яксон бувад.
Оростагӣ: Фишурдаи он ва ё фишурдаи беху барги он аз ярақон судманд аст. Хокаи хушки он пайҳои фароҳамомадагиҳои сиёҳи [ҷароҳатҳоро] нест кунад ва чиркиниҳои рӯйро пок созад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар аз бехи он бо орди ҷав зимод созанд, ҳар гуна омоси балғамии куҳанро ҳал кунад.
Хархиёр хусусан бо сақизи хинҷак ва алалхусус фишурдаи он ҷароҳатҳоро бикафонад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар хокаи хушки онро бар гар ва парюнҳо бипошанд, аз онҳо нафъ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Хархиёр аз дардҳои пайвандгоҳҳо ва ҷӯшонидаи он ба шакли ҳуқна аз қавин судманданд. Онро бо сирко бар ниқрис зимод кунанд.
Андомҳои сар: Фишурдаи он бо шир аз тариқи андар бинӣ рехтан дарди нимсараи аз ситабрии [хилтҳо] бударо ҳал кунад. Агар онро бо шир бар сӯрохии бинӣ бимоланд, фазлаҳои бисёре берун орад; Хиёри даштӣ аз бемории «хӯд» ва сардарди деррав судманд бошад. Фишурдаи барги он камқувваттар аст. Агар фишурдаи онро андар гӯш бичаконанд, дардҳои онро ором кунад.
Андомҳои нафаскашӣ: Бо фишурдаи он шикам овардан барои касе, ки ба баднафасӣ гирифтор аст, ниҳоят созгор бошад. (426) Фишурдаи онро бо ангубин ва равғани зайтуни куҳан аз барои хуноқи балғамӣ бар ком бимоланд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар якуним убулус аз бехи онро биошоманд ва ё ним ратли онро бо ду қист шароб биҷӯшонанд ва ҳар се рӯз аз се то панҷ уксубофун1 аз он биошоманд, [бахши] обиро бидуни расондани зиёне берун карда, истисқоро ба таври шигифтовар суд бахшад.
Агар якуним убулус аз бехи он ва ё чаҳоряки уксубофун аз пӯсти он ба кор бурда шавад, балғам ва зардаи зардро бо қай берун кунад. Агар онро бо оби ангубин биошоманд, ба таври намоён суд бахшад, пешобу хуни ҳайзро ба осонӣ битозонад ва меъдаро ягон осебу зиёне нарасонад. Агар бо фишурдаи он ду чандон намак омехта, сипас онро ба қадри говдона ҳабб созанд ва бо об якқултӣ биошоманд, яке аз доруҳое бошад, ки ба хубӣ исҳол оварад. Аммо қай овардан бошад, ин тавр аст: қадре аз гудохтаи онро андар об гирифта, бо он буни забон ва атрофи онро биолоянд. Агар бихоҳӣ, ки қай зудтару қавитар бошад, онро бо равғани зайтун ва равғани савсан ҳамин гуна ба кор бибар. Агар қай ба ифрот бирасад, каси [чунин дору] ошомидаро шароби омехта бо равғани зайтун бидиҳанд, [қай] зуд ором шавад. Агар ин суд набахшад, пас, бояд, ки писти ҷав бо оби сард ва сирко [ба кор баранд].
Андомҳои ронанда: Хиёри даштӣ балғам ва хунро ба исҳол оварад ва фишурдаи он аз тариқи ба зер баргирифтан пешоб ва хуни ҳайзро ронда, ҷанинро табаҳ кунад.
647. ҚАРН – ШОХ
Cornu
Андомҳои сар: Шохҳои сӯхтаи гавазн ва буз дандонҳоро сахт бизудоянд, вораҳоро мустаҳкам кунанд ва дарди авҷгирифтаи онҳоро ором кунанд, вале онҳоро боистӣ то сафед гардидан бисӯхт.
Андомҳои чашм: Шохи сӯхтаи чун намак сафедгардида ва шустаи гавазн моддаҳоро аз сӯи чашм бигардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо