Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои нафаскашӣ: Шохи сӯхта ва шустаи гавазн аз хунпартоӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳабанро пажмурда созад, вале меъдаро зиён нарасонад. Он аз ярақон суд дорад.
Андомҳои ронанда: Шохи сӯхтаю шустаи гавазн аз зусанториё судманд аст.
648. ҚУРРАЙС – ГАЗНА
Urtica dioica L. seu U. urens L.
Моҳият: Ин газна аст1.
649. ҚАТО – САНГХОР
Табъ: Гармияш суст ва хушкияш қавист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Савдо бизояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз истисқо судманд аст.
Андомҳои ронанда: Аз рафтани шикам суд бахшад.
650. ҚАВОНИС – САНГДОНҲОИ
ПАРАНДАГОН
Ingluvies
Хосиятҳо: Сангдонҳои парандагон серғизоанд, вале аз они мурғ ба зудӣ гуворида нагардад.
Андомҳои ғизокашӣ: Чунин гуфтаанд, ки табақаи андарунии сангдонҳои парандагон хушкифизоянда буда, даҳони меъда ва дарди онро судманд бошад. Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки хусусан сангдони хурӯсҳо чунин бувад.
651. ҚУҚӢ1 – ФУҚӢ, САГИ ДАРЁӢ, тюлен Phoca vitulina L.
Моҳият: Ин ҷонвари дарёиест, ки қуввааш ба қувваи ҷонвари гунди бедастар наздик аст.
Андомҳои сар: Гӯшти он аз саръ судманд аст.
Андомҳои ронанда: Фуқӣ аз ихтиноқи раҳм суд дорад.
652. ҚУНФУЗ – ХОРПУШТ
Erinaceus europaeaus L.
Моҳият: Хорпушти даштӣ маъруф аст ва хорпушти кӯҳӣ дулдули дорои сихҳои найзамонанд буда, аз ҷиҳати табъ ба хорпушти даштӣ наздик аст. Аммо хорпушти дарёӣ1 навъе аз моҳии садафдор бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Равғани он моддаҳоро ба сӯи андомҳои андарунӣ рехтан нагузорад ва ҷигари хушконидаи он низ чунин аст. Хокистари хорпушти даштӣ ва хорпушти дарёӣ дорои зудоиш, ҳал кардан ва хушконидан аст.
Оростагӣ: Хорпушти намаккардаи даштӣ поғураро суд дорад. Гӯшти хорпушти даштӣ ба сабаби ҳал кардан ва хушкиоварии сахти худ аз ҷузом судманд бошад. Сӯхтаи пӯсти хорпушти даштӣ омехта бо зифт аз «бемории рӯбоҳ» нофеъ аст.
Омосҳо ва табишҳо: Пӯсти хорпушти дарёӣ андар таркиби доруҳои гар [бидарояд] ва гӯшташ аз хукакҳо сахт судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Хокистари пӯсти он аз решҳои чиркнок нофеъ аст ва гӯшти зиёдатиро нест кунад. Гӯшти он аз хукакҳо ва гиреҳҳои сахт ниҳоят судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гӯшти намакини хорпушти даштӣ аз фалаҷ, ташаннуҷ, аз ҳамаи бемориҳои асаб

ва аз поғура судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Гӯшти хорпушти даштӣ аз бемории сил суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти хорпушти даштӣ аз бадмизоҷӣ судманд аст ва намакхӯрдаи он бо сикангубин аз барои истисқо накӯст. Ҷигари хорпушт, ки (427) онро бар латтапорае ниҳода, андар офтоб хушк карда бошанд, низ чунин бувад.
Андомҳои ронанда: Хорпушти дарёӣ аз барои меъда хуб аст, шикамро нарм кунад ва пешобро битозонад. Гӯшти намакини хорпушти даштӣ бо сикангубин аз дарди сар ва гурда судманд аст. Гӯшти он [низ] барои бачагоне созгор аст, ки андар ҷои хоб пешоб кунанд ва ҳатто агар онро ҳамеша бихӯранд, бошад ки пешоб карданро душвор бигардонад.
Табҳо: Гӯшти хорпушти даштӣ аз барои табҳои деррав суд дорад.
Заҳрҳо: Гӯшти хорпушт аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
653. ҚАБҶ – КАБК
Alectoris graeca; Perdrix cinerea; Tetrao cinereus Моҳият: Кабк маъруф аст ва тиҳу андар [ҳамаи] сифатҳо бо он анбозӣ дорад.
Хосиятҳо: Гӯшти кабк латифтарини гӯштҳост.
Оростагӣ: Гӯшти он фарбеҳ кунад.
Андомҳои нафаскашӣ: Гӯшти кабк дилро (фуод) бизудояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти кабк аз истисқо судманд аст ва меъдаро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Гӯшти [кабк] сабук буда, табиатро бибандад ва боҳро биафзояд.
654. ҚУНБУРА – ЧАКОВАК
Melanocorypha bimaculata Андомҳои ғизокашӣ: [Гӯшти он] агар гуворида шавад, ғизои зиёд бахшад, валекин дер гуворида бигардад.
655 ҚАЗМ ҚУРАЙШ1 – «ШУПУШИ ҚУРАЙШ»
Semen Pini (Piisus bruтtia Ten.) [Моҳият]: Ин андар боби «таннуб» гуфта шуд2.
Андомҳои ронанда: Аз барои решҳои гурда ва обгаҳ хуб аст.
656. ҚИЛТ – МОШИ ҲИНДӢ
Dolichоs biflorus L.
Моҳият: Ин моши ҳиндист ва монанди тухми катон буда, андаке бузургтар ва моил ба ранги хокист.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар якум тар аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҳукакро бибарад.
Андомҳои ронанда: Санги гурда ва обгаҳро хурд созад ва он аз барои рафтани шикам хуб аст.
657. ҚАЙШУР – САНГИ ПОХОР
Рumex
Моҳият: Ин «финак» аст ва андар боби «забаду-л-баҳр» («кафки дарё») ёд карда шуд1.

пешина
аз 1215
навбатӣ