Қонуни тиб

Андомҳои ронанда: Қоқулло ва хусусан тухм ва фишурдаи растании он оби зардро ба исҳол оварад ва онро ба қадри кам истеъмол кунанд, то нотавонӣ наоварад. Қокулло пешобро биронад, манӣ бизояд ва сафрову бахши обиро ба нармӣ ба исҳол оварад. Як ошомидании он аз як сеяки як ратл то ду сеяки ратл бошад.
638. ҚИРТОС – КОҒАЗИ ПАПИРУСӢ
Charta (Cyperus papyrus L.) Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Қиртоси сӯхта хунравиро манъ кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Сӯхтаи он аз саъфа нофеъ бошад.
Андомҳои сар: Киртоси сӯхта хуни биниро боз дорад.
639. ҚАЙСУМ – ҚАЙСУМ
Achillea santolina L.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Қайсум латифи талх буда, дорои гавҳари хокӣ ва латифиоварандагист. Ҷолинус гуфтааст, ки гули он аз афсинтин расотар аст ва дорои кушояндагӣ1 бувад.
Оростагӣ: Сӯхтаи он хусусан бо равғани беданҷир, ё бо равғани турб ва ё бо равғани зайтун аз «бемории рӯбоҳ» судманд бошад. Қайсумро агар бо баъзе равғанҳои гармкунанда биҷӯшонанд, ба сабаби кушояндагии худ аз барои рӯёндани риши деррӯянда суд бахшад. Он вораҳоро қабз кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Қайсум омосҳои балғамиро ҳал кунад ва агар бо биҳӣ бипазанд аз омосҳои ба душворӣ халшаванда нофеъ бошад.
Ҷароҳатҳо: Қайсум бо ҷароҳатҳои тоза созгор нест, балки онҳоро бисӯзонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷӯшонидаи он аз даридагии мушакҳо ва аз қавини деррави ба душворӣ беҳшаванда судманд аст.
Андомҳои сар: Агар қайсумро бо равғани зайтун биҷӯшонанд, сарро гармӣ оварад ва сардии онро бибарад.
Андомҳои нафаскашӣ: Ҷӯшонидаи он аз душвории нафаси росто суд бахшад ва аз ҳама беҳтар ҷӯшонидаи шукуфаи он бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо равғани зайтун биҷӯшонанд, меъдаро гарм кунад ва сардии онро бибарад.
Андомҳои ронанда: Қайсум хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро берун орад ва санги гурдаву обгаҳро хурд кунад.
Равғани гармкардаи он аз барои часпидагии раҳм ва аз душвории пешоб кардан нофеъ бошад.
Табҳо: Қайсумро агар бо равған биомезанд, аз табларза суд оварад.
Заҳрҳо: Агар онро бо шароб бидиҳанд, аз заҳрҳо нафъ кунад ва агар онро бар фарш паҳн кунанд, ҷунбандагони зиёнкорро биронад.
640. ҚОТИЛУ-З-ЗИЪБ – ГУРГКУШ
Aconitum lycoctonum L. seu A. napellus z.
Хосиятҳо: Қувваи он чун қувваи палангкуш аст, вале
ин махсуси гургон бошад.
641. ҚОТИЛУ-Л-КАЛБ – САГКУШ
Apocynum erectum Vell.
Андомҳои сар: Хуни бинӣ ба амал оварад.
Андомҳои нафаскашӣ: Хунпартоӣ падид орад.
Заҳрҳо: Сагонро зуд бикушад ва андар одамон хуни бинӣ ва хунпартоӣ ба амал оварад.
642. ҚАТАФ – САРМА, ИСФОНОХИ РУМӢ
Atriplex hortensis L.
Моҳият: Ин сарма аст1.
Табъ: То ба дараҷаи дуввум сард аст ва андар ҳамин дараҷа тар бувад.
Андомҳои ронанда: Андар тухми он барои худовандони сафро қувваи нармкунанда аст.
643. ҚУРРАТУ-Л-АЙН1 – ИНДОВИ ОБӢ
Sium latifolium L.
Моҳият: Ин индови обист ва онро «карафси обӣ» низ гӯянд. Он хушбӯй буда, андар обҳои истода бирӯяд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гармкунандаи ҳалкунанда аст.
Андомҳои ронанда: Хуни ҳайз ва пешобро биронад ва агар онро хом ва ё пухта бихӯранд, санги андар гурда бударо хурд созад. Карафси обӣ аз решҳои рӯдагон судманд аст.
644. ҚАРЪ – КАДУ
Cucurbita maxima Duch.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди тар аст.
Хосиятҳо: Пухтаи он андаке ғизо бидиҳад ва зуд фурӯ биравад. Агар пеш аз гуворида шудан фосид нагардад, аз он хилти бад падид наояд. Каду андар меъда ба сабаби омехта шудан бо хилти бад ва ё ба сабаби мисли дигар меваҳо дер боқӣ мондан табаҳ гардад. Хилте, ки аз он падид ояд, бемаза аст, вале бар он чизе ғолиб бошад, ки бо он биомезад. Агар бо биҳӣ биомезад, хилташ аз барои мардумони сафровимизоҷ сутуда бувад. [Омехтани он бо] ғӯраоб ва оби анор низ чунин аст, лекин зиёни он аз барои қулун дучанд бигардад. Яке аз хосиятҳои каду ин аст, ки аз он ғизои ҳамҷинс бо чизи ҳамроҳаш буда падид ояд. Яъне агар онро бо хардал бихӯранд, аз он (425) хилти тез, ё агар бо намак бихӯранд, аз он хилти шӯр ва ё агар бо чизи гиранда бихӯранд, аз он хилти гиранда падид оянд. Каду умуман худовандони савдо ва балғамро зиён дорад ва барои сафровиён хуб бувад. Парвардаи он андар қатори доруҳо намедарояд ва ҳеҷ гуна сардсозӣ ва гармиоварӣ аз худ нишон надиҳад, лекин онро гоҳе аз барои хушмазаӣ истеъмол кунанд.
Андомҳои сар: Фишурдаи он, хусусан бо равғани гул, дарди гарми гӯшро фурӯ нишонад. Каду омосҳои димоғӣ ва сарсомро суд бахшад ва аз барои дарди гулӯ судманд бошад.
Андомҳои нафаскашӣ: Писти каду аз сурфа ва дарди сина, ки ҳар ду аз гармӣ падид омада бошанд, нофеъ бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷӯшонидаи он аз фазлаҳои гарми андар меъда буда суд дошта, онҳоро билағжонад. Шаробе, ки онро андар тиҳигоҳи каду рехта ва синас истеъ мол кунанд, низ чунин бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо