Қонуни тиб

Агар лоданро бо шароб ва ё бо оби ангубин омехта, бар пайҳои решҳо тило кунанд, онҳоро хуб кунад. Агар онро бо шароб, мурр ва равғани мурд омезанд, мӯйро рехтан нагузорад, лекин [таъсираш] на ба андозаест, ки мисли «бемории рӯбоҳ»-ро шифо бахшад, аз баҳри он ки ҳалкунандагии он кам бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷӯшонидаи он бо шароб бисёр вақт аз решҳо суд бахшад. Чун бо он зимод кунанд, решҳои палидро хазидан нагузорад. Аз он аз барои оташсӯхта мумравған бисозанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз барои асаб зиён дорад.
Андомҳои сар: Агар фишурдаи онро бо равғани бехи савсани осмонгунӣ, ангубин ва натрун ба тариқи андар бинӣ рехтан ба кор баранд, сардардҳои дерравро ҳал кунад. Агар фишурдаи сараҳои навъи сиёҳи қистусро гирифта, андар пӯсти анор гарм кунанд ва андар он гӯше, ки бар хилофи ҷиҳати дандони дардкарда аст, бичаконанд, [суд бахшад]. Оби он аз барои пок кардани сар доруи андар бинӣ кашандаи хубе бувад. Вай сайлони деррави биниро беҳ кунад ва решҳои онро бихушконад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар бо тозаи он ва бо сирко испурчро зимод кунанд, суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Агар шукуфаи сафеди онро ба қадри андар се ангушт оянда бо шароб бидиҳанд, аз зусанториё нофеъ бошад ва инро бояд рӯзе ду бор биошомонанд. Агар аз қистуси тоза ва сараҳои он зимод кунанд, хуни ҳайзро битозонад ва агар ба миқдори як драхмии онро баъди аз ҳайз пок шудан бахур кунанд, обистан нагузорад. Агар шохаи онро аз сӯи сараш ба зер баргиранд, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро берун орад. Лоданро аз барои машима бахур кунанд ва онро биафтонад. Гули он табиатро бибандад.
Заҳрҳо: Агар бехи онро бо сирко ва шароб бидиҳанд, аз газидани ғунда судманд бошад.
631. ҚАЙҚАҲОН – ҚАЙҚАҲОН
Gummi Amyridis (Amyris kataf Forsk.) Моҳият: Ин самғи бадбӯест, ки аз кишвари арабҳо оваранд ва баъзеҳо гуфтаанд, ки он сандарус аст, вале ин ба исбот нарасидааст. Гоҳе онро бо мурр ва майъа дуд кунанд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар он андаке часпонандагист.
Оростагӣ: Осори решҳоро зуд пок кунад. Агар аз он ҳар рӯз се чаҳоряки дирам бо сикангубин ва ё об биошоманд, қувваи лоғаркунанда дошта, [лоғар бикунад].
Андомҳои сар: Андар бартараф кардани дарди дандонҳо ва афкандагии вораҳо ҳеҷ чиз бад-он баробар шудан натавонад.
Андомҳои чашм: Биноиро бизудояд.
Андомҳои нафаскашӣ: Қайқаҳон бо оби ангубин аз дамкӯтоҳӣ суд бахшад. Онро гӯштигирон ба кор баранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар се рӯз онро бо сикангубин биошоманд, испурчро сахт лоғар кунад.
Андомҳои ронанда: Бо оби ангубин хуни ҳайзро битозонад.
- ҚУТН1 – ПУНБА
Gossypium herbaceum z.
Моҳият: Пунба маъруф аст.
Хосиятҳо: Пунбадона гармкунандаи нармкунанда аст.
Андомҳои сина: Пунбадона аз барои сина сахт накӯст ва аз барои сурфа судманд аст.
Андомҳои ронанда: Пунбадона шикамро нарм кунад ва фишурдаи барги он аз барои исҳоли бачагон суд бахшад. - ҚУННАБ1 – КАНАБ
Cannabis sativa L.
Хосиятҳо: Тухми он бодҳоро биронад ва хушкӣ оварад. Вай ба душворӣ гуворида гардида, бадхилт ва гармиоварияш қавӣ бошад. Бирёни он камзиёнтар аст ва сикангубини шакарӣ зиёни онро бибарад.
Омосҳо ва табишҳо: Ҷӯшонидаи бехи даштии онро аз барои омосҳои гарм ва сурхбод зимод кунанд.
Андомҳои сар: Фишурда ва равғани он аз барои дарди гӯш судманданд. Бо фишурдаи барги он сарро бишӯянд, аз сабӯса суд бахшад. Тухми он ба сабаби сахт гармӣ овардан ва бухор кардан сардард оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Донаи он ба душворӣ гуворида гардад ва аз барои меъда бад бувад.
Андомҳои ронанда: Тухми онро2 агар бисёр ба кор баранд, маниро қатъ кунад. - ҚАТОД – ГАВАН, НАХӮТАК
Astragalus tragacantha L.
Моҳият: Оид ба самғи он андар боби «коф» сухан ронда шуд ва он касиро бувад1.
Табъ: Гаван сарди хушк аст.
635 ҚИЛО1 – ИШХОРИ УШНОН
Calium carbonicum (Salsola kali L.)
Табъ: Гарм, сӯзанда, зудоянда ва хӯранда буда, қавитар аз намак аст.
Оростагӣ: Аз баҳак судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз гар судманд буда, гӯшти зиёдатиро бихӯрад.
636. ҚИМУЛИЁ – ГИЛИ ҚИМУЛИЁ
Cimolit
Моҳият: Ин тахтаҳое бошад чун рухом сафед, тобишнок, хушбӯй ва андар таъм шабеҳ ба кофур. Гунае аз он (424) бе тобиш аст ва ҳамаи гунаҳои он зуд азҳамрезанда бошанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Қимулиё хусусан бо об ва сирко аз оташсӯхта судманд аст. Сӯхта ва шустаи он аз барои решҳои ба душворӣ фароҳамоянда суд дорад.
637. ҚОҚУЛЛО1 – ҚУЛЛОМ, ШӮРГИЁҲ
Salsola fruticosa L. seu Cakile maritima Scop.
Моҳият: Ин растаниест, ки ушнонро2 монад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Қоқулло дорои шӯрии омехта бо гирандагист, ҳама ҷузвҳояш яксон нестанд ва андаке дамишоваранда бувад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Бо қоқулло ва шир ва бо намаки он ғарғара кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо