Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро чун бар парюнҳо ва варами ҷароҳатҳо тило кунанд, онҳоро суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мумиёи яҳудӣ зимоди ниқрис аст ва аз барои қавин онро биошоманд ва тило кунанд.
Андомҳои сина: Мумиёи яҳудӣ аз сурфа ва аз решҳои шуш судманд аст, бар хунпартоӣ ёрӣ кунад, хунобаро аз сина берун орад ва аз омосҳои бодомакҳо ва аз хуноқ суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Аз сахтии раҳм суд дорад ва агар мумиёи яҳудиро ба зер баргиранд ва ё дуд кунанд, аз афтидагии раҳм ва дардҳои он нафъ кунад. (422) Агар бо он ва оби ҷав ҳуқнарезӣ кунанд, аз зусанториё судманд бошад.
625. ҚАЛИМИЁУ-З-ЗАҲАБ1 – ҚАЛИМИЁИ ЗАР
Cadmie Auri
Ихтиёр: Беҳтарин қалимиё қалимиёи зар, хӯшамонанд, хокистарранг ва тоза аст. Қалимиёи баргакӣ ситабртар бувад.
Табъ: Муътадил ва андар дараҷаи севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Қалимиёи зар ва шустаи он латифтар аз қалимиёи сим аст ва дорои хушкифизоию зудоиш бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳоро [гӯшт] пур кунад, чирки онҳоро пок кунад, гӯштҳои зиёдатии онҳоро бихӯрад ва решҳои палидро фароҳам оварад.
Андомҳои чашм: Аз сафедии чашм ва оғози фуруд омадани об судманд аст ва чашмро қавӣ созад.

  1. ҚАЛҚАТОР1 – ЗОГИ ЗАРД
    Ferri sulphas
    Моҳият: Ҷолинус гуфтааст, ки қалқадис гоҳе ба зоги зард бигардад.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Зоги зард сахт бисӯзонад, сайлонҳои хуниро қабз кунад ва хушкӣ биоварад. Сӯхтаи он бештар бихушконад ва камтар бигазад. Андар он ба изофаи гирандагии зиёд гармии бисёр аст.
    Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо оби кашниз тило кунанд, аз намла ва сурхбод судманд бошад. Онро бар [омосҳои] палид ва хазанда бипошанд. Он гӯшти зиёдатиро бисӯзонад ва хушкрешӣ падид оварад.
    Андомҳои сар: Аз хуни бинӣ ва аз омосҳои вораҳо судманд аст ва аз варами гирдогирди мулозаҳо суд бахшад.
    Андомҳои чашм: Зоги зард аз барои зудоиш ва тунук сохтани ситабрии пилкҳо андар таркиби доруҳои чашм бидарояд.
    Андомҳои ронанда: Хунравии раҳмро боз дорад.

  2. ҚАЛИМИЁУ-Л-ФИЗЗА – ҚАЛИМИЁИ СИМ
    Cadmie Argenti
    Моҳият: Қалимиёро гоҳе аз зару сим ва гоҳе аз мис ва аз «санги рӯшноӣ» бигиранд. Қалимиё шин ва ё дудаест, ки аз гудохта бархезад. Оне, ки ба зер нишинад, қалимиёи баргакист.
    Табъ: Ин ба қалимиёи зар наздик, вале сардтар аст.
    Хосиятҳо: Қалимиёи сим ва хусусан шустаи он бидуни сӯзиш ба иътидол хушкӣ оварад ва бизудояд. Он андар таркиби марҳамҳо созгортар бошад ва хушкифизоию зудояндагии он нисбат ба баданҳои муътадил аст, на нисбат ба баданҳое, ки гӯшти онҳо сахт бошад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Қалимиёи сим андар таркиби марҳамҳо ва ё ба шакли хока аз гар ва решҳои ба душворӣ [фароҳамоянда] ва тар судманд аст.

  3. ҚУНОБАРО – БАРҒАСТ
    Lepidium draba L.; Plumbago europaea l.
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарм аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Латиф, зудоянда ва буранда аст.
    Фулус гуфтааст, ки барғаст ва хусусан оне, ки бо намак пӯшида бошад, савдоро бизудояд.
    Оростагӣ: Барғаст кунҷида ва баҳакро бизудояд ва ба ҳақиқат чи хӯрдан ва чи зимод кардани он судмандтарин даво аз барои вазаҳ буда, онро ба рӯзгори андак нест кунад. Ин яке аз он чизҳоест, ки миёни арабҳо маъруф бошад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бо барги он зимод бикунанд, аз решҳои палиди пистонҳо суд бахшад.
    Андомҳои сар: Агар оби бехи онро андар бинӣ бикашанд, аз рутубатҳои ситабри мағз нофеъ бошад.
    Андомҳои нафаскашӣ: Суддаҳои шушро бикушояд ва онро пок кунад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигар ва испурчро бикушояд.
    Андомҳои ронанда: Оби он табиатро бикушояд ва он зимоди бавосир бошад. Барғаст печиши ноф бибарад, сахтии раҳмро ҳал кунад ва кимусҳои ситабрро берун орад.
    Заҳрҳо: Барғаст зимоди ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор бувад.

  4. ҚАЛҚАНД1 –ЗОГИ САБЗ
    Cupri sulphas
    Табъ: То ба дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Хушккунанда, сахткунанда ва зичкунандаи тан бувад ва хӯранда буда, дорои қабз кардану сӯхтан аст.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз носурҳои бинӣ судманд аст.
    Андомҳои сар: Қалқанд хуни биниро нигоҳ дорад ва агар онро андар об ҳал карда, як қатра андар бинӣ бичаконанд, сарро пок кунад. Он аз ҷумлаи доруҳоест, ки гӯшҳоро пок кунанд ва аз дардҳои сарди онҳо судманд бошанд. Вай кирмҳои андар гӯш падидояндаро бикушад.
    Андомҳои ронанда: Як драхмӣ аз онро аз барои кирмҳо ва кирми кадудона бидиҳанд.
    Заҳрҳо: Зиёни саморуғи футрро бигардонад.

  5. ҚИСТУС1 – ҚИСТУС
    Cistus ladaniferus L. et C. villosus L.
    Моҳият: Ин се синф аст: сиёҳ, сафед ва сурх. Ҳамаи онҳо тези гирандаанд. Аз як намуди он чизе барояд, ки онро «лодан» гӯянд. Қистус аслан лодан ва ё ғайри он аст, зеро ҳолатҳои ҳар ду ба ҳам наздикӣ доранд.
    Табъ: Табиати он моил ба гармист ва гоҳе андар бархе аз ҷинсҳои он сардӣ бошад. Худи лодан (423) андар охири дараҷаи дуввум гарм аст.
    Хосиятҳо: Асабро зиён дорад ва гиранда аст. Хосияти баргу шукуфаи он бастани табиат аст. Аммо аз ҷумлаи синфҳои он [қистуси] ба лодан маъруф гармкунанда ва кушояндаи даҳонаҳои рагҳо ва нармкунанда аст.
    Оростагӣ: Чакидаи он шупушҳоро бикушад ва мӯй ро бирезонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ