Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табҳо: Қуст ба тариқи андудан бо равғани зайтун аз табларза судманд аст.
Заҳрҳо: Агар онро бо шароб ва афсинтин бидиҳанд, ҳамаи газидагиҳои чи афъӣ ва чи ғайри онро нафъ кунад.
Ҷойнишинҳо: Ними вазни он аз оқирқарҳо ҷои онро бигирад.
620. ҚАРУҚУМАҒМО1 – ДУРДИ РАВҒАНИ
ЗАЪФАРОН
Crocomagma
Моҳият: Гӯянд, ки ин дурди равғани заъфарон аст.
Ихтиёр: Беҳтаринаш онест, ки хушбӯи гаронсанг ва сиёҳ буда, андар он чӯбҳо набошанд, чун онро андар об бигудозанд, ранги заъфаронӣ барорад ва агар бихоянд, дандонҳоро ба таври сахт рангин кунад, ки наравад.
Хосиятҳо: Гармкунандаи пазонанда аст.
Андомҳои чашм: Қувваи он чашмро бизудояд ва торикии онро бибарад.
Андомҳои ронанда: Пешобро биронад.
621. (421) ҚИҚИНУН1 – РАВҒАНИ БЕДАНҶИР
Oleum Ricini
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин равғани беданҷир2 аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз барои гар ва решҳое суд дорад, ки андар сар падид оянд.
Андомҳои ронанда: Он ҳатто ба тариқи тило кардан аз барои часпидани даҳони раҳм ва аз барои омосҳои гарми мақъад созгор аст. Агар онро биошоманд, шикам орад ва кирмҳои андар шикам бударо берун оварад. Ин сахт накӯст.
622. ҚИННА – БОРЗАД
Gummi Ferulae (Ferula galbaniflua Boiss.) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин самғи растаниест, ки шаклан хиёри дарозро монад, андар кишвари Суриё, яъне Шом, бирӯяд ва бархе аз мардум онро «метубиюн»1 хонанд. Гоҳе онро бо ротинаҷ, орди нахӯд ва боқилӣ мағшуш созанд. Борзад умуман ду гуна аст: як гуна кафкии сабуксанги бештар сафед ва дигар касифтару гаронтар».
Ихтиёр: Беҳтарини ин ду синф касифтари онҳост, ки шабеҳ ба кундур буда, бо даст хурд карда шавад, андар он чӯбпораҳои чандон зиёд набошад ва андаке аз тухми растании он ёфт шавад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум хушккунанда бувад.
Хосиятҳо: Қувваи он нармкунандаи ҳалкунанда буда, бодҳоро биронад. Ин аз ҷумлаи чизҳоест, ки гӯштро фосид кунад. Вай дорои [хосиятҳои] гармкунӣ, варамкунонӣ ва кашидану ҳал кардан аст.
Оростагӣ: Борзад [озахҳои] наскмонандро биканад.
Омосҳо: Ханозирро судманд бошад.
Решҳо: Онро бо сирко бар решҳои ширӣ тило кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз мондагӣ, аз кузоз ва аз ташаннуҷи мушакҳо суд бахшад.
Андомҳои сар: Аз сардард ва аз саръ судманд аст ва

агар каси ба саръ гирифтор онро бибӯяд, ба ҳуш ояд.
Борзад аз садар нофеъ аст. Аз дарди дандонҳои курсӣ ва дандонҳои кирмхӯрда ҳолан суд бахшад. Дардҳои сарди гӯшро судманд буда, омосҳо ва дардҳои онро бидуни сӯзиш ҳал кунад. Ин ҳангоме чунин бошад, ки агар борзадро андар равғани савсан бигудозанд, нимгарм кунанд ва [андар гӯш] бичаконанд.
Андомҳои сина: Аз дамкӯтоҳӣ ва сурфаи деррав нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Агар онро ба зер баргиранд, хуни ҳайзро ба таври қавӣ битозонад, ҷанинҳоро берун орад ва биафтонад. Ба тариқи ошомидан бо шароб аз ихтиноқи раҳм суд бахшад ва ба сахтӣ омадани пешобро бартараф кунад.
Заҳрҳо: Инро агар бо шароб бидиҳанд, тарёки заҳрҳое бувад, ки бо онҳо тирҳоро об диҳанд. Низ аз заҳрҳои морҳову каждумҳо [судманд аст]. Дуди он ҷунбандагони зиёнкорро биронад ва агар танро бо он пок кунанд, [ҷунбандагони зиёнкор] ба чунин тан наздик наоянд. Агар онро бо сафандулиюн ва равғани зайтун бар хеш бимоланд, ҳар ҷондоре, ки бад-он наздик ояд, бимирад. Борзад бо ҳар гуна заҳр бикӯшад, вале камтар аз кӯшидани сакбина бувад.
Ҷойнишинҳо: Ҷойнишини он сакбина аст.
623. ҚАНБИЛ1 – ҚАНБИЛ
Kamala
Моҳият: Ин тухмҳои регмонандест, ки рӯяшон сурх, вале камтар аз сурхии варс бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки он дорои гирандагии қавист.
Андомҳои ронанда: Қанбил, чунонки гуфтаанд, ба тариқи ошомидан ва тило кардан кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва онҳоро берун кунад.
624. ҚАФРУ-Л-ЯҲУД – МУМИЁИ ЯҲУДӢ,
ҚИРИ ЯҲУДӢ
Mumiya, judenleim
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Мумиёи яҳудӣ гоҳе андар кишвари Финиқиё1 андар шаҳри Сидун2 ва шаҳри Зоқинф3 ва гоҳе андар кишвари Сиқилия ёфт шавад. Гунае аз он аз бархе кӯҳҳо ҷӯш зада, берун ояд. Гунаи [дигаре] аз он бар сари обҳои чашма бигардад ва мардум онро ба ҷои равғани чароғ ба кор баранд. Аммо мумиёи сиёҳи чиркин бад аст, зеро он бо зифте мағшуш аст, ки бо он омехта бошад. Агар онро бихоянд, аз он таъми қир ояд, лекин судашаванда бувад. Ин [навъ] аз пораҳои сиёҳи сабук иборат аст».
Ихтиёр: Хуби он арғавонии дурахшон буда, қавӣ ва гаронсанг аст. Аммо сиёҳу чиркини он бад аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Қувваи он ба қувваи зифт наздикӣ дошта, андомҳоро қавӣ гардонад ва агар онро биошоманд, хуни андар шикам сахт шударо бигудозад.
Оростагӣ: Мумиёи яҳудӣ ба тариқи андудан сафедии нохунҳоро судманд бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Ханозирро бипазонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ