Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои ронанда: Аз қулинҷ судманд аст ва агар онро бо анҷир ва ё ангубин биомезанд, балғами сӯхтаро ба исҳол оварад. Он боҳро суд бахшад. Равғани қуртуми бӯстонӣ табиат бикушояд. Гоҳе бо он бад-ин гуна шикам оранд, ки мағзи донаи онро андар шӯрбо биафкананд ва ё аз он, бодом ва ангубин ҳабб бисозанд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри чаҳор драхмист. Агар аз мағзи он, аз қуст ва аз бодоми талх се убулус ва аз анисун ва натрун ҳар кадоме як драхмӣ [гирифта], бо анҷири хушк ва ангубин [биомезанд] ва аз он ба қадри як ва ё ду ҷавза ба кор баранд, бахши обиро ба исҳол берун оварад. Гоҳе аз барои ин ғараз аз он шакарина бисозанд ва он бад-ин сифат бошад: онро бо бодоми муқашшар, анисун ва ангубини пухта биомезанд ва шакарина бисозанд. Сипас онро баҳрабаҳра пеш аз том истеъмол кунанд. Гоҳе бист дирамсанг аз мағзи тозаи андар як ратл оби гарм таркардаи онро бо бист дирамсанг понизи сафед ба шакли суда биошоманд, балғамро ба исҳол оварад.
Заҳрҳо: Барги қуртуми даштӣ, ё самари он ва ё ҳар дуро якҷоя агар бо шароб бидиҳанд, аз каждумгазида судманд бошад. Баъзе касон чунин даъво кардаанд, ки агар шахси мор ва ё каждумгазида қуртуми даштӣ ва ё тухми онро андар даҳон бидорад, дардро ҳис накунад ва чун онро аз худ дур кунад, дард боз ояд.
618. ҚАТРОН1 – ҚАТРОН kedrio Resina Pini Моҳият: Ин фишурдаи дарахтест, ки «шарбин»2 ном дорад ва қувваи дудааш чун қувваи дудаи зифт бошад.
Аз он равғане барояд, ки онро чун ҷудо кардани [равғани] зифт бо пашм ҷудо кунанд.
Табъ: Андар дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Колбади мурдаро нигоҳ дорад ва сурхкунандаву доғниҳанда бувад.
Оростагӣ: Аз шупуш ва ришк судманд буда, онҳоро ҳатто андар чаҳорпоён ҳам бикушад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гӯшти ковокро қавӣ гардонад ва аз гар, ҳатто аз гари ҳайвон, нафъ кунад. Хусусан равғани он (420) аз барои чаҳорпоён, сагҳо ва шутурон суд дорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз даридагии мушакҳо ва ҷамъ шудани хуну рим андар онҳо судманд аст ва он ба тариқи лесидан ва андудан доруи поғура ва даволист.
Андомҳои сар: Қатрон аз тариқи тило кардан бар сар бузургтарин дору аз барои ором кардани дарди сарди сар бувад. Онро чун андар гӯш бичаконанд, кирмҳои гӯшро бикушад. Онро андар оби зуфо гирифта, аз барои садо додану бонг задани гӯш андар он бичаконанд. Низ бо оби зуфо андар дандони дарднок бичаконанд, дарди онро ором кунад ва дандонҳои кирмхӯрдаро суд бахшад.
Андомҳои чашм: Биноиро тез кунад ва пайҳои решҳои чашмро бибарад.
Андомҳои сина: Қатронро аз барои бодомакҳо ва дарди онҳо бар гулӯ тило кунанд. Лесидани якуним уқияи он аз барои решҳои шуш фоида дошта, онҳоро беҳ кунад ва аз сурфаи куҳан суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Самари дарахти он аз барои меъда бад аст.

Андомҳои ронанда: Қатрон кирмҳои андар рӯда бударо бикушад ва хусусан агар бо он ҳуқнарезӣ кунанд, ҳамаи кирмҳоро нобуд кунад. Вай хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро бикушад ва маниро табаҳ кунад. Агар онро пеш аз ҷимоъ бар закар биолоянд, обистан нагузорад. Агар онро ҳуқнарезӣ кунанд, ҷанинро берун кашад ва қатра-қатра омадани пешобро суд бахшад. [Самари дарахти он, ки «шарбин» ном дорад, аз барои меъда бад аст, вале аз қатра-қатра омадани пешоб судманд бошад]3.
Заҳрҳо: Онро бо тило бар ҷои газидаи мори шохдор зимод кунанд, шифо бахшад. Онро бо тило ҳангоми ошомидани [заҳри] харгӯши дарёӣ [ба бемор] бидиҳанд. Қатронро андар пиҳи гавазн гудохта, бо он чун андомҳоро пок кунанд, ҷунбандагони зиёнкор наздик наоянд.
619. ҚУСТ – ҚУСТ
Costus speciosus Sm.; Saussurea lappa Clarke, Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки қуст се синф аст.
Яке аз онҳо қусти арабист, ки он сафед, сабук, хушбӯй ва моил ба зардист. Дуввум қусти ҳиндист, ки он сиёҳи сабук ва мисли хиёри дароз аст. Севвум қустест, ки аз кишвари Суриё оваранд. Он марговар буда, рангаш мисли ранги чӯбест, ки [онро «қаранфулӣ»]1 номанд ва бӯяш тез бувад. Аз инҳо пасттар синфест, ки бӯи он бӯи сабрро монад ва рангаш ба сиёҳӣ бизанад. Аз миёни ин синфҳо қусти шомӣ шабеҳи мех аст ва бӯяш тез бувад. Гоҳе қусти хубро бо бехҳои сахти росан мағшуш созанд. Шинохтани ин осон аст, зеро росан забонзананда нест ва бӯяш на қавист ва на тез. Аз миёни ин намудҳо як навъ қусти дигарест, ки талхтаъм буда, чунин пиндоранд, ки он қусти ҳиндист.
Ихтиёр: Беҳтарини он қусти арабии сафед, нав, пурра ва ғайри кирмхӯрдаи бебӯй буда, забонро бисӯзонад ва бигазад. Баъди он қусти ҳиндӣ, ки он сиёҳи сабук аст ва қусти сиёҳи шомӣ биистанд. Беҳтарини [шомӣ] навъи дарёии тунукпӯсти он бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм аст ва андар дуввум хушк.
Хосиятҳо: Кайфияти он ниҳоят талхи тез аст ва тезии он ба ҳаддест, ки реш кунад. Қуст ҳар андомеро, ки ниёзманди гарм шудан ва аз умқ кашидани хилти хеш аст, судманд бошад.
Оростагӣ: Агар онро бо об ва ангубин бимоланд, кунҷидаро аз пӯст бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Қуст решкунанда аст ва навъи талхи он решҳои тарро хушк кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Қуст аз истирхои асаб ва даридагии мушакҳо судманд аст. Зимод кардани он аз қавин накӯст.
Андомҳои сар: Лисарғусро суд бахшад.
Андомҳои сина: Аз дардҳои сина судманд аст.
Андомҳои ронанда: Ошомидан ва бо кулоҳак бахур кардани он хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро бикушад, пешобро битозонад, кирми кадудона ва кирмҳоро берун орад ва боҳро қавӣ созад. Он доруи ба зер баргирифтании дарди заҳдон аст. Ошомидан ва андар оби ҷӯшонидаи он нишастан дарди сарди раҳмро суд бахшад. Агар онро бо шароб биошоманд, табиатро биҷунбонад. Вай ба сабаби рутубати зиёдатии бодангези хеш боҳро қувват бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ