Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Онро бо ангубин ва тухми карафс аз барои дардҳои раҳм биошоманд.
615. ҚАНТУРИЮН1 – ҚАНТУРИЮН
Erythraea centaurium Pers. et Centaurea centaurium L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум гӯянд, ки ин додии румист ва ба арабӣ «луфои хурд»2 ном дорад. Бархе аз мардум онро «лимнисун»3 номанд ва ин исм барои он аз [калимаи] «лимнӣ»4, яъне «оби истода», иштиқоқ шудааст, зеро он ба наздики обҳои [истода] ва ботлоқҳо бирӯяд. Он ба марви даштӣ ва пудинаи кӯҳӣ монанд аст5. Он дорои соқи беш аз як ваҷаб дароз ва гули сурхи моил ба арғавонӣ буда, шабеҳ ба гули растаниест, ки онро «лихнис»6 хонанд. Дорои баргҳои хурди дарозрӯяи шабеҳ ба барги судоб, самари шабеҳ ба гандум ва бехи хурдест, ки аз он суде набошад.
Мазаи ин растанӣ сахт талх аст. Фишурдаи ии растаниро, ки ба ҳоли самарнокӣ расида бошад, баъд аз панҷ рӯз тар кардан бигиранд7, андар деге кунанд ва бар он об рехта, туфолаашро баъди андар дег полидан берун андозанд. Обро [бори дигар] равшан карда, онро бо оташи нарм то баста шудан ва ба қивоми ангубин расидан биҷӯшонанд. Бархе аз мардум ин растаниро ба ҳоли тозагию сабзӣ ва бо тухмаш гирифта, бикӯбанд, фишурдаи онро бигиранд, андар ҷогаҳи сафолин кунанд, андар офтоб ниҳода, бо чӯби поке то омехта шудани он бо об ва бар сараш падид омадани чизе шабеҳи хошок онро омезиш диҳанд. Шаб онро аз намию шабнам [нек] паноҳ8 бидоранд, зеро шабнам фишурдаҳоро ва рутубатҳоро аз сахт шудан ва ё баста гардидан боз дорад. Аммо он бехҳову гиёҳҳое, ки хушканд, фишурдаи онҳоро аз тариқи ҷӯшонидане ҳосил кунанд, ки андар баёни ҷӯшонидани ҷентиёно ёд кардем ва он беху қишрҳое, ки таранд ва низ гиёҳи тари [онро], чунонки ёд кардем, фишурда, [шираашонро бигиранд] ва андар офтоб гузошта, омезиш диҳанд9.
Хулоса, қантуриюн ду навъ аст: як навъ хурд ва як навъ бузург. Ҳар ду андар охири баҳор бирӯянд. Он гоҳе андар кишвари Форс ва андар кишвари Рум ёфт шавад. Қантуриюн гиёҳи дорои баргҳост».
Ихтиёр: Беҳтарини он борики хурд ва моил ба зардӣ буда, забонро бигазад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Қантуриюн дорои зудоиш, гирандагӣ, сӯзондан ва каме ширинӣ буда, бидуни сӯзиш овардан хушккунанда аст. Гуфтаанд, ки агар онро бо гӯшти пора-пора карда биҷӯшонанд, онро ба ҳам ҷамъ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳои тозаро пок кунад ва решҳои куҳанро бибандад. Хушки он андар таркиби марҳамҳо бидарояд ва носурҳо, решҳои куҳани амиқ ва ҷароҳатҳои бадро фароҳам оварад. Гоҳе носурро бо қантуриюн оганда, бибанданд, онро ба ислоҳ оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Қантуриюн аз даридагии мушакҳо ва рим кардани онҳо судманд аст. Хусусан ҳуқнае, ки аз қантуриюни борик сохта бошанд, аз қавин, аз дардҳои асаб ва кӯфтхӯрдагии он суд бахшад, балки қантуриюни борик аз барои ҳамаи ин [иллатҳо] беш (419) аз ҳама суд дорад ва агар андаке аз хунро исҳол оварад,

судмандияш тамомият хоҳад ёфт. Гоҳе чун бо хокистари он ва об аз барои ин [ғараз] ҳуқнарезӣ кунанд, суд бигиранд.
Андомҳои чашм: Фишурдаи қантуриюни борик бо ангубин аз барои сафедие судманд аст, ки бар асари фароҳам омадани реши чашм падид омада бошад.
Андомҳои сина: Қантуриюн ба сабаби қабз кардани хеш хунпартоиро манъ кунад ва ситабру борики он аз душвории нафас судманд аст. Ду дирамсанги онро андар шароб карда, аз барои барсоми сард ва хунпартоӣ бидиҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз суддаҳои ҷигар ва сахтии испурч суд дорад.
Андомҳои ронанда: Қантуриюн хуни ҳайзро битозонад, ҷанинро берун орад, кирмҳоро бикушад ва пешобро битозонад. Ду дирамсанги онро аз барои печиши ноф ва дардҳои раҳм бидиҳанд. Вай аз қулинҷ судманд аст.
Гоҳе ҷӯшонидаи қантуриюни хурд сафрои хомро бо балғам ба исҳол оварад ва онро [ба бемор] бидиҳанд. Ба ифрот ба кор бурдани қантуриюн ва хусусан борики он исҳоли хунӣ оварад.
Табҳо: Аз барои табҳо судманд аст. Як ошомидании он аз барои беморони таб ду дирамсанг бувад.
616. ҚАСБ1 – ХУРМОИ ҚАСБ
Fructus Phoenicis (Phoenix dactylifera L.) Моҳият: Хурмои «адқол» ба наздики мардумони Ҳиҷоз қасб аст, вале мардумони Наҷд онро «арқ» ва «ярсум»2 хонанд.
Табъ: Ба таври муътадил гарми хушк аст ва гуфтаанд, ки андар дараҷаи дуввум гарм бувад.
Хосиятҳо: Дорои гирандагист.
Андомҳои ронанда: Табиат бибандад.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро нерӯманд бигардонад.
617. ҚУРТУМ1 – КОҶИРА
Carthamus tinctorius L.
Моҳият: Қуртум ду навъ аст: бӯстонӣ ва даштӣ. Бархе аз мардум даштиро «атрақтулис»2 хонанд. Он хорест шабеҳ ба қуртуми бӯстонӣ, вале баргҳояш хеле дарозтар аз барги қуртуми бӯстонӣ буда, андар охири соқ бирӯянд ва боқии соқ бараҳна бувад. Он дорои гули зард ва бехи борикест, ки аз он суде набаранд. Агар барг ва ё самари онро совида, [ба кор баранд], судманд бошад.
Табъ: Қуртуми даштӣ андар дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум хушк аст. Гунаи маъруфи он андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Равғани он ба равғани газна қаробат дорад, вале камқувваттар аз он бувад. Қуртум аз ҷумлаи чизҳоест, ки ширро панир гардонида, бахши обии онро ҷудо созад. Масеҳ ба таъкид гуфтааст, ки он шири бастаро ҳал кунад ва шири равонро бибандад. Ғизои он ниҳоят кам аст. Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки агар аз ин ду навъ қуртуми даштиро шахси моргазида [андар даҳон] бидорад, то вақти [андар даҳон] доштани он дардро ҳис накунад ва чун раҳо кунад, дард боз ояд.
Андомҳои сина: Синаро пок ва овозро равшан кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда бад буда, ширро андар меъда панир бигардонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ