Қонуни тиб

- ҚИРФАТУ-Т-ТИБ – ҚИРФАИ ХУШБӮЙ
Dicypellium caryophyliatum Nees.
Моҳият: Ин пӯстлохи [дарахти] мехак буда, қишрҳои ситабр ва андар ранг ба пӯстлох монанд аст, мазаи мехакро дорад, вале андар феълҳо нотавонтар аз он бувад.
Табъ: Ин андар дараҷаи севвум гарми хушк аст. - ҚИРФАТУ-Д-ДОРСИНӢ – ПӮСТЛОХИ
ДОРЧИНӢ
Cortex Cinnamomi (Cinnamomum zeylanicum Nees.)
Моҳият: Гоҳе гуфтаанд, ки ин аз дорчинист ва гоҳе гуфтаанд, ки [чунин нест], балки ҷинси дигарест. Ин чун дорчинӣ сахт аст. Гунае аз он сахт нест, гунае аз он рахрах аст, гунае сафед аст ва гунае зуд аз ҳам резанда буда, аз дорчинӣ камқувваттар аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст. - ҚАРДАМОНО – ҚАРДАМОНО
Lagoecia cuminoides L.
Моҳият: Як растаниест, ки ба Арманистон ва кишваре бирӯяд, ки онро «Қуммоғино»1 гӯянд ва низ гоҳе андар кишвари Ҳинд ва кишвари Араб ёфт шавад. Қардамоноро аз он растанӣ бигиранд. Гоҳе андар ғайри ин кишварҳо низ мавҷуд бошад.
Ихтиёр: Беҳтарин қардамоно онест, ки аз кишвари Ҳинд ва Арманистон оваранд ва онест, ки ба сахтӣ шиканад, пурра ва ҷомеъ бошад. Оне, ки бар хилофи ин [сифатҳост], нописандида ва накӯҳида бувад. Қардамоное, ки тезбӯй ва таъмаш тези андаке талх аст, низ ҳамчунин бошад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Қувваи қардамоно гармкунанда ва сурхгардонанда буда, [низ] қувваи гудозанда дорад. Хосияти он қавӣ гардондани андомҳои андарунист.
Решҳо: Қардамоноро агар бо сирко тило кунанд, аз гар ва парюн судманд бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз бемориҳои асаб, аз дарди сурине, ки аз балғам бошад ва аз фалаҷу кӯфтхӯрдагии мушакҳо судманд аст.
Андомҳои сар: Онро андар об афканда, биошоманд, аз саръ суд бахшад.
Андомҳои сина: Синаро пок кунад ва сурфаро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Аз печиши ноф, аз кирмҳо ва кирми кадудона судманд аст. Бо шароб аз барои дарди гурда ва ба сахтӣ омадани пешоб [суд дорад] ва як драхмӣ аз онро бо пӯстлохи бехи даҳмаст аз барои санг биошоманд. Дуди он ҷанинро бикушад.
Заҳрҳо: Аз газидагии каждум ва дигар газидагиҳо судманд аст.
Ҷойнишинҳо: Испанд ва ё гӯргиёҳ ҷои онро бигирад. - ҚАСАБ – НАЙ
Phragmites communis Trin.
Моҳият: Найро гунаҳои бисёр аст. Гунае аз он дарунпур аст ва ин ҳамонест, ки аз он тирҳо созанд. Гунае мода аст ва ин ҳамонест, ки аз он забончаи найҳо бисозанд.
Гунае аз он ситабрҷирми сергиреҳ аст, ки аз барои на
биштан созгор аст. Гунае аз он ситабри дарунтиҳист, ки бар канори рӯдҳо бирӯяд. Гунае аз он наи шӯразорист, ки каме борик ва сафед буда, бештари мардумон бехи онро шиносанд. Гунае аз он ба ғоят борики дарунтиҳӣ буда, аз он бурё бофанд. Гунае аз он сахт ситабр, дарози ба сахтӣ шикананда буда, онро аз Ҳинд оваранд ва аз он найза созанд.
Табъ: Най ниҳоят хушкиовар аст ва хокистари он гарм аст.
Хосиятҳо: Бехи он дорои андаке зудоиши бе тезист ва баргаш низ чунин бошад. Он ба тариқи зимод пайкон, хор ва шикастапораҳои наю тирро аз умқи гӯшт берун кашад.
Оростагӣ: Қишрҳои най ва бехи он аз «бемории рӯбоҳ» судманд аст. Қишрҳо ва бехи он чиркҳоро бизудояд ва бехи он бо пиёзи даштӣ1 пайконро бикашад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги тари онро чун бар оташак ва омосҳои гарм ниҳанд, суд кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Най [дарди] тофтагии асабро ором кунад.
Андомҳои сар: Гули най агар андар гӯш биафтад, (418) карӣ оварад ва андар он часпида, берун наояд. Наи сӯхта аз барои саъфа ва парюни сар судманд аст.
Андомҳои ронанда: Най пешоб ва хуни ҳайзро битозонад.
Заҳрҳо: Най аз каждумгазида судманд аст.
614. ҚАСАБУ-З-ЗАРИРА – НАИ БӮЁ
Calamus aromaticus; Acorus calamus L.
Моҳият: Наи бӯё андар кишвари Ҳинд бирӯяд.
Ихтиёр: Беҳтарини он ёқутиранги гиреҳҳояш ба ҳам наздик бошад. Агар онро бишкананд, ба пораҳои зиёде бишканад ва мисли найчаест, ки андаруни он бо чизи моил ба сафедӣ ва чун ошёни тортанак пур аст. Ба ҳангоми хоидан часпакӣ зоҳир кунад ва андар он гирандагӣ ва андаке тезӣ бувад. Судаи он хушбӯй буда, ба зардию сафедӣ бигарояд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Наи бӯё латифӣ оварад ва ба изофаи тезӣ андаке гиранда аст. Андар гавҳари он [бахши] хокӣ ва обӣ буда, онҳо хуб омехта ва моил ба мӯътадилиянд.
Хушкифизоии он бештар аст ва мисли дигар хушбӯиҳо дорои гавҳари латиф аст.
Оростагӣ: Аз кабудии хуни мурда судманд аст.
Омосҳо: Омосҳоро ҳал кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз даридагии мушакҳо суд бахшад.
Андомҳои чашм: Биноиро зудоиш диҳад.
Андомҳои сина: Онро агар танҳо ва ё бо сақизи хинҷак аз тариқи кулоҳак барои гулӯ бахур кунанд, аз сурфа суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бо ангубин ва тухми карафс аз омоси ҷигар ва меъда судманд аст ва аз барои ҳабан [низ] суд дорад.
Андомҳои ронанда: [Пешобу хуни ҳайзро битозонад]2 ва бо тухми карафс аз барои гурдаҳо ва қатра-қатра омадани пешоб нофеъ аст. Агар оби ҷӯшонидаи онро биошоманд, ва [ё] андар он бинишинанд, аз дарди раҳм суд бахшад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо