Қонуни тиб

Вай иштиҳои бекораву табаҳро бартараф кунад. Сабр сӯзиш ва афрӯхтагии аз гармии сафрои меъда андар забонча падидомадаро ислоҳ кунад. Гоҳе даҳ ҳабба аз онро, ки бо доруҳои ислоҳкунанда омехта бошанд, субҳу шом бихӯранд, шикам орад ва таомро фосид накунад. Бисёр бошад, ки сабр аз дардҳои меъда андар як рӯз суд бахшад. Он суддаҳои ҷигарро бикушояд, лекин ҷигарро зиён дорад. Сабр бо исҳол овардани хеш ярақонро бибарад.
Андомҳои ронанда: Якуним драхмӣ аз он бо оби гарм шикам орад ва се драхмии он ба таври пурра пок кунад.
Ҳадди муътадил ду драхмӣ бо оби ангубин аст, ки ин балғам ва сафроро ба исҳол оварад. Сабр агар бо доруи шикаморанда якҷоя биафтад, зиёни онро аз барои меъда бартараф кунад ва он аз барои меъда созгортарин шикаморанда бувад. Шусташудаи сабр камтар шикам орад, лекин барои меъда бештар суд дорад. Омехтани он бо ангубин қувваташро ба андозае коҳиш диҳад, ки қариб исҳоли кашишнок наоварад, балки он чизеро берун кунад, ки бо он дучор омада бошад, вале қувваи сабри холис ҳам андар меъда3 чандон дур нуфуз накунад, балки таъсири он аз ҷигар таҷовуз нахоҳад кард. Агар сабри арабиро биошоманд, тоса, печиши ноф ва исҳол оварад ва таъсираш андар пардаҳои меъда то як-ду рӯз боқӣ бимонад. Ошомидани сабр ҳангоми сармо хатарнок аст ва бошад, ки чӣ гуна сабре набошад, исҳоли хунӣ оварад.
Гоҳе онро бо шароби ширин бар бавосири баромада ва кафидагиҳои мақъад биниҳанд, хуни аз онҳо равандаро боз дорад. Сабрро агар бо шароб ва ангубин тило кунанд, омосҳои шарми пас ва закарро шифо бахшад.
Заҳрҳо: Агар сабрро ба рӯзгори сармо биошоманд, бими исҳоли хунӣ овардан дорад.
Ҷойнишинҳо: Ду чанди он аз ҳузаз ҷои онро бигирад.
- СУФ – ПАШМ
Lana
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пашми сӯхта аз барои решҳо ва гӯшти зиёдатӣ судманд аст. - САФРОҒУН1 – ДУМҶУНБОНАК
Troglodytes troglodytes
Моҳият: Ин парандаест, ки ин ном варо ба фарангӣ бошад.
Андомҳои ронанда2: Гуфтаанд, ки агар андомҳои андарунии онро андак-андак биошоманд, сангро хурд бикунад. - САДАЪУ-Л-ҲАДИД – ЗАНГИ ОҲАН
Ferri oxydum
Хосиятҳо: Андар он сардифизоӣ ва гирандагист.
Андомҳои ронанда: Занги оҳан аз хунравии занон судманд аст. - СУРСУР – ЧИРЧИРАК
Grillotalpa grillotalpa [Моҳият]: Ин ҷудҷуд аст.
Андомҳои сар: Агар онро андар равғани зайтун биҷӯшонанд ва ё андар он тар карда, сипас биҷӯшонанд ва андар гӯш бичаконанд, дард ва дилзании онро бибарад. - САФСОФ1 – БЕД
Salix L.
Моҳият: Ин хилоф (бед) аст ва мо гуфторро оид ба он ба таъхир гузошта, андар [фасли] ҳарфи «хо» баён хоҳем кард2.
Ин буд поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «сод» ва маҷмӯи он доруҳое, ки ёд кардем, ба ёздаҳ адад бирасад.
Фасли нуздаҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «қоф» /ق/
-
ҚАРАНФУЛ – МЕХАК
Eugenia caryophyllata Thunb.
Моҳият: Як растаниест андар марзи Чин, ки қаранфул самари он бувад. Ин чун ёсамин, вале сиёҳ бошад.
Нари он чун донаи зайтун, вале дарозтару бештар сиёҳ аст. Сақизи он андар қувват чун сақизи хинҷак бувад.
(417) Ихтиёр: Беҳтарин мехак онест, ки донамонанди хушк, ширин ва тезбӯй бошад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Оростагӣ: Бӯи даҳонро хуш кунад.
Андомҳои чашм: Ба тариқи хӯрдан ва ё ба чашм кашидан бинишро тез кунад ва аз пардаи [чашм] суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Мехак меъдаву ҷигарро қавӣ гардонад ва аз қай ва маниши гаштан суд бахшад. -
ҚОҚУЛА – ҚОҚУЛА
Amomum melegueta Rosc.; Elettaria cardamomum Wh. white et matton
Моҳият: Навъе аз он бузург ва навъе хурд аст. Қоқулаи бузург мисли гавзи хурд ва сиёҳ буда, бо совидан аз он донаи сафеде берун ояд, ки мисли кабоба забонро бизанад ва дорои хушбӯӣ бувад. Қоқулаи хурд шаклан мисли қаранфул буда, ин низ хушбӯй аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Қоқула ва хусусан оне, ки дорои кулоҳак аст ва алалхусус худи ин кулоҳакҳо ба изофаи гармӣ овардан гиранда буванд.
Андомҳои ғизокашӣ: Қоқула бо оби мастако ва оби ҳар ду [навъи] анор аз қай ва маниши гаштан судманд аст ва меъдаро қавӣ кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо