Қонуни тиб

-
САМҒ – САМҒ
Gummi; Resina
Ихтиёр: Беҳтарини он самғи арабии равшани камчӯб аст.
Табъ: Ҳамаи гунаҳои самғ сахт гарманд.
Хосиятҳо: Самғ гирандаи часпонанда ва бо хушк кардану тақвият бахшидан аст. Самғи ақоқиё ниҳоят қавист ва бад-ин сабаб андар таркиби тарёкҳо бидарояд.
Андомҳои сина: Самғ сурфаи гармро нарм кунад, зиёни решҳои шушро бигардонад ва овозро равшан кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Самғ меъдаро қавӣ созад. -
СОБУН1 – СОБУН
Sapo
Хосиятҳо: Решкунанда ва гандонанда аст.
Андомҳои ронанда: Қулинҷро ҳал кунад ва [хилти] хомро ба исҳол оварад.
600 САҲНОТ1 – МОҲИОБА
Хосиятҳо: Хушккунанда, зудоянда ва бадхилт аст.
Решҳо: Гар ва хориш оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дарди балғамии сурин судманд аст.
Оростагӣ: Бӯи бади даҳонро, ки аз меъда ва фасоди он ба амал ояд, нест кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Рутубати меъдаро зудуда, онро хушк кунад. -
САНАВБАР – САНАВБАР pinus pinea L.
Моҳият: Ин дарахти маъруф аст. Аммо оид ба чилғӯзаи санавбар мо андар фасли «ҳо» сухан рондем ва [акнун] мехоҳем андар баёни дигар бахшҳои дарахти санавбар сухан ронем.
Табъ: Қувваи лифи санавбари бузург қавитар ва лифи [санавбаре], ки «фиюқӣ»1 ном дорад, заифтар аст.
Хосиятҳо: Лифи он дорои гирандагии зиёд аст ва кирмҳое, ки андар он ҷой доранд, андар қувват ба коғнаҳо баробар оянд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Лифи он аз решҳои сухтагӣ судманд аст ва дорои қувваи фароҳамоварандаи решҳост.
Лифи он чандоне гиранда аст, ки агар ба тариқи зимод бар саҳҷ ниҳода шавад, онро шифо бахшад. Хокаи лифи он аз сӯхтагии оби ҷӯш нофеъ бошад. Баргҳои онро ба тариқи хока ба кор бурдан ҷароҳатҳоро бичаспонад. Лифи он аз барои латхӯрдагӣ созгор буда, [решҳоро] фароҳам оварад, вале барги он аз барои ин кор мувофиқтар аст, аз баҳри он ки тартар бувад.
Андомҳои сар: Бо оби ҷӯшонидаи пӯсти он ғар-ғара кардан балғами зиёдеро берун оварад ва агар обпухтаи лифи онро бо сирко ғар-ғара кунанд, аз барои дарди дандонҳо хуб бошад. Агар андар он сирко афканда, мазмаза ва ғарғара кунанд, балғами зиёдеро биронад.
Андомҳои чашм: Дуди он аз рехтани мижгон ва хӯрда шудани кунҷи чашм судманд аст.
Андомҳои сина: Чилғӯзаи он аз сурфаи куҳан суд
манд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Пӯстҳо ва барги он агар ошомида шаванд, аз дарди ҷигар суд кунад.
Андомҳои ронанда: Чилғӯзаи он шикамро бибандад ва тухми он бо тухми хиёри дароз ва тило пешобро биронад ва решҳои гурдаву обгаҳро судманд бошад. Лифи он низ шикамро бибандад.
Заҳрҳо: Кирмҳои сабзе, ки андар санавбар ёфт шаванд, ба табъ чун коғнаҳо буванд.
602. САБР1 – САБР, ОЛВО
Aloe (Aloe vera L.)
Моҳият: Ин фишурдаи сахтшудаест, ки рангаш миёни сурхию зардист. Гунае аз он сақутарӣ, гунае арабӣ ва гунае самангонист2. Гурӯҳе гуфтаанд, ки растании он мисли растании росан аст, вале чунин нест.
Ихтиёр: Беҳтарини он сақутарист. Оби он чун оби заъфарон ва бӯяш чун бӯи мурр бувад. Вай дурахшон, резонак ва пок аз сангреза аст. Сабри арабӣ андар зардӣ, гаронӣ ва дурахшонӣ камтар аз [сақутарист], вале аз он часпактару сахттар аст. Сабри самангонӣ бад буда, бадбӯй, обнок, андак зард ва бетобиш аст. Сабр агар куҳан шавад, сиёҳ бигардад.
Табъ: То ба дараҷаи дуввум гарм ва андар ҳамин дараҷа хушк аст. Гуфтаанд, ки андар дараҷаи севвум гарми хушк аст, вале чунин нест.
Хосиятҳо: Қувваи он гиранда ва хушккунандаи баданҳо буда, хобовар аст. Сабри ҳиндӣ серманфиат аст, бидуни сӯзиш хушкӣ оварад, дорои андаке гирандагист ва ба сабаби камсӯзандагияш ҷароҳатҳои бадро насӯзонад.
Оростагӣ: Бо ангубин онро бар осори кӯфтхӯрдагӣ [бимоланд]. Сабр нохунхораи решшударо фароҳам орад ва онро бо шароб чун бар мӯи резанда [тило кунанд], онро аз рехтан нигоҳ дорад.
(416) Омосҳо ва табишҳо: Омосҳои шарми пас ва андомҳои мардиро судманд бошад ва агар бо шароб ва ё ангубин [ба кор баранд], хусусан омосҳои мушакҳоеро, ки аз ду бари забонанд, суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сабр аз барои решҳои ба душворӣ фароҳамоянда ва хусусан [аз барои онҳое, ки] андар шарми пас, андомҳои мардӣ, бинӣ ва даҳон падид оянд ва аз барои носурҳо созгор аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Сабр аз дардҳои пайвандгоҳҳо судманд аст.
Андомҳои сар: Сабр фазлаҳои сафровиеро, ки андар сар бошанд, пок кунад ва агар онро бо равғани гул бар пешонӣ ва гиҷгоҳӣ тило кунанд, аз сардард суд бахшида, онро шифо бахшад. Сабр аз решҳои бинӣ ва даҳон судманд аст. Вай яке аз доруҳоест, ки агар бо шароб ва ангубин тило кунанд, аз шикастагии бинӣ ва омосҳои мушакҳое, ки андар ду бари забонанд, нофеъ бошад. Сабр андар тибби қадим исҳоловарандаи савдо ва аз молихулиё судманд ба шумор мерафт. Сабри форсӣ ақлро тез ва дилро гарм кунад.
Андомҳои чашм: Сабр аз решҳои чашм, гар ва дардҳои он ва аз хориши гӯшаи чашм суд дорад ва рутубатҳои онро бихушконад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар ду кафча бо оби сард ва ё нимгарми онро биошоманд, фазлаҳои сафровӣ ва балғамии андар меъда бударо пок кунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо