Қонуни тиб

Фасли ҳаждаҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «сод» /ص/
- САНДАЛ – САНДАЛ
Santalum album L. et Pterocarpus santalinus L.
Моҳият: Сандал чӯбҳои ситабрест, ки аз марзи кишвари Чин оваранд ва он бар се синф аст: зард; сурх; ва як синфи дигар зарде, ки ба сафедӣ гароида, бархе, аз мардум онро «мақосирӣ» хонанд ва бӯи он бештар аз бӯи ҳар ду синфи ёдшуда бувад.
Ихтиёр: Ҷолинус ва Ибни Мосавайҳ гуфтаанд, ки сандали сурх қавитар аст, вале баъзе дигарон гуфтаанд, ки зард қавитар бувад. Бархе дигар гуфтаанд, ки мақосирӣ накӯтару қавитар аст.
Табъ: Аз охири дараҷаи дуввум то севвум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст1.
Хосиятҳо: Сандал ва хусусан сурхи он таровидани [фазлаҳоро ба сӯи андомҳо] боз дорад.
Омосҳо: Сандал ва хусусан гунаи сурхи он омосҳои гармро ҳал кунад. Онро чун бар сурхбод тило кунанд, суд бахшад.
Андомҳои сар: Аз сардард судманд аст.
Андомҳои сина: Ошомидан ва тило кардани он аз хафақоне, ки ба сабаби табҳо падид омада бошад, суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Чи тило кардан ва чи ошомидани он аз заъфи меъдаи гарм судманд аст.
Табҳо: Сандал ва хусусан сафеди мақосирӣ табҳои гармро судманд бувад. - САДАФ – САДАФ
Concha
Хосиятҳо: Агар гӯшти садафи барриро совида, бар тан тило кунанд, ба таври қавӣ хушкӣ оварад. Сӯхтаи садафи марворид дорои қувваи парокандакунандаи зудоянда аст ва қувваташ чун қуввати сӯхтаи [садафе бошад, ки андар] Бунтус1 [ёфт шавад]. Ҳамаи гунаҳои садаф, агар онҳоро чунонки ҳастанд, ба кор бибаранд, пайкон ва устухонҳоро берун бикашанд.
Оростагӣ: Агар ҳамаи ҷомаҳои садаф ва қишрҳои онро бисӯзанд, баҳакро бизудояд. Инчунин садаф ба ҳоли худ пайкони бузургро берун кунад. Агар садафи марворидро бо равғани зайтун ҷӯшонида, бо он мӯйро равған кунанд, онро рехтан нагузорад.
Омосҳо ва табишҳо: Шилми лесакро, ки рими он номанд, [агар] бо кундур, сабр ва мурр ба андозае биомезанд, ки мисли ангубин ситабр бигардад, омосҳои андар буни гӯш падидомадаро бихушконад ва агар ба рутубати андар он сахт фурӯбуда дучор ояд, аз он низ шифо бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сӯхтаи садафи марворид решҳоро бизудояд, онҳоро пок кунад ва фароҳам оварад.
Садафи сӯхта бо намак оташсӯхтаро бад-ин гуна нафъ кунад, ки онро бар оташсӯхта бипошанд ва то хушк шудан бигузоранд. Ҳар гуна сӯхтаи садаф аз гар судманд аст.
Садаф бо гӯшташ аз барои ҷароҳатҳо ва хусусан ҷароҳате, ки бар болои асаб бошад, нофеъ аст ва онро бо кундур ва мурр совида, [ба кор баранд, ҷароҳатҳоро] бичаспонад. Бо гарди осиёб низ чунин бошад. Ҷолинус як худи лесакро бо тамомияташ, чунонки ҳаст, санҷида аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Садаф дардҳои ниқрис ва омосҳои онро ором кунад. Вайро, чунонки ҳаст, бар тамоми омосҳои пайвандгоҳҳо зимод кунанд.
Андомҳои сар: Сӯхтаи садафи марворид ва хусусан агар бо намак сӯхта бошанд, дандонҳоро бизудояд. Агар садафро, чунонки ҳаст, бо сирко бисованд, хуни биниро қатъ кунад.
Андомҳои чашм: Агар сӯхтаи ҳар гуна садаферо, ки бо гӯшташ сӯхта бошанд, бишӯянд ва андар доруҳои чашм биафкананд, ситабрии пилкҳо, сафедии [чашм| ва пардаро бигудозад. Агар гӯшти садафи бо номи «тайласи куҳан»2 маъруфро сӯзонида, бо қатрон биомезанд, бисованд ва андар пилкҳо бичаконанд, мӯйро рӯидан нагузорад.
Шилме, ки бар садафи баррӣ мавҷуд аст, мижаи сарнагун рӯидаро бар пилк бичаспонад. Агар бо шилми лесаке, ки пеш аз ин ёд кардам, пешониро тило кунанд, моддаҳои ба сӯи чашм резандаро бигардонад ва мижаро низ бичаспонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯшти садафе, ки бо номи «фуруфас»3 маъруф аст, аз барои меъда хуб аст. Гӯштҳои садаф, ки нопухта ва нобирён бошанд, дарди меъдаро фурӯ нишонанд. Агар садафи марворидро бо сирко биошоманд, бемории испурчро бибарад. Агар бо садаф истисқоро зимод кунанд, то вақти паст шудани [истисқо] онро нагиранд ва бояд онро то замоне гузошт, ки аз пеши худ наафтад. Садафи баррӣ ба сабаби сахт хушкониданаш андар ин кор қавист.
Андомҳои ронанда: Гӯшти садафи марворид табиатро нарм накунад ва гӯшти садафе, ки ба Шом «толибис»4 ном дорад, агар тоза бошад, хусусан шӯрбои он шикамро нарм кунад. Шӯрбои садафҳои хурд низ чунинанд. Агар бо садафи марворид касони ба хуноқи раҳм гирифторро бахур кунанд, суд бахшад ва ин бахуркунӣ машимаро берун орад. Бахури хушбӯиҳо ва [садафи] бобулии қулзумӣ, ки дар соҳил низ ёфт шавад, аз ихтиноқи раҳм суд дорад ва касони ба саръ гирифторро низ ҳушёр кунад. Бӯи он чун бӯи гунди бедастар аст. Садаф ба тариқи ба зер баргирифтан хуни ҳайзро битозонад. (415) Ӯ гуфтааст5, ки садафи бо номи «қуҳлиёс»6 маъруфро, чунонки ҳаст, бисӯзанд ва бо хокистари он мозуи сабз ва мурчи сафед биомезанд, аз решҳои андар рӯдаҳо падидомада, ки ҳанӯз тоза буда, ганда нашудаанд, суди азим бахшад. Андозаи хокистари садаф чаҳор [бахш], мозу ду бахш ва мурчро як бахш бигиранд ва инҳоро бар таом пошида, [бидиҳанд] ва [ё] андар шароб афканда, бидиҳанд.
Заҳрҳо: Гӯшти садаф аз газидагии саги девона судманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо