Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гули нагунсор (413) омоси испурч, ханозир ва ҷароҳатҳоро, чи тар ва чи хушк, ҳал кунад ва хушкгарро низ бибарад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар бехи онро бо сирко ва ё бо ангубин биомезанд ва ё як худи онро ба кор баранд, ҷароҳатҳоро пеш аз куҳан гаштан беҳ кунад. Агар оби ҷӯшонидаи онро бар сар бирезанд, решҳоеро созгор ояд, ки андар сар падид омада бошанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз печидагии асаб ва аз ниқрис судманд аст ва ҳамаи ин ба тариқи зимод бошад.
Андомҳои сар: Агар онро бо шароб биомезанд, сахт маст кунад. Гоҳе оби онро андар бинӣ бикашанд, то ки сарро пок кунад. Агар оби ҷӯшонидаи онро бар сар бирезанд, решҳои онро созгор бошад ва сардарди сардро ором кунад.
Андомҳои чашм: Оби он бо ангубин аз барои обе, ки андар чашм падид ояд ва аз барои нотавонии биноӣ созгор бошад. Андар бинӣ кашидани он низ чунин бувад.
Андомҳои сина: Баъзеҳо бехи онро ба худовандони [бемории] дамкӯтоҳӣ бидиҳанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Онро бо сирко бар испурч зимод кунанд.
Андомҳои ронанда: Агар онро бо оби ангубин биошоманд, балғам ва кимуси обиро ба исҳол оварад. Чи ошомидан ва чи ба зер баргирифтани он хуни ҳайзро битозонад. Баъзеҳо ба таъкид гуфтаанд, ки тозаи он бача биафтонад ва агар онро андар гардан ва бозу бибанданд, обистан нагузорад. Онро бо пораи пашмӣ аз барои исҳоли шикам ба зер баргиранд. Агар онро бар ноф, мароқ ва тиҳигоҳ бимоланд, низ табиатро нарм кунад ва ҷанинро биафтонад. Он ҷанинро сахт бикушад ва фишурдаи он аз барои ин кор қавитар аст. Агар оби онро бо сирко омехта, бар мақъади афтида бимоланд, онро ба сӯи андарун баргардонад. Фишурдаи он даҳонаҳои рагҳоеро, ки андар мақъаданд, бикушояд. Бехи он чи ба тариқи ошомидан ва чи ба зер баргирифтан хуни ҳайзро битозонад.
Агар аз бехи он панҷ дирамсанг бо ангубин биошоманд, исҳоли сахт оварад. Як ошомидании он то чаҳор драхмист.
Заҳрҳо: Онро бо шароб аз барои доруҳои марговар, заҳрҳо ва хусусан аз барои [газидагии] харгӯши дарёӣ биошоманд.
593. ФУҚҚОЪ – ОБИ ҶАВ
Zythum
Моҳият: Ин маъруф аст.

Ихтиёр: Дурусттаринаш онест, ки аз нони сафед, пудинаи бӯстонӣ ва карафс сохта бошанд ва фуққоъе, ки аз нони пухта омода созанд, на чун фуққоъе бошад, ки аз нони фатир омода сохта бошанд.
Хосиятҳо: Он бодангез буда, хилтҳои бад бизояд ва бадғизо бувад. Зиёни он ба андомҳои ҳайвон ба андозаест, ки агар андар он оҷро тар кунанд, нарм шавад ва кор кардан бо он осон бигардад. Фуққоъе, ки аз нони сафед, карафс ва пудинаи бӯстонӣ бисозанд, хубкимус буда, барои гарммизоҷон сахт созгор аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асабҳоро сахт зиён дорад.
Андомҳои сар: Пардаҳои мағзро зиён расонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Фуққоъе, ки аз нони сафед омода шудааст, аз барои меъдаи гарм хуб аст.
Андомҳои ронанда: Фуққоъе, ки аз ҷав бигиранд, пешобро битозонад ва гурдаву обгаҳро зиён расонад.
594. ФАСУРИҚУН1 – ФАСУРИҚУН
Psoricum
Моҳият: Ин доруи гар аст ва онро ба таври зерин омода созанд: [Як чанд] мурдосанг ва ду чанд қалқадисро гирифта, бо сиркои сахт тез бисованд ва онҳоро андар деги оҳанин гилкорӣ карда, ҳангоми гармои тобистон чиҳил рӯз андар зери саргин бигӯронанд.
Хосиятҳо: Ин сахттар аз қалқатор хушкӣ оварад ва бо вуҷуди кам сӯзанда будан латифтар аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гарро бибарад.
595. ФИЛЛУН1 – ФИЛЛУН
Mercurialis annua L.
Моҳият: Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки филлун андар ҷойҳои харсангӣ бирӯяд. Як намуди онро «тилиғунун»2, яъне «мода»3 хонанд. Он шабеҳи обсабз буда, баргаш хеле сабзтар аз барги зайтун аст, соқаш борики кӯтоҳ аст, гулҳои сафед ва тухмҳои хурде дорад, ки бузургтар аз тухми кукнор бошанд. Як намуди дигар аз онро «аринуғунун»4, яъне «писар бороваранда» хонанд. Ин ба навъи якум монанд аст, вале бо тухмҳои хеш аз он фарқ кунад, зеро самари ин шабеҳ ба самари зайтун ва ба шакли хӯшаист.
Хосиятҳо: Гуфтаанд, ки агар зани обистан аз он биошомад, писар шавад ва агар [аз навъи] дигари он биошомад, духтар шавад. Инро Қротеси5 ҳаким гуфтааст ва гӯё ӯ инро санҷида, сипас баъди санҷиш ба мардум ошкор кардааст. Эҳтимол ин гуфта бошаду бас.
Ин буд поёни гуфтор андар баёни ҳарфи «фо».

пешина
аз 1215
навбатӣ