Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Турб ширро биафзояд.
Андомҳои ғизокашӣ: Турб аз барои меъда бад аст ва оруғ оварад. Вай баъд аз таом шикамро нарм кунад ва ғизоро бигузаронад. Пеш аз таом таомро [бар сари меъда] андар гардиш оварад ва онро ором шудан нагузорад.
Бинобар ин, турб ва хусусан пӯсти он бо сикангубин қай оварданро осон кунад. Турбро зимод кардан аз барои паҳлу ва испурч созгор аст. Тухми он бо сирко ниҳоят қайангез аст ва омосҳои испурчро ҳал кунад. Ибни Мосавайҳ гуфтааст: «Агар турб ва хусусан барги онро аз паси таом бихӯранд, гувориш оварад. Оби барги он суддаҳои ҷигарро бикушояд ва ярақонро дур созад». Баъзеҳо гуфтаанд, ки (412) барги он бигуворад, ҷирмаш маниши гаштан оварад, тухмаш дамиши шикамро ҳал кунад, берун омадани таомро осон гардонад, иштиҳо оварад ва дарди ҷигарро бибарад ва обаш аз барои истисқо накӯ бошад.
Заҳрҳо: Турб аз афъигазида ва бо шароб аз газидагии мори шохдор судманд аст. Тухми он низ аз заҳрҳо ва [газидагии] ҷондорон суд дорад. Агар порае аз онро бар каждум ниҳанд, онро бикушад. Оби онро андар ин кор чун санҷиданд, беш аз ҳама қавӣ будааст. Агар касеро, ки турб хӯрда бошад, каждум бигазад, ӯро зиён нахоҳад кард.
588. ФУСТУҚ – ПИСТА
Pistacia vera L.
Моҳият: Ин дарахти маъруфест, ки андар бархе аз кишварҳо ёфт шавад.
Табъ: Гуфтаанд, ки писта андар гармӣ қавитар аз гавз аст ва он андар охири дараҷаи дуввум гарм буда ва андар ҳамин [дараҷа] рутубат дорад. Баъзеҳо ба таъкид гуфтаанд, ки писта сард аст, вале хато карда бошанд.
Хосиятҳо: Писта ба иллати талхӣ ва хушбӯии хеш суддаҳои ҷигарро бикушояд. Он дорои тундист. Ғизои он ниҳоят кам аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Писта ва хусусан шомии он, ки ба донаи санавбар монанд аст, ба сабаби он талхию тундие, ки андар хеш дорад, аз барои меъда накӯст. Писта ба иллати талхӣ ва хушбӯии хеш суддаҳои ҷигарро бикушояд ва ба таври махсус онро пок кунад. Вай суддаҳои ҷигар ва гузаргоҳҳои ғизоро бикушояд. Равғани он аз дарди ҷигар, ки аз рутубат ва ситабрӣ падид омада бошад, судманд аст. Як кас гуфтааст: «Ман пистаро андар кори меъда на чандон зиёнвар ва на чандон судманд дарнаёфтам».
Ман гӯям: балки он маниши гаштан ва печу тоби меъдаро бигардонад ва даҳони онро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Писта шикамро на нарм кунад ва на бибандад.
Заҳрҳо: Писта ва хусусан агар онро бо шароби қавӣ ҷӯшонида бошанд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
589. ФАСОФИС – ШАБГАЗҲО, ТАХТАКАНАҲО
Cimex zarius
Моҳият: Ин ҷонварест чун кана, ки ба Шом маъруф буда, андар ҷои хобҳо ёфт шавад ва шояд ҳамон чизе

бошад, ки андар ҷои мо бо номи «анҷал» маъруф аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар онро бо сирко ва ё шароб биошоманд, девчаро аз гулӯ берун кунад.
Андомҳои ронанда: Агар онро бишӯянд, аз ихтиноқи раҳм суд бахшад ва ба ҳуш орад. Агар онро суда, андар сӯрохи мезаной кунанд, ба душворӣ пешоб карданро шифо бахшад.
Табҳо: Агар ҳафт донаи онро андар боқилӣ биниҳанд ва пеш аз оғози таби чаҳоррӯзӣ фурӯ баранд, судманд бувад.
Заҳрҳо: Агар онро бе боқилӣ фурӯ баранд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор суд бахшад.
590. ФАЪР – МУШ
Mus musculus
Оростагӣ: Хуни муш озахҳоро биканад ва саргини онро, хусусан агар бо ангубин ва ё хусусан сӯхтаи онро бар «бемории рӯбоҳ» [бимоланд], судманд бошад.
Андомҳои сар: Агар мушро бирён карда, бихушконанд ва ба бача бидиҳанд, рафтани оби даҳонро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Агар саргини мушро бо кундур ва оби ангубин биошоманд, сангро хурд кунад. Агар шиёфи онро ба зери бача баргиронанд, шиками ӯро бикушояд. Агар мушро бо об биҷӯшонанд ва андар он касе, ки ба душвории пешоб кардан гирифтор аст, бинишинад, суд бахшад.
Заҳрҳо: Ҳама иттифоқ кардаанд, ки агар мушро пора карда, бар ҷои газидагии каждум биниҳанд, нафъ кунад.
591. ФАРАС – АСП
Equus caballus z.
Хосиятҳо: Таъсири саргини он чун таъсири саргини хар бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар пӯсти курраи аспро сӯхта, бо об бар табишҳо тило кунанд, онҳоро нест кунад.
Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки агар барҷастагиҳои андар зонуи асп бударо кӯфта, бо сирко биошоманд, дарди сарро беҳ кунад.
Андомҳои ронанда: Панирмояи асп ба таври хос аз барои исҳоли деррав, решҳои рӯдагон ва табоҳии меъда созгор аст.
592. ФУҚЛОМИНУС1 – ГУЛИ НАГУНСОР
Cyclamen europaeum L.
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин бахури Марям, яъне ҷинсе аз артанисост2.
Хосиятҳо: Қувваи он поккунандаи бо зудоишу бурандагӣ ва кушояндаву ҳалкунанда аст. Агар бехи онро биошоманд, ниҳоят арақ оварад ва пешобро биронад.
Оростагӣ: Агар се мисқол, на бештар, аз онро бо тило ва ё бо молиқиротун ва омехта бо об биошоманд, ярақонро беҳ кунад, вале бояд бар паҳлу бихобид ва ҷомаҳои бисёрро бар боло пӯшид, то ки арақи талхаранги сахт падид ояд. Бехи он рӯйро пок кунад ва кунҷидаро бибарад. Ҷӯшонидаи он аз кафидагиҳое, ки аз сармо ориз шуда бошанд, судманд аст. Равғани зайтуне, ки онро андаруни бехи кофтаи он карда, андар хокистари гарм гарм кардаанд, низ чунин бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Бехи он табишҳоро бибарад ва фишурдаи он сахтиҳоро ҳал кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ