Қонуни тиб

Агар дувоздаҳ ҳабба аз онро бо шароб биошоманд, хун рафтанро қатъ кунад. Агар ба андозаи як лавза аз бехи он ба занони андар нифос буда бидиҳанд, аз тариқи тозондани фазлаҳо эшонро аз фазлаҳои нифос пок кунад.
Ба андозаи як лавза аз бехи он аз дарди гурда ва обгаҳ судманд аст. Андар шароб ҷӯшонидаи он шикамро бибандад ва пешобро биронад.
585. ФАРФАХ – ХУРФА
Portulaca oleracea L.
Моҳият: Ин бақлату-л-ҳамқо аст ва аз баёни он андар фасли «бо» фориғ» шудем1.
586. ФУТР1 – САМОРУҒИ ФУТР
Fungi
Моҳият2: Дисқуридус гуфтааст: «Саморуғи футр ду гуна аст: яке хӯрокӣ ва дигар кушанда. Сабабҳое, ки ба тавассути онҳо футр кушанда бувад, бисёранд. Яке он бошад, ки ба наздики мехҳои зангзада, ё пораҳои гандида ва ё ошёни бархе аз ҷунбандагони зиёнкор ва бехҳои дарахтоне бирӯяд, ки ба хосият футри андар назди ин гуна [дарахтон] рӯида кушанда бигардад. Гоҳе андар ин намуд аз футр рутубати часпак ва ё гандидае чун ошёни анкабут ҷой дорад, ки агар онро ёфта, бикананд, худи ҳамон соат табаҳ шуда, зуд ганда бигардад. Аммо навъи дигар бошад, онро андар зимни шӯрбоҳо ба кор бурда, бихӯранд ва он хушмаза бувад. Агар аз он бисёр ба кор баранд, зиён оварад ва бошад, ки бикушад, чаро ки гуворида нагардад.
Гоҳе он хафа кунад, ё ҳайза ба ҷой гузорад ва бемориҳои савдовӣ биангезад. Илоҷи зиёни аз хӯрдани тамоми намудҳои футр падидоянда он бошад, ки [ба бемор] бура, ё натрун, ё оби хокистар бо сирко ва намак, ё пухтакови ҷав бидиҳанд. Лекин бехи навъе, ки (411) бо номи «қулоъӣ»
маъруф аст, ҳеҷ касро накушад, вале аз он ҳайза падид ояд. Футри хушконида камтар бад бувад».
Табъ: Андар охири дараҷаи севвум сард аст ва қариб андар ин дараҷа тар бувад.
Хосиятҳо: Футр хилти ситабри бад бизояд ва ислоҳ кардани он бад-ин роҳ аст, ки онро бипазанд ва бо он амруди тару хушк ва пудинаи кӯҳӣ ҳамроҳ кунанд ва аз болои он набизи қавӣ биошоманд.
Андомҳои сар: Футр карахтию сакта ба амал оварад.
Андомҳои нафаскашӣ: Модом ки аз футри ғайри кушанда хафагӣ падид ояд, пас чӣ гуна кушандаи он чунин набошад?
Андомҳои ғизокашӣ: Агар аз футри ғайри кушанда зиёд истеъмол кунанд, ҳайза ориз бигардад ва он душворгувори серғизост. Аз навъи кушандаи он беҳушӣ ва арақи сард падид ояд.
Андомҳои ронанда: Футр душвории пешоб ба амал оварад.
Заҳрҳо: Навъе аз он марговар аст ва ин ҳамонест, ки андар наздикии оҳани зангзада, ё чизҳои уфунатгирифта, ё ба наздики ҷойгоҳи баъзе аз ҷунбандагони зиёнкор ва ё ба наздикии баъзе дарахтоне бирӯяд, ки чун зайтун хосияти фосид кардани ҳар гуна саморуғи ба наздикаш
рӯяндаро дорад. Аз нишонаи он чунин аст, ки бар болои он рутубати часпаки уфунатгирифта бошад ва он зуд тағйир ёфта, ганда бигадад. Аз он зиқи нафас ва беҳушӣ падид ояд. Илоҷи он доруҳои буранда ва сикангубин бо пудина, ё саргини3 хурӯс ва мокиён бо сирко ва ё хӯрдани ангубини зиёд аст. Ин саморуғ аксар худи ҳамон рӯз ва дарҳол бикушад.
587. ФИҶЛ – ТУРБ
Raphanus sativus L.
Моҳият: [Турб маъруф аст]1. Қавитарин чизе, ки андар он аст, нахуст тухми он, сипас пӯст, баъд барг ва баъд аз он дилаи он бувад. Равғани он андар қувват чун равғани беданҷир аст, вале аз ҷиҳати гармӣ қавитар аз он бувад. Турби даштӣ2 андар ҳамаи сифатҳо ҳамтои [бӯстонист], вале кавитар аст.
Ихтиёр: Қавитарин чиз, ки андар он аст, тухмаш аст ва ғизобахштарини он турби ҷӯшонида бошад.
Табъ: Бехи он андар дараҷаи якум гарм аст ва [низ] тар бошад. Тухми он андар дараҷаи севвум гарм аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Турб бодҳо бизояд, лекин тухмаш онҳоро ҳал кунад. Андар турб ва хусусан андар тухми он латифоварандагии қавист. Турби даштӣ афрӯхтагиовар аст ва ҷӯшонидаи он ба сабаби он ки таъсири давоии худро гум кардааст, ғизобахштар бувад. Ғизои он балғамӣ ва ба изофаи он кам аст. Гавҳари он зуд ганданда аст ва ин ба сабаби он зиёнест, ки андар он ҷой дорад. Барги баҳории онро агар пухта, бо равғании зайтун ва обкома бихӯранд, беш аз бехаш ғизо бахшад.
Оростагӣ: Агар бо он орди шайлам биомезанд, ҳангоми «бемории мор» ва «бемории рӯбоҳ» мӯйро бирӯёнад. Агар онро бо ангубин зимод кунанд, осори андар зери чашм оризшударо, ки бо кабудӣ бошад, бибарад.
Тухми он аз кунҷидаи сурхи андар андомҳо буда, аз дигар рангҳои бегона, осори латхӯрдагӣ ва аз доғи кунҷида судманд аст. Турб бо кундуша аз тариқи тило кардан ва хусусан андар гармоба баҳаки сиёҳро бибарад. Он шупушро андар тан зиёд кунад.
Табишҳо: Турб бо орди шайлам табишҳои шириро бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар онро бо ангубин зимод кунанд, решҳои палид ва решҳои шириро бибарад ва тухми он бо сирко реши ғанғроноро тамоман биканад. Онро инчунин бар парюнҳо ба кор баранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Тухми он дилзанандагии пайвандгоҳҳоро нест кунад ва он аз барои дарди пайвандгоҳҳо сахт некӯст.
Андомҳои сар: Турб сар, дандонҳо ва комро зиён дорад. Фишурда ва равғани он ҳар ду аз бодҳои андар гӯш буда сахт судманданд.
Андомҳои чашм: Турб аз барои чашм зиён дорад, вале агар оби онро андар чашм бичаконанд, онро бизудояд ва осореро, ки андар зери гӯшаи чашм аст, бибарад. Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки оби барги турб биноиро тез кунад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Турби ҷӯшонида аз барои сурфаи куҳани деррав ва кимуси ситабри андар сина падидомада созгор аст. Он хафагии аз саморуғи футри марговар баамаломадаро нафъ кунад. Агар турб ро бо сикангубин пухта, сипас бо он ғар-ғара кунанд, аз хуноқ суд бахшад, вале бо вуҷуди ин андар он гулӯро зиён бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо