Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидани оби ҷӯшонидаи он аз пӯла шудани гӯштҳо ва сарҳои мушакҳо судманд аст ва гоҳе бо он аз барои қавин зимод кунанд, пӯстро бисӯзонад, мизоҷи андомро бигардонад ва аз умқ [хилтҳоро] бикашад. Агар рӯзгоре дароз пудина бихӯранд ва аз болои он оби панир биошоманд, поғура ва даволиро суд бахшад. Пудинаеро, ки бо номи «ғлихун» маъруф аст, агар биошоманд, аз ташаннуҷ судманд бошад ва онро чун бар ниқрис тило кунанд, бо сурх кардани хеш ниқрисро шифо бахшад4. Ошомидани пудина аз барои ҷузом на ба сабаби танҳо ҳалкунандагии хеш, балки ба сабаби бурандагӣ ва латифибахшии худ низ нафъ дорад.
Андомҳои сар: Фишурдаи он кирмҳоро андар гӯш бикушад, вале сардард оварад. Пудинаи кӯҳӣ аз реши даҳон судманд аст ва фазлаҳоро аз тариқи сӯрохиҳои бинӣ биронад. Сӯхтаи5 ғлихун вораҳоро нек мустаҳкам кунад.
Андомҳои нафаскашӣ: Ҷӯшонидаи пудина аз нафаси росто суд дорад ва он андар берун овардани хилтҳои ситабри часпак аз сина ва шуш доруи қавиест ва хусусан агар онро бо анҷир бихӯранд, [беҳтар бошад]. Пудина аз дарди устухони паҳлу судманд аст ва пудинаи кӯҳӣ андар ин кор қавитар бувад. Ғлихун аз ҳамаи инҳо суд дорад ва бар он сирко бипошанд. Агар [ғлихунеро], ки ба наздикӣ андар сирко хобонда бошанд, бигиранд ва бар шахси беёд бибӯёнанд, ӯ ба ҳуш ояд. «Пудинаи буз» аз хафақон суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Пудина ва хусусан даштии он аз камиштиҳоӣ, нотавонии меъда ва ҳукак судманд аст.
Вай бо зудояндагӣ, кушояндагӣ ва савдову сафроро латиф гардондани хеш худовандони ярақонро суд бахшад. Ҷӯшонидаи он низ чунин бувад. Гоҳе бо оби ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ аз барои ин ғараз оббозӣ кунанд, ярақонро аз тариқи арақ овардан [нафъ кунад]. Агар онро бо анҷир бихӯранд, аз истисқо шифо бахшад. Пудинаи кӯҳӣ иштиҳои таом оварад ва оби ҷӯшонидаи он низ аз барои истисқо судманд бошад. Ғлихун маниши гаштанро ором кунад ва аз он бо мумравған барои испурч зимод созанд, онро пажмурда кунад. Пудинаи бузӣ низ чунин бошад ва он аз хафақони меъдавӣ, тоса ва маниши гаштан сахт манфиат дорад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи пудина пешобро битозонад ва аз печиши ноф ва ҳайза нафъ кунад. Агар пудинаро, чунонки ҳаст, бикӯбанд ва ё ҷӯшонида, оби онро бо ангубин биошоманд, ҷанинҳоро бикушад, хуни ҳайзро битозонад ва бошад, ки балғамро нест кунад.
Баъзе пизишкон гуфтаанд, ки пудинаи хонагӣ ва хусусан даштӣ боҳро қатъ кунад ва иҳтиломро боз дорад. Пудинаи даштӣ шикамро ба таври дуруст бикушояд. Пудина аз барои раҳм судманд аст ва он кирмҳо ва хусусан кирмҳои хурдро бикушад. Гунаҳои даштӣ ва кӯҳии пудина талхаи сиёҳро ба исҳол берун кунанд. Як ошомидании он ҳаждаҳ қирот бо гулоб бошад. Гоҳе гунае аз пудинаи даштӣ низ чунин амал кунад. Ҳамаи [намудҳои] он агар бо сирко ва андаке майпухта омехта шаванд, қавигардонанда буванд. Беҳтар он аст, ки пудинаро бисованд ва бар сиркои бо об ва намак омехта пошида, биошоманд. (410) Пудинаи бо номи «ғлихун» маъ

руф хилти савдовиро аз тариқи пешоб берун кунад. Гоҳе пудинаи даштӣ ҳамаи ин корҳоро бикунад.
Табҳо: Ҷӯшонидаи пудинаро аз барои табларза биошоманд. Андудани равғане, ки андар он пудина ҷӯшонида бошанд, низ чунин бувад.
Заҳрҳо: Агар пудинаро биошоманд ва ё зимод кунанд, аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд бошад. Тило кардани он андар ин кор қариб таъсири доғ монданро дорад. Агар ба тариқи пешгирӣ онро бо шароб биошоманд, заҳрҳои қаттолро бигардонад. Дуд андохтани барги он ҷунбандагони зиёнкорро биронад. Агар онро [ба зери ҷои хоб] паҳн кунанд, низ чунин бошад. Пудинаи даштӣ аз газидагии каждум хуб аст. Агар оби ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳиро бо матбух биошоманд, аз газидагии даррандагон судманд бошад.
583. ФОТ1 – ҶАДВОР
Curcuma zedoaria Rosc.
Моҳият: Ин доруи туркист.
Заҳрҳо: Инро агар бо оби сард биошоманд, аз ошомидани шавкарон ва аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор нофеъ аст. Ҳамчунин аз барои тотура ва ҳамаи заҳрҳо сахт [судманд] аст.
584. ФОВОНИЁ1 – ФОВОНИЁ, ГУЛИ МАҶАҲ
Paeonia officinalis Retz.
Моҳият: Ин уди салиб аст. Бархе аз он нар ва бархе мода бувад. Нари он бехҳои ба қадри ангушт ситабр буда, мазаи гиранда доранд. Модаи онро бех ва шохаҳо бисёр панҷазада буванд.
Табъ: Он гарм аст, вале на чандон.
Феълҳо ва хосиятҳо: Фовониё дорои хушккунандагӣ ва қабз кардан буда, баробари он ҳалкунанда, кушоянда, латифиоваранда, буранда ва зудоянда аст. Агар онро як соат бихоянд, сипас аз он тезии моил ба гирандагӣ падид ояд.
Оростагӣ: Доғҳои сиёҳи зоҳири пӯстро бизудояд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ниқрис судманд аст.
Андомҳои сар: Фовониё ҳатто ба тариқи овехтан аз саръ суд дорад. Овехтани онро чун озмуданд, онро монеи саръ дарёфтанд ва баробари дур сохтани он саръ дубора баргаштааст. Яҳудӣ гуфтааст: «Самари онро дуд андохтан барои девонагон ва касони ба саръ гирифтор суд дорад ва эшонро шифо бахшад. Ҳамчунин, агар самари онро бо гулангубин биошоманд, манфиати ниҳоят зиёд бидиҳад». Ман гӯям: шояд ин ягон гунае аз фовониёи румӣ бошад, зеро он фовониёе, ки аз Ҳинд ба мо бирасад, андар ин бобат дорои таъсири чандоне нест. Агар понздаҳ ҳабба аз он бо молиқиротун ва ё бо шароб биошоманд, аз кобус суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо ошомиданиҳои тунд биҷӯшонанд, табиатро бибандад ва моддаҳои ба сӯи меъда резандаро боз дорад. Тухми он меъдаро қавӣ созад ва дардҳову сӯзиши онро фурӯ нишонад. Бехи он аз ярақон судманд аст ва суддаҳои ҷигарро бикушояд.
Андомҳои ронанда: Агар фовониёро бо шароб ва бо доруҳои тозонанда биошоманд, хуни ҳайзро ба ҳаракат оварад. Ошомидани он пешобро низ битозонад. Агар понздаҳ ҳабба аз тухми онро гирифта, бо шароб ва ё бо молиқиротун биошоманд, аз ихтиноқи раҳм суд бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ