Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз тариқи чашидан санҷидани он душвор аст, зеро агар як бор забонро бизанад, сӯзиши он дер давом кунад ва ҳар бор, ки забон баъди аз чашидани [фурбиюни холис] тезии [фурбиюни мағшушро] дарёбад, чунин пиндошта шавад, ки он холис аст. Нахустин касе, ки ба ин дору дучор омада, онро шинохт, шоҳи Либӣ Юбос5 мебошад». Қуввати он баъд аз се, ё чаҳор сол дигаргун шавад. Куҳани он ба ранги зардӣ ва маллагӣ бизанад ва андар равғани зайтун ба душворӣ гудохта бигардад. Тозаи он бар хилофи ҳамаи инҳо бошад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар онро бо боқилии муқашшар андар зарфе бигиранд, қувваташ боқӣ бимонад.
Ихтиёр: Хуби он фурбиюни нави равшани зарди моил ба маллагӣ буда, тезбӯи сахт сӯзонанда бувад. Ғайри ин, чунонки гуфтем, бо анзарут ва самғ мағшуш аст.
Табъ: Фурбиюн гарм аст ва қувваи латифи сӯзонандаи зудоянда дорад. Тозаи он аз ангужад гармиовартар аст, ҳарчанд ҳеҷ самғе андар гарм кардан ба дараҷаи ангужад нахоҳад расид.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро бо баъзе ошомиданиҳое, ки аз хушбӯиҳо омода кардаанд, биомезанд, аз қавин суд кунад ва қишрҳои устухонҳоро худи ҳамон рӯз бирезонад, вале бояд гӯшти гирди устухонҳо мумравған пӯшонида шавад6. [Агар] онро андар равған [шикаста], аз барои фалаҷ ва карахтӣ бимоланд, сахт нафъ кунад.
Андомҳои чашм: Агар онро ба чашм бикашанд, зудоиш оварад ва оби кабуди чашмро ба таҳлил бибарад, вале сӯзиши он тамоми рӯз давом кунад. Бинобар ин, онро бо ангубин ва дигар шиёфҳо биомезанд.
Андомҳои ронанда: Фурбиюн аз оби зард ва сардии гурдаҳо судманд аст ва худовандони қулинҷро суд бахшад. Як ошомидании он бо баъзе тухмиҳои хушбӯй ва оби ангубин се убулус аст. Хузистониён гӯянд, ки он ба тариқи зимод кардан даҳони раҳмро чунон сахт фишорад, ки ҳатто доруҳои бачапартоӣ бачаро афтондан натавонанд. Чунонки гуфтаанд, фурбиюн балғами часпаки андар ҳар ду сурин, миён ва рӯдагон нигоҳдоштаро ба исҳол берун оварад.
Заҳрҳо: Баъзеҳо гӯянд, ки агар касеро афъӣ ва ё ягон ҷондоре газида бошад ва пӯсти сараш ва [табақаҳои] зери он пора шуда, ҳатто устухони болои сар зоҳир шуда бошад ва агар андар он судаи ин самғро гузошта, бидӯзанд, онро ҳеҷ бадие нахоҳад расид. Се дирамсанги он андар миёни се рӯз меъда ва рӯдагонро реш карда, касро бикушад.
578. ФАТРОСОЛИЮН – КАРАФСИ КӮҲӢ
Petroselinum sativum Hoffm.
Он чиро, ки муносиби ин буд, андар фасли «қоф» ёд кардем1.
579. ФОҒИЯ – ШУКУФАИ ҲИНО
Flos Lawsoniae (Lawsonia inermis L.) Инро низ андар фасли «ҳо» ба ҳангоми зикри «ҳино»
ёд кардем1.
580. ФИЛЗАҲРАҶ – ФИЛЗАҲРА
Lycium afrum L.

Моҳият: Гуфтаанд, ки ин дарахти ҳузаз аст. Он дорои самарест чун мурч. Ҳузазро гоҳе аз зиришк бигиранд ва ҳузази арабӣ навъи дигар аст. Қувваи филзаҳра ба қувваи ҳузазе, ки аз он бигиранд, наздик аст, вале андаке аз он заифтар бувад.
Оростагӣ: Тило кардани он ба танҳоӣ ва ё бо равғани зайтун мӯйро қавӣ созад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шохаҳои онро бо сирко ҷӯшонида, аз барои бемории испурч биошоманд ва ба ғоят суд бахшад. Аз барои ярақон низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи барг ва шохаҳои он ҳайзро битозонад ва худи он низ чунин бошад. Агар аз самари он ба вазни як мастарун1 биошоманд, хилти балғамии зиёдеро ба исҳол берун кунад.
581. ФАРОСИЮН1 – ГАНДАНОИ КӮҲӢ
Marrubium vulgare L.
Моҳият: Ин гиёҳи талхтаъм аст.
Табъ: Урибосиюс гуфтааст, ки гармибахшию (409) хушкиоварии он қавӣ нестанд, вале каси дигар гуфтааст, ки он андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Он кушоянда буда, бизудояд, бигудозад, ҳал кунад ва бибурад.
Андомҳои сар: Фишурдаи он аз барои дарди деррави гӯш [хуб аст] ва онро пок сохта, роҳҳои шунавоиро бикушояд ва дарди куҳани онро бибарад.
Андомҳои чашм: Фишурдаи он бо ангубин аз барои тез кардани биноӣ [хуб аст].
Андомҳои сина: Сина ва шушро аз тариқи балғампартоӣ пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Суддаҳои ҷигар ва испурчро сахт кушоянда бувад.
Андомҳои ронанда: Хуни ҳайзро биронад ва раҳмро пок кунад.
Заҳрҳо: Онро бо намак бар ҷои саги девона газида зимод кунанд.
582. ФУДАНАҶ1 – ПУДИНА
Mentha pulegium L.
Моҳият: Навъе аз он ҷӯист ва навъе кӯҳӣ буда, андар бузургӣ зуфоро монад ва баргаш низ шабеҳи он бувад.
Навъи дигаре аз онро «ғлихун»2 номанд ва як навъи дигари он «пудинаи буз»3 ном дошта, қуввааш мисли қувваи дигар навъҳост ва тез аст. Қувваи шароби он чун қувваи шароби ҳошо бувад. Пудина гавҳари латиф аст ва пудинаи кӯҳӣ қавитар аз ҷӯист.
Хосиятҳо: Пудина ва хусусан даштии он ба сабаби тезию талхии худ сахт латифӣ оварад. Инчунин он сурхкунандаю решкунанда аст. Агар пудинаро танҳо биошоманд, арақ оварад, сахт гарм созад ва [хилтҳоро] аз умқи тан бикашад. Вай бибурад, бихушконад ва сахт гармӣ оварад.
Оростагӣ: Пудина ва хусусан тари онро агар бо шароб ҷӯшонида, зимод кунанд, пайҳои сиёҳро аз тан ва кабудиеро, ки андар зери чашм падид ояд, бибарад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пудинаи кӯҳӣ аз шикастагиҳо ва фатқҳо судманд аст ва бо оби ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ аз барои хориш ва гар оббозӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ