Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ФИЛФИЛМӮЯ1 – ФИЛФИЛМӮЯ
    Radix Piperis (Piper betle L.) Моҳият: Гуфтаанд, ки ин бехи [дарахти] мурч аст.
    Хосиятҳо: Гуфтаанд, ки ин бо хосияти худ аз дардҳои сард ва ташаннуҷ сахт суд дорад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ниқрис судманд аст.
    Андомҳои ронанда: Филфилмӯя, чунонки гуфтаанд, аз барои қулинҷ ва бодҳои сард дорои хосият аст.
  2. ФАСУРИҚУН1 – ФАСУРИҚУН
    Psoricum
    Хосиятҳо2: Ин бо вуҷуди он ки камгазанд ва латифтар аст, беш аз зоги зард3 хушкӣ оварад.
    Решҳо: Фасуриқун гарро нест кунад.
  3. ФИЛФИЛУ-Л-МОЪ1 – «ФИЛФИЛИ ОБӢ»
    Polygonum hydropiper L.
    Моҳият: Ин гиёҳи тарамонандест, ки андар об ва ба наздики он бирӯяд. Мазаи он мурчтаъм аст, вале тезии мурчро надорад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Ин ба таври кифоя гармӣ бахшад, вале камтар аз мурч.
  4. ФОШИРО – ҲАЗОРГАШОН
    Bryonia alba L.
    Моҳият: Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин ҳазоргашон буда, токи сафед аст.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Гарми тез буда, бизудояд, хушкӣ оварад, латиф созад ва ба андозаи муътадил гарм кунад.
    Оростагӣ: Бехи он бо говдона ва ҳулба зоҳири танро ниҳоят бизудояд, поку мусаффо кунад ва кунҷидаву осори сиёҳи баъд аз решҳо боқӣ мондаро бибарад. Агар онро бо равғани зайтун то нарм шудан биҷӯшонанд, низ чунин бошад ва хунпечидагии зери чашмро нест кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Бехи он озахҳо ва табишҳои шириро биканад ва бо шароб нохунхораро фурӯ нишонад, сахтиро ҳал кунад ва реши ғарбелакро бикафонад. Агар сӣ рӯз ва ҳар рӯзе се убулусӣ аз он бо сирко биошоманд, омоси испурчро ба таҳлил бибарад. Бо анҷир зимод кардани он низ аз барои испурч [судманд аст] ва дарди онро ором кунад. Агар онро бо шароб бар нохунхора зимод кунанд, онро ором кунад.
    Решҳо: Бехи онро бо намак бар решҳои бад зимод кунанд ва он андар таркиби марҳамҳои гӯштхӯранда бидарояд. Меваи онро ба тариқи молидан аз барои гари решшуда ва ғайри решшуда ва аз барои пӯстрезӣ [ба кор баранд].
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бехи онро агар бо шароб зимод кунанд, устухонҳоро берун орад. Рӯзе як драхмӣ аз он аз барои фалаҷ биошоманд ва аз барои гусастани мушакҳо онро ба тариқи тило кардан ва ошомидан [ба кор баранд].
    Андомҳои сар: Агар ҳар рӯзе як драхмӣ аз он то шаш рӯз1 биошоманд, аз саръ ва садар судманд бошад ва гоҳе ақлро шӯридагӣ биоварад.

Андомҳои сина: Гоҳе аз барои касони ба хуноқ гирифтор, аз барои табоҳии нафас, сурфа ва дарди паҳлу аз он бо ангубин лесиданӣ бисозанд. Агар фишурдаи онро бо гандуми ҷӯшонида биошоманд, ширро фаровон кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷолинус гуфтааст, ки хӯрдани сарнавдаҳои он ҳангоми нав растан бо қабз кардану сӯзондан ва андаке талху тез будани худ меъдаро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Дилаи ин растаниро ҳангоми нав растан, чунонки ҳаст ва ё ба шакли пухта бихӯранд, пешобро битозонад ва шикам орад. Як драхмӣ аз бехи он ҷанинро бикушад ва агар онро ба зер баргиранд, ҷанинро берун орад. Андар оби ҷӯшонидаи он нишастан раҳмро пок кунад. Фишурдаи он балғамро ба исҳол оварад. Ҳазоргашон яке аз доруҳои хубе барои испурч аст. Агар онро бо равған бипазанд, носурҳои андар мақъад бударо суд бахшад. Агар оберо, ки андар он ҳазоргашон ҷӯшонида бошанд, бар омосҳо бирезанд ва ё андар он нишинанд, омосҳоро пок кунад ва машимаро берун орад. Фишурдаи он бо ангубин низ ҳамчунин кунад.
Заҳрҳо: Як драхмӣ аз бехи он аз афъигазида суд бахшад ва аз газидагии ҳамаи ҷунбандагони зиёнкор низ чунин бувад.
Ҷойнишинҳо: Ба андозаи як чанди вазни он даруна ва ду сеяки як чанди вазни он басбоса ҷои онро бигиранд.
576. ФОШИРАСТИН – ШАШБАНДОН
Bryonia dioica Jaсq.; Tamus communis L.
Моҳият: Ин аз ҷинси фоширо1 буда, дорои баргест, ки барги печаки бузургро монад. Бехи он аз берун сиёҳ ва аз андарун зард бувад.
Хосиятҳо: Шашбандон андар феълҳои худ чун фоширост, вале андаке камқувваттар аз он бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ин низ аз фалаҷ сахт судманд аст.
Андомҳои сар: Дилаи онро ҳангоми нав падид омадан бихӯранд, (408) он мисли фоширо андар саръ таъсир кунад.
Андомҳои сина: Синаро пок кунад.
Андомҳои ронанда: Дилаи онро ҳангоми нав баромадан бихӯранд, пешобу хуни ҳайзро битозонад ва андар ҳамаи ин бобатҳо он кореро кунад, ки фоширо кунад.
577. ФУРБИЮН1 – ФУРБИЮН
Euphorbium (Euphorbia resinifera Berg.) Моҳият: Ҳаким Дисқуридус гуфтааст: «Ин самғи дарахтест, ки шаклан ба хиёри дароз монанд аст ва андар Либӣ2, сарзамини лутусҳо3 ва Мурутаниё4 бирӯяд. Ин дарахт пур аз самғест, ки берун аз андоза сӯзонанда, гарм ва тез бувад. Касони ҳосилкунандаи он аз бими бисёр сӯзандагии он ба шиканбаҳои гӯсфанд эътимод варзида, онҳоро бишӯянд ва андар танаи дарахт биовезанд. Сипас аз дур [дарахтро] бо тир ва ё найза бизананд ва худи ҳамон замон аз он андар шиканбаҳо самғи бисёре чандон бирезад, ки гӯӣ аз зарфе мерехта бошад. Гоҳе ба сабаби фаровон рехтан аз дарахт, низ бахше аз самғ бар замин бирезад. Фурбиюн ду намуд аст: яке равшани шабеҳ ба анзарут ва ба қадри говдона бузург; дигар пайвастаи шабеҳ ба дурд. Гоҳе онро бо анзарут ва самғи арабӣ омехта, мағшуш созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ