Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ФАЛАНҶМУШК – ПАЛАНГМУШК
    Ocimum pilosum W. var. O. basilicum L.
    Моҳият: Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки палангмушк аз марзангӯш ва сисанбар муътадилтар1 аст ва камтар хушк бувад.
    Андомҳои сар: Бӯидан, тило кардан ва хӯрдани он суддаҳои андар мағз ва сӯрохҳои бинӣ рӯйдодаро бикушояд.
    Андомҳои сина: Хӯрдани он хафақонеро, ки аз балғам ва савдо андар дил падид омада бошад, нафъ кунад.
    Андомҳои ронанда: Ба тариқи ошомидан ва тило кардан аз барои бавосир хуб аст.
  2. ФУВВАТУ-С-САББОҒИН – РӮЯНИ РАНГРЕЗОН
    Rubia tinctorium L.
    Моҳият: Ин тундмаза аст.
    Хосиятҳо: Рӯян ба иътидол бизудояд.
    Оростагӣ: Рӯянро бо сирко бар парюнҳо биниҳанд, онҳоро беҳ кунад ва бо сирко, инчунин бар баҳаки сафед бимоланд, онро беҳ кунад. Он пӯстро аз ҳар асаре пок созад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Онро чун бо молиқиротун бидиҳанд, аз қавин ва аз фалаҷе, ки бо офатзадагии ҳис ҳамроҳ бошад, судманд аст. Як дирами онро бо ду дирам рованди чинӣ ва бо як қадаҳ набиз аз барои латхӯрдагӣ ва афтидагӣ бидиҳанд.
    Андомҳои ғизокашӣ: Самари онро бо сикангубин аз барои омосҳои испурч бидиҳанд. Рӯян ҷигар [ва испурчро] пок кунад ва суддаҳои онҳоро бикушояд. Ин хосияти ӯст.
    Андомҳои ронанда: Пешобро ба андозае сахт битозонад, ки гоҳе хун пешоб кунанд. Ҳар касе, ки онро биошомад, боистӣ, ки ҳар рӯз гармоба кунад. Агар онро ба зер баргиранд, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро биафтонад.
    Заҳрҳо: Шохаҳои он бо баргҳояш аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст.
  3. ФАНҶАНҶУШТ – ПАНҶАНГУШТ
    Vitex agnus castus L.
    Моҳият: ин «банҷанкушт» аст ва он ҳолатҳову феълҳое, ки бад-он алоқамандӣ доранд, андар фасли «бо» ёд карда шудаанд1.
  4. ФУЛЛ1 – ФУЛ
    Jasminum sambac Ait.
    Моҳият: Гуфтаанд, ки ин доруи ҳиндии маъруф буда, қувваташ мисли қуввати ябруҳ ва луффоҳ аст.
    Андомҳои сар: Агар онро зимод кунанд, дарди сарро нафъ кунад.
    569 ФАЛАНҶА1 – КАБОБАИ ХУРДДОНА
    Piper cubeba z.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм аст ва [низ] хушк бошад.
  5. ФОҒИРА – КАБОБАИ ШИКОФТА
    Xanthoxylon Avicennae Dс.
    Моҳият: Ин меваест шабеҳ ба нахӯд ва дорои донаест, ки мисли маҳлаб буда, андаруни он тухми сиёҳи шабеҳ ба шаҳдона ҷой дорад ва онро аз Суфола оваранд.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.

Хосиятҳо: Кабобаи шикофта дорои ҳал кардан ва қабз кардан аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Кабобаи шикофта андар таркиби доруҳое бидарояд, ки меъда ва ҷигари сардмизоҷро ислоҳ бикунанд. Аз барои бад азхудшавии сарди ғизо суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Аз исҳоли сард судманд аст ва шикамро бибандад.
571. ФУЛФУЛ – МУРЧ
Piper nigrum L.
Моҳият: Ҷолинус гуфтааст, ки он ҳангоми нав намудор кардани мевааш дорфилфил бошад1 ва сипас аз [он] донаи филфил ҷудо бигардад. Бинобар он, дорфилфил тартар аст ва бад-ин сабаб баъд аз гузаштани муддати андаке аз чашидан [забонро] бихӯрад ва бисӯзонад. Бехи он ба қусти сиёҳ монанд аст ва он беш аз ҳама бисӯзонад.
Мурчи сафед аз ҷиҳати гармӣ ва тарӣ нотавонтар аст. Аммо гурӯҳе гуфтаанд, ки мурчи сиёҳ чун хушкида аст, бинобар он, қувваи кашандагияш афтида бошад ва андар мурчи сафед, ки сахт хушк нашудааст, ба ҷой бошад.
Табъ: Андар дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Мурч дорои кашиш, ҳал кардан ва зудудан аст. Онро чун бо мавиз бихоянд, балғамро биканад ва он несткунандаи балғами часпак бувад. Мурч аз ҷумлаи доруҳои оромкунандаи дард аст, асабро ором кунад ва барои тандурустон созгор бошад.
Оростагӣ: Мурч бо натрун баҳакро бизудояд ва [низ] бо натрун лоғарӣ оварад.
Омосҳо ва табишҳо: Мурч бо зифт ханозирро ҳал кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асабҳо ва мушакҳоро ба андозае гармӣ оварад, ки андар ин кор чизе ба он баробар шудан натавонад.
Андомҳои сар: Мурч бо сирко дандонҳоро судманд аст.
Андомҳои чашм: Мурчи сафед андар таркиби доруҳои чашм бидарояд ва зудоиш оварад.
Андомҳои сина: Агар мурчро андар таркиби доруҳои лесиданӣ ба кор баранд, сурфа ва дардҳои синаро созгор бувад. Агар онро бо ангубин андар ком ниҳанд, аз хуноқ судманд бошад ва шушро пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Мурч гуворандаи иштиҳокушоянда аст. Онро чун бо барги тозаи даҳмаст биошоманд, аз дамиш ва печиши ноф суд бахшад. Бо сирко ошомидан ва тило кардани он аз барои варами испурч хуб аст. Мурчи сафед аз барои меъда созгортар аст ва беш аз ҳама онро нерӯманд бигардонад. (407) Дорфилфил таомро ба осонӣ поин бибарад.
Андомҳои ронанда: Мурч пешобро битозонад, ҷанинро биронад ва баъд аз ҷимоъ обистагиро сахт табаҳ кунад. Бешу ками он бар хилофи маҳмуда шикамро бикушояд. Мурч маниро сахт бихушконад. Аммо дорфилфил ба сабаби рутубати изофии хеш боҳро биафзояд.
Агар онро бо барги тари даҳмаст биошоманд, аз печиши ноф судманд бошад.
Табҳо: Онро чун бо равған бимоланд, аз табларза суд бахшад.
Заҳрҳо: Мурчи сафед андар таркиби тарёкҳо бидарояд.
Дорфилфил низ аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор суд манд аст ва бо равған тило кардани он ҳамчунин бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ