Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Sedimen Olei
Моҳият: Агар дурди равғани зайтунро андар ҷогаҳи аз миси қубрусӣ сохта то сахт шуда мисли ангубин гаштан биҷӯшонанд, аз барои он корҳое созгор бошад, ки ҳузаз созгор аст ва бар ҳузаз фоиз ояд.
Андомҳои сар: Агар онро бо ғӯраоб то сахт шудан биҷӯшонанд, ва бар дандонҳои кирмхӯрда биолоянд, онҳоро биканад.
Андомҳои чашм: Гоҳе андар зимни моддаҳои доруҳои чашм бидарояд.
Андомҳои ронанда: Агар он куҳан бигардад, беҳтар

бувад ва чун аз он ҳуқна омода созанд, аз барои меъда ва решҳои заҳдон суд бахшад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Дурде, ки нав аст, онро напазанд. Агар онро совида, бар [бандкушоҳои] касони гирифтори ниқрис ва касони бандкушоҳояшон дардманд бипошанд, эшонро судманд бувад.
Ин буд поёни гуфтор аз [фасли] ҳарфи «айн» ва маҷмӯи он доруҳое, ки ёд кардем, аз сиву ду адад иборат аст.

Фасли ҳабдаҳум

гуфтор андар баёни ҳарфи «фо» /ف/

  1. ФИЗЗА1 – СИМ, НУҚРА
    Argentum
    Моҳият: Ин маъруф аст.
    Табъ: Сим сардкунандаи хушкиоваранда аст.
    Хосиятҳо: Рими он сахт гиранда аст ва [худи] он дорои кашандагӣ ва хушккунандагист. Агар сунеши онро бо доруҳои дигар биомезанд, аз рутубатҳои часпак суд бахшад.
    Омосҳо ва табишҳо: Аз барои гар ва хориш ниҳоят хуб аст.
    Андомҳои сар: Сунеши онро агар бо дигар доруҳо биомезанд, бӯи даҳонро нафъ кунад.
    Андомҳои чашм: Агар бо мили аз сим сохта ба чашм сурма бикашанд, [қувваи] биноиро биафзояд ва чашмро бизудояд.
    Андомҳои нафаскашӣ: Сунеши сим бо [дигар] омехтаҳо аз хафақон судманд аст.
  2. ФОНИЗ – ПОНИЗ
    Моҳият: Ин шираи найшакар аст, ки онро то сахт шудан биҷӯшонанд ва аз он пониз бисозанд. Ин андар шаҳри Мукрони ноҳияи Кирмон ёфт шавад ва сипас аз он ҷо ба кишварҳо бибаранд. Понизро ҷуз ба шаҳри Мукрон насозанд.
    Ихтиёр: Беҳтарини он понизи сафеди тунуки ҳарронист.
    Табъ: Пониз андар дараҷаи якум гарми тар аст ва хусусан сафеди он бештар тар бувад.
    Хосиятҳо: Он ситабртар аз шакар ва хеле гармтар аз он бувад.
    Андомҳои нафаскашӣ: Аз барои сурфа хуб аст.
    Андомҳои ронанда: Он нармкунандаи шикам буда, аз сардии заҳдон ва рӯдагон суд бахшад.
  3. ФУВВ1 – ФУ
    Valeriana dioscoridis Sibth.
    Моҳият: Ин растаниест, ки баргҳои он чун баргҳои

карафс буда, бузургбарг аст. Он дорои соқест, ки ба як зироъ ва ё беш аз он бирасад, суфтатари нарм ва ситабр аст. Ситабрии бахши барсӯвини он қариб ба андозаи ситабрии ангушт аст. Он ранги арғавонӣ ва гиреҳҳо дорад. Шукуфае дорад, ки чун наргис, вале бузургтар аз он аст ва сафедии он ба арғавонгунӣ бизанад. Бехи он ба шохҳо панҷа задааст ва он дорои хушбӯист. Қувваташ аз бисёр ҷиҳатҳо қуввати сунбулро монад ва бад-ин сабаб онро гурӯҳе «нордини даштӣ» хонанд. Аз буни бехи он шохаҳое чун гӯргиёҳ ва харбақи сиёҳ каҷмакаҷи ба ҳам печидае растаанд, ки рангашон андаке ба маллагунӣ бизанад. Ин [гиёҳ] андар кишваре бируяд, ки онро Бунтус2 хонанд.
Хосиятҳо: Қувваи бехи он гармиоваранда аст.
Андомҳои сина: Аз дарди паҳлу судманд аст.
Андомҳои ронанда: Агар онро хушк ва ё ҷӯшонида, биошоманд, пешоб ва хуни ҳайзро битозонад. Тозондани он беш аз тозондани сунбули ҳиндӣ ва румист ва андар ин кор чун манҷуша3 бувад.
564. ФУФАЛ – ФУФАЛ
Semen Arecae (Areca catechu L.) Моҳият: Ин самари растаниест, ки андар Ҳинд ёфт шавад. Шакли он шабеҳ ба шакли гавзи бӯвост, вале фуфал сурхранги сахтшикан буда, ба ҳангоми шикастан бахшҳояш аз ҳам пош хӯранд ва бӯи хуш дорад. Мардуми Ҳинд онро барои хушбӯии даҳон бихӯранд. Он дандонҳоро сурх кунад ва қувваташ мисли қуввати сандал аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум сард ва андар ҳамин дараҷа хушк аст.
(406) Хосиятҳо: Он сардии сахт оварад ва гиранда бувад.
Омосҳо: Аз барои омосҳои ситабри гарм хуб аст.
Андомҳои чашм: Ҳар киро, ки андар чашмҳо илтиҳоб бошад, аз барои ӯ созгор бувад ва ба тариқи зимод моддаҳоро аз сӯи табақаҳои [чашм] бигардонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ