Қонуни тиб

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гуфтаанд, ки ошомидани устухонҳои [сӯхтаи] инсон аз дарди пайвандгоҳҳо суд дорад.
Андомҳои сар: Гӯянд, ки устухонҳои одамӣ аз саръ шифобахш аст. Ҷолинус гуфтааст, ки як кас чун онҳоро пинҳонӣ ба одамон меошомонд, саръи эшонро нест мекарданд ва ӯ ин одамро худ дарёфтааст.
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯянд, ки шитоланги нарбуз бо сикангубин [сахтии] испурчро бигудозад.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки шитоланги нарбуз боҳро биангезад ва соқҳои сӯхтаи гов рафтани хун, зусанториё ва кушодагии шикамро бибандад.
555. ИНАБ1 – АНГУР
Fructus Vitis (Vitis vinifera L.) Ихтиёр: Ангури сафед аз ангури сиёҳ ҳар гоҳ андар ҳамаи сифатҳо аз қабили сахтӣ, тунукӣ, ширинӣ ва ғайра бо ҳам баробар бошанд, сутудатар аст. Ангуре, ки дусе рӯз баъд аз чидан гузошта бошанд, беҳтар аз ангурест, ки худи ҳамон рӯз канда бошанд.
Табъ: Пӯсти ангур сард ва хушк буда, дер гуворида гардад, дилааш гарм ва тар аст ва донааш сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Ангури нав канда бодангез аст ва ангури овехтае, ки пӯсташ пажмурда шуда бошад, хубғизо буда, танро қувват бахшад. Чунин ангур андар камии бадӣ ва серғизоӣ ба ғизои анҷир монанд аст, вале аз ғизои анҷир камтар бошад. Ангури пухта камтар аз нопухта зиён оварад ва агар ангур гуворида нагардад, ғизои норасидаи хом бидиҳад. Ғизои ангур, чунонки ҳаст, бештар аз ғизои шираи он бошад, вале шираи он тезтар гузарад ва фурӯ равад. Ангури гиранда умед аст, ки аз роҳи овехта мондан [гирандагияш] ҳал шавад, вале ангури туруш чунин нест. Мавиз дӯсти ҷигар ва меъда бувад.
Андомҳои ронанда2: Ангур ва мавиз бо донаашон аз барои дардҳои рӯда хубанд. Мавиз гурда ва обгаҳро судманд аст. Ангури навканда шикамро ба ҷунбиш оварад ва бод биангезад, ҳама гуна ангур обгаҳро зиён дорад.
556. АРАҚ – АРАҚ
Sudor
Моҳият: Арақ бахши обии хун аст, ки бо он зардоби сафровӣ омехта бошад. Аз он бояд гунаеро ба кор бурд.
ки холо хушк нашуда бошад, балки андар он рутубат бошад. Арақ пухтатар аз пешоб аст, аз баҳри ин ки ин фазлаи [бахши] равғанӣ ва рутубатиест, ки баъд аз гувориши ахир ҷудо шуда бошад. Аммо пешоб аз фазлаи гуворши дуввум аст, Хосиятҳо: Арақ пухтатар аз пешоб аст ва ба ҳасби ҳайвонҳо гуногун бувад. Андар он ҳалкунандагиест, ки чандон кам нест.
Омосҳо: Арақи гӯштигирон бо равғани ҳино аз омоси пайғула судманд буда, балки онро ҳал кунад.
Андомҳои сина: Арақи хушки гӯштигиронро бо равғани ҳино чун бар омосҳои пистон кунанд, онҳоро ҳал кунад ва бо равғани гул аз барои бастани шир андар пистон ба кор баранд.
557. АЗИЗ1 – АЗИЗ
Centaurea centaurium Z. et Erythraea centaurium Рers.
Азизи бузург ва азизи хурд қантуриюни бузург ва қантуриюни хурданд2. Гуфтор андар баёни онҳоро то фасле, ки андар он ҳарфи «қоф»-ро ёд кунем, ба таъхир хоҳем гузошт.
558. УДУ-С-САЛИБ – УДИ САЛИБ, ГУЛИ МАҶАҲ paeonia officinalis Retz.
Моҳият: Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки уди салибро бархе аз мардум «дорои ангуштҳо» ва бархе дигар «ғлиқисидӣ»1 номанд ва маънои ин ба арабӣ «ҳулвату-р-риҳ»2 бошад. Ин растаниест, ки дорои соқи баландияш ду ваҷаб буда, аз он шохаҳои бисёре растаанд. Барги намуди нари он шабеҳ ба барги шоҳбулут ва барги модаи он шабеҳ ба барги карафси кӯҳӣ ва барҷаста бувад. Андар охири соқи он ғилофҳое шабеҳ ба ғилофҳои бодом ҷой доранд ва ҳар гоҳ ин ғилофҳо кушода шаванд, аз онҳо донаҳое мисли хун сурхи сершумори хурд ва шабеҳ ба нордона зоҳир бигарданд. Андар миёни онҳо панҷ-шаш донаи сиёҳи моил ба арғавонӣ ҷой доранд. Бехи уди салиби нар ба қадри ангушт ситабр, як ваҷаб дароз, сафед ва мазааш гиранда бувад. Бехи модаи он шохаҳои шабеҳ ба булут дорад ва онҳо аз ҳафт ё ҳашт адад иборат буда, мисли бехҳои «нармода»-анд.
Андомҳои сар: Агар аз он понздаҳ дона бо молиқиротун биошоманд, аз кобус суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Хӯрдани он, чунонки ҳаст, аз сӯзиши меъда судманд аст.
Андомҳои ронанда: Гоҳе аз бехи он ба қадри як бодом ба заноне бидиҳанд, ки баъд аз нифос тани эшон аз фазлаи ҳайз пок нагардад ва ин бо тозондани хеш эшонро суд бахшад. Агар [бехи] онро бо шароб биошоманд, аз дарди заҳдон, шикам, гурда, обгаҳ ва ярақон нофеъ бошад. Агар онро бо шароб биҷӯшонанд ва биошоманд, шикамро бибандад. Агар аз донаҳои сурхи он даҳ, ё дувоздаҳ ҳабба бо шароби сиёҳи гиранда биошоманд, рафтани хуни заҳдонро манъ кунад. Агар онро кӯдакон бихӯранд ва ё биошоманд, санги андар оғози падидоӣ бударо аз [тани] эшон бибарад. Даҳ ҳабба аз донаи онро агар бо шароби ангубин [биошоманд], аз ихтиноқе, ки аз сабаби дарди раҳм падид омада бошад, суд бахшад.
559. АРН1 – АРН
Onobrychis viciaefolia Scop.
Моҳият: Дисқуридус чунин тасдиқ кардааст: «Арн растаниест, ки дорои баргҳои шабеҳ ба барги наски (405) хурд, вале дарозтар аз он, соқи дарозияш як ваҷаб, гули сурх ва бехи хурд бувад. Он андар ҷойҳои пасти бекорхобида бирӯяд. Ин растанӣ андар бархе аз кишварҳо ёфт шавад».
Хосиятҳо: Зимоди барги онро агар бо равғани зайтун зимод кунанд, арақ оварад.
Омосҳо: Агар онро кӯфта, зимод кунанд, хуроҷҳо ва табишҳои афрӯхтаро ба таҳлил бибарад.
Андомҳои ронанда: Агар онро бо шароб биошоманд, қатра-қатра омадани пешобро беҳ кунад.
560. АКРУ-З-ЗАЙТ – ДУРДИ РАВҒАНИ ЗАЙТУН

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо