Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Br., Calotropis procera R. Br.
Моҳият: Ин дарахти арабии яманист ва яке аз исфидакширҳост. Ҳикоят кунанд, ки як гунае аз ушар аст, ки андар сояи он нишастан касро бикушад.
Табъ: Ушар гарми хушк аст ва гармияш то ба дараҷаи севвум ва хушкияш то ба чаҳорум бирасад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар он гирандагии муътадил бувад.
Оростагӣ: Тило кардани он саъфа, ва парюнро судманд аст.
Андомҳои сар: Ушарро чун бар сар тило кунанд, сабӯса бибарад. Онро бо ангубин бар қулоъи даҳони бачагон тило кунанд, онро бибарад.
Андомҳои ронанда: Шикамро бикушояд ва рӯдаҳоро нотавон кунад.
Заҳрҳо: Аз он як синфест, ки агар инсон андар сояи он нишинад, ӯро зиён бирасонад ва бошад, ки бикушад, бинобар ин, аз он бояд эҳтиёт шуд. Се дирамсанг аз шири он андар миёни ду рӯз шуш ва ҷигарро пора карда, одамро бикушад.
548. АҚРАБ – КАЖДУМ
Scorpius
Андомҳои сар: Равғани зайтуни [бо] каждумҳо [парварда] аз дардҳои гӯш сахт судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Каждуми сӯхтаро агар биошоманд, сангро андар обгаҳ ва гурда хурд кунад.
549. (403) АЗОА – АЗОА, ЧАЛПОСА
Lacerta
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Азоаро бархе аз мардум «савро»1 хонанд. Он ҷонварест чун карбоса, вале сабзранги оҳистараванда буда, ба рангҳои гуногун бигардад. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки агар он андар оташ бидарояд, насӯзад. Таъсири он камқувват аст. Онро мисли коғнаҳо захира карда, ҳамчунин рӯдаҳояшро берун оранд, дасту пойҳояшро бибуранд ва андар ангубин нигоҳ доранд».
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Азоа чун судбахшии коғнаҳо аз барои гар судманд бувад. Он андар таркиби марҳамҳои хӯрандаи созгор бидарояд.
Оростагӣ: Дунби онро агар бо равғани зайтун то нарм шудан биҷӯшонанд, мӯйро бирезонад.

онро бисованд, аз он бӯи ниҳоят баде бархезад. Он дорои гулҳои ниҳоят тунук ва самари хурди арғавонист.
Чунонки гуфтаанд, ин [растанӣ] андар шӯразорҳо, сари роҳҳо ва вайронаҳо бирӯяд.
Хосиятҳо: Қувваи он сахтиҳоро ҳал кунад.
Решҳо: Аз барои решҳои палид ва хӯра судманд аст.
Омосҳо: Агар онро рӯзе ду бор ба таври нимгарм зимод кунанд, аз барои омосҳои саратонӣ, ханозир ва омосҳои дигар судманд бувад.
Андомҳои сар: Қувваи барг ва шохаҳои он аз барои омоси паси гӯш ва бодомакҳо судманд аст.
552. ОЛИЮН1 – ҒОЛИЮН, ШИРПАНИР,
ЧАСПАК
Galium verum L.
Моҳият: Бархе аз мардум онро «ғолиюн» ва бархе «ғолориюн»2 хонанд ва ҳар ду исм аз [ибораи] «баста гардондани шир» иштиқоқ шудаанд, зеро он мисли панирмоя ширро бибандад. Он растаниест, ки дорои баргу пояҳои шабеҳ ба баргу пояҳои растании бо номи «афоринӣ»3 [маъруф] бувад. Бар сари он гулҳое нишастаанд, ки сафеди моил ба зардӣ, тунук, зич ва бисёр хушбӯянд. Он андар бешаҳову найистонҳо бирӯяд.
Хосиятҳо: Гули онро агар зимод кунанд, аз ҷаҳида рехтани хун суд бахшад.
Решҳо: Ҳамчунин гул ва барги он аз барои оташсӯхта судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гоҳе онро бо мумравғани аз равғани гул омодасохта биомезанд ва бо намак чандоне шикананд, ки сафед гардад, он гоҳ аз мондагӣ ва дарди мондагиҳо суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он шаҳвати ҷимоъ биангезад.

  1. УНЪИЛӢ1 – ҒУНҒИЛӢ, ШАЛҒАМИ БӮСТОНӢ
    Brassia rapa L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Унъилӣ шалғами бӯстонист». Мо гуфторро андар баёни ин то ба ҳангоми зикри [шалғам] андар фасли ҳарфи «шин» ба таъхир бигузорем2.

  2. АРҚУН1 – ҒАРОНИЮН, ГУЛИ ШАМЪДОНӢ
    Geranium [Моҳият]: Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки ғарониюн растании дорои баргҳоест, ки шабеҳ ба баргҳои лола буда, пора-пораи дарозанд, онро бехест, ки гирд, панҷбахша ва хӯрокист. Агар аз он ба қадри як драхмӣ бо шароб биошоманд, бодҳоро ба таҳлил бибарад. Чунин ёд кардаанд, ки ғарониюнро як намуди дигарест.
    Он дорои шохаҳои борик буда, бар рӯи он баргҳои шабеҳ ба барги малухиё дида шаванд. Андар охири шохаҳои он як чизи барҷастаест, ки сар ва минқори кулангро монад. Он на андар синоати тиб, балки андар синоати дигаре ба кор равад ва моро лозим нест, ки онро андар ин ҷой ёд кунем.
    Андомҳои ронанда: Ба қадри як драхмӣ аз он бо шароб бодҳоеро ба таҳлил бибарад, ки заҳдонро дам андохта бошанд.

  3. ОЛУСИС1 – ҒОЛИБСИС
    Lamium purpureum L.
    Моҳият: Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки ғолибсисро аҳли Табаристон «палиҳим»2 хонанд. Ин растаниест, ки андар ҳама бахшҳои хеш ба газна шабоҳат дорад, вале баргҳояш суфтатар аз баргҳои газна бувад. Агар барги

  4. ИЗОМ – УСТУХОНҲО
    Ossa
    Хосиятҳо: Устухонҳои сӯхта ҳалкунандаи хушкиоварандаанд.
    Оростагӣ: Гуфтаанд, ки агар [сӯхтаи] шитоланги хукро бар барас тило кунанд, нафъ кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ