Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хосиятҳо: Уд латиф, кушояндаи суддаҳо, шиканандаи бод ва барандаи рутубати зиёдатӣ буда, андомҳои андаруниро қувват бахшад ва андомҳоро нагузорад, ки ба сӯи онҳо моддаҳо битарованд11.
Орастагӣ: Хоидани он бӯи даҳонро сахт хуш кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асабҳоро нерӯманд гардонад, ба онҳо равғаннокию часпакии латифе бахшад.
Андомҳои сар: Уд мағзро сахт судманд аст ва ҳоссаҳоро нерӯманд бигардонад.
Андомҳои сина: Дилро қувват ва хуррамӣ бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар якуним дирамсанг аз удро биошоманд, рутубати уфунатиро аз меъда бибарад ва меъдаву ҷигарро нерӯманд бигардонад.
Андомҳои ронанда: Уд дорои қувваи табиатро банданда аст ва аз зусанториё, хусусан аз савдовии он суд бахшад.
539. УРУҚУ-С-САББОҒИН1 – 1) ЗАРДЧӮБА;
2) МОМИРОН

  1. Curcuma longa z. 2) Chelidonium majus L.
    Моҳият: Ин маъруф аст.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Вай дорои зудояндагии қавист.
    Андомҳои сар: Хоидани он аз дарди дандонҳо суд бахшад.
    Андомҳои чашм: Фишурдаи он андар тез кардани биноӣ, зудудани обе, ки андар пешгоҳи ҳадақа падид ояд ва сафедии [чашм] сахт судманд аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: «Бехи рангрезон» хусусан бо анисун ва шароби сафед аз ярақоне, ки аз суддаҳо падид омада бошад, судманд аст.
  1. УННОБ – ЧЕЛОН
    Zizyphus sativus gaertn.
    Моҳият: ин меваи дарахти маъруфест, ки аксар ба Ҷурҷон рӯяд. Он гунае, ки аз дигар шаҳрҳост, хурдтар аз унноби ҷурҷонӣ бувад.
    Ихтиёр: Беҳтарини он бузургтар, хушнамудтар ва сурхтари он бувад.
    Табъ: Андар сардӣ ба дараҷаи якум майл дорад ва андар ковокию хушкӣ муътадил буда, андаке ба тарӣ бигарояд.
    Хосиятҳо: Ҷолинус гуфтааст: «Ман андар он ҳеҷ суде намебинам: на андар нигоҳ доштани тандурустии мавҷуда ва на андар баргардондани тандурустии набуда». Каси дигар гуфтааст, ки он аз тезии хуни гарм суд бахшад. Ба гумонам ин ба сабаби он аст, ки хунро ситабр карда, онро часпанда созад. Аммо ба чунин гумоне, ки гӯё хунро соф карда, бишӯяд, моил нестам. Ғизои он андак ва гуворишаш ба сахтист. Сухани хубро андар баёни челон ҳакими фарзона Ҷолинус гуфтааст: «Андар нигоҳ доштани тандурустӣ ва дур сохтани беморӣ ҳеҷ таъсире аз челон наёфтам, лекин онро душворгувори камғизо дарёфтам».
    Андомҳои сина: Челон аз барои сина ва шуш хуб аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда бад буда, душворгувор аст.
    Андомҳои ронанда: Гурӯҳе чунин тахмин кунанд, ки челон аз барои дарди гурда ва обгаҳ судманд аст.

  2. АФС1 – МОЗУ
    Gallae turcieae
    Моҳият: Ин самари дарахти бузургест, ки андар бархе аз кишварҳо бирӯяд. Бархе аз онҳоро аз дарахташ ба ҳоле дарёбанд, ки тоза, хурд ва дандонадори рехта буда, сӯрох-сӯрох нестанд ва ба иллати тозагӣ онҳоро «умфоқитис»2 хонанд. Бархе дигар аз онҳо суфтаи сабук ва сӯрох-сӯроханд.
    Ихтиёр: Беҳтарини он норасидаи гаронсанги сахт аст.
    Аммо зарди ковоки он камқувват бувад ва бар болои ахгар бисӯзад.
    Табъ: Мозу андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
    Хосиятҳо: Гирандагии он сахт аст ва рутубатҳоро ҷорӣ шудан нагузорад. Гавҳари хокии он сард бувад.
    Оростагӣ: Оби он ва оби шустаи он мӯйро сиёҳ кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Мозуро бо сирко бар парюнҳо тило кунанд, онҳоро нест кунад. Агар совидаи онро бар фарози гӯшти зиёдатӣ бипошанд, онро пажмурда кунад.
    Андомҳои сар: Рутубатҳои табаҳшударо ба сӯи забон ва вораҳо ҷорӣ шудан нагузорад. Вай хусусан бо сирко аз қулоъ ва хусусан [аз қулоъи] бачагон суд бахшад. Агар онро андар дандонҳои кирмхӯрда биниҳанд, судманд бошад.
    Андомҳои ронанда: Совидаи онро бар об афканда, аз барои решҳои рӯда ва исҳоли деррав биошоманд. Инчунин агар онро андар ғизоҳо афкананд, аз барои ин кор созгор бувад.

  3. (400) УЛЛАЙҚ – МАРВИҶОН
    Rubus fruticosus L.
    Моҳият: Баъзеҳо гуфтаанд, ки он авсаҷ аст. Як синфе [аз онро] «марвиҷони саг» (настаран) номанд ва дорои самаре чун зайтун буда, даруни он чун пашм аст. Ин намуд аз марвиҷон андар шаҳри Шаҳризур ва андар шаҳри Фосус ёфт шавад. Ба наздики ман уллайқ растаниест, ки ғайри авсаҷ бувад, зеро Дисқуридус андар китоби хеш, ки «Китоби гиёҳҳо» ном дошта, андар ҳаюлои тиб аст, моҳияти уллайқ ва моҳияти авсаҷро овардааст ва ҳар кадом аз инҳо аз ҷиҳати растанӣ ва феълҳо мухолифи якдигар ёд шудаанд. Ӯ гуфтааст: «Уллайқ растании маъруф аст. Навъе аз он андар кӯҳи Идо рӯяд ва ин исм барои вай аз он иштиқоқ шудааст. Ин навъ аз уллайқро шохаҳо хеле нармтар аз навъи аввал аст ва он дорои хорҳои хурд бувад. Уллайқро як синфест, ки тамоман бе хор аст ва феъли ин ба феъли навъи пеш аз ин ёдшуда шабоҳат дорад, вале илова ба он агар гули инро бо ангубин нарм кӯфта, бар чашм биолоянд, аз омоси гарм суд бахшад».
    Ихтиёр: Фишурдаи он, ки ба тариқи андар офтоб хушконидан баста бошад, андар таъсир қавитар аст.
    Табъ: Марвиҷон сарди хушк аст ва меваи пухтаи он дорои як миқдор гармист.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Марвиҷон бо тамоми бахшҳояш гирандаи хушкифизост ва баргаш ба сабаби бахши обӣ доштан андар ин кор камқувваттар бувад.
    Оростагӣ: Ҷӯшонидаи шохаҳои он бо баргҳояш мӯйро ранг кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Зимод ва барги он намларо хази дан нагузоранд ва он аз барои сурхбод низ хуб аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ