Қонуни тиб

Хилти он ситабр аст. Агар онро хушк кунанд, ба таври намоён қабз кунад. Шукуфаи он низ чунин аст. Бехи марвиҷон латифии якҷоя бо гирандагӣ дорад ва бад-ин сабаб сангро хурд кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Марвиҷон аз решҳои бар сар падидоянда нофеъ аст ва ҷароҳатҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои сар: Агар баргҳои онро бихоянд, вораҳоро сахт кунад ва қулоъро беҳ созад. Самари расидаи он низ чунин бошад. Фишурдаи самар ва барги он дардҳои гарми даҳонро беҳ кунад ва баргаш решҳои сарро шифо бахшад. Аз самари марвиҷон зиёд ба кор бурдан сардард оварад.
Андомҳои чашм: Марвиҷон аз баромадани чашм судманд аст.
Андомҳои сина: Бахшҳои марвиҷон аз хунпартоӣ суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бо барги он меъдаи заифи пазирои моддаҳоро зимод кунанд, онро нерӯманд бигардонад.
Андомҳои ронанда: Марвиҷон шикамро бибандад.
Агар аз самари настаран бахши пашмии онро биандозанд ва худи онро бипазанд, оби он шикамро бибандад.
Он ба тариқи зимод сайлони рутубатҳои дерравро аз раҳм боз дорад ва аз бавосири андар мақъад рӯида, ки аз он хун биравад, суд бахшад. Марвиҷон ва гули он аз решҳои рӯдагон ва кушодагии табиат судманд аст ва ба сабаби латифии хеш сангро хурд созад.
Заҳрҳо: Марвиҷон барои газидагии ҳайвоне, ки бо номи «қерастес»2 маъруф аст, созгор бувад.
543. АВСАҶ1 – ДЕВХОР
Lycium afrum L. seu L. europaeum L.
Моҳият: Гурӯҳе гуфтаанд, ки авсаҷ марвиҷон аст.
Дисқуридус гуфтааст: «Ин дарахтест, ки андар шӯразорҳо рӯяд, шохаҳои ростбаромадаи хорнок дошта, мисли дарахтест, ки онро «уқсиёқансус»2 хонанд. Андар шохаҳо ва хорҳои он баргҳои андаке дарозрӯя нишастаанд, ки бо рутубати часпаки ба даст часпанда пӯшидаанд.
Авсаҷро як намуди дигарест, ки ғайри ин намуд бошад ва он сафед бувад3. Онро [боз] як намуди дигар аст, ки баргҳояш сиёҳтар ва паҳнтар аз [навъи аввала] буда, андаке ба сурхӣ гарояд4. Шохаҳояш дароз буда, то ба панҷ зироъ бирасанд. Ин намудро хорҳояш бештар ва камқувваттар аз [навъи] дигар аст ва [ин] хорҳо камтар тез бошанд. Меваи он паҳни тунук буда, гӯӣ андар ғилоф аст.
Авсаҷро меваест, чун тут, ки онро бихӯранд. Он аксар андар кишварҳои сард бирӯяд».
Хосиятҳо: Гурӯҳе чунин даъво кардаанд, ки агар авсаҷро бар фарози дарҳо ва ё равзанҳо биовезанд, таъсири ҷодуро бекор созад.
Табишҳо: Барги ҳамаи гунаҳои он ба тариқи зимод аз сурхбод ва намла судманд аст.
544. АНКАБУТ – ТОРТАНАК
Aranea domestica
Феълҳо ва хосиятҳо: Ошёни онро агар бар ҷароҳатҳо биниҳанд, хун рафтан нагузорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар ошёни онро бар решҳову ҷароҳатҳо биниҳанд, онҳоро аз варам кардан нигоҳ дорад.
Андомҳои сар: Агар ошёни тортанакро, ки ситабрбофта ва сафед бошад, бо равғани гул биҷӯшонанд ва андар гӯш бичаконанд, дарди онро ором кунад.
Табҳо: Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар ошёни тортанакро бо баъзе марҳамҳо биомезанд ва бар пораи катон андуда, бар пешонӣ ва ҳар ду гиҷгоҳӣ бичаспонанд, таби рӯзафканро беҳ кунад. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки ошёни тортанакеро, ки бофтаи он (401) зичи сафед аст. агар андар пӯст баста, бар гардан ва ё бозу биовезанд, таби рӯзафканро шифо бахшад. Дисқуридус гӯяд: «Таби чаҳоррӯзиро шифо бахшад».
545. АДАС – НАСК
Lens esculenta Moench.
Моҳият: Ҷинсе аз наск хӯрокӣ буда, машҳур аст ва ҷинсе аз он даштии бад аст. Наски талх1 дорои гармии намоён, хушкӣ ва андаке гирандагист. Ба гуфтаи Дисқуридус он гиёҳи баланди сершох буда, шохаҳояш аз замин болост, рангашон ба ранги биҳист ва баргҳояшон дарозтару бориктар буда, андаке дурушт ва моил ба сафедиянд. Ин [намуд] андар кӯҳҳои Табаристон бисёр кишт шавад ва онро «наск» номида, ба мор нисбат диҳанд ва ба забони эшон «мормарҷу» бувад. Он дорои донаҳоест, ки чун наск ва хурд буда, андар ғилофҳои дароз ҷойгиранд.
Ихтиёр: Беҳтарин наск онест, ки зуд бипазад ва он сафеди паҳн буда, чун андар об биафтад, онро сиёҳ накунад. Наскро ба ҳангоми ҷӯшонидан бояд хуб пухт.
Табъ: Ҷолинус [гуфтааст], ки наск ё андар гармию сардӣ муътадил аст ва ё андаке ба гармӣ бигарояд. Бадин сабаб наск баъди хӯрдан чи ҳангоми андар меъда будан ва чи ҳангоми гузаштан, сардӣ наоварад.
Хосиятҳо: Наск бодангез буда, аз қувваи гиранда ва зудоянда таркиб ёфтааст. Вай боиси дидани хобҳои бад бигардад. Қабз кардани пӯсти он бештар буда, андар ҷумлаи [бахшҳои] он бодангезии зиёд аст, хунро ситабр созад ва он андар рагҳо гузаштан натавонад. Наск пешоб ва хуни ҳайзро бикоҳад ва аз он хилти савдовӣ ва бемориҳои савдовӣ падид оянд. Гоҳе кашки ҷав зидди он буда, аз якҷоя сохтан ва омехтани ҳар ду ғизои ниҳоят хубе ҳосил шавад, ки қариб андар шумори беҳтарин ғизоҳо бидарояд. Кашки ҷав бояд камарзиштар аз наск бошад. Наск бо чугундар низ сутудағизост, аз баҳри он ки ин ду низ андар ҳолатҳо бо ҳам зидданд ва [якдигарро] муътадил бигардонанд. Ба он ҷав ва пудина ҳамроҳ кунанд. Аз ҳама бад он аст, ки наскро бо намаксуд биҷӯшонанд. Бояд бар як ман наск ҳафт ман об рехта, хуб пазонанд.
Омосҳо: Агар наскро бо сирко пухта, зимод кунанд, ханозир ва омосҳои сахтро ҳал кунад. Андар наск ба изофаи пас гардондани [модда] фароҳам овардани рим низ ҳаст. Бисёр ба кор бурдани он саратон ва омосҳои сахтеро бизояд, ки «сиқирус»2 ном доранд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар наскро бо сирко биҷӯшонанд, решҳои амиқро гӯшт пур кунад, палидии решҳоро биканад ва чиркҳои онҳоро бикоҳад. Агар [решҳо] бу зург бошанд, [наскро] бо чизе аз қабили пӯстҳои анор ва ғайра [биҷӯшонанд], ки гирандатар бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо