Қонуни тиб

Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст. Гунае, ки карахткунанда аст, андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Тухми навъи бӯстонии он гиранда аст. Як ҷинсе аз он карахткунандаи хобоваранда буда, андар хислатҳои худ афюнро монад, вале заифтар аз он бувад. Ҷинсе аз он, чунонки гуфтем, қотил аст.
Омосҳо ва табишҳо: Аз барои ҳамаи омосҳои гарм, чи берунӣ ва чи андарунӣ, зимоди хубест ва оби онро аз барои омосҳои гарми андарунӣ биошоманд. Оби ангури сагакро бо сафеда ва равғани гул бар сурхбод ва намла зимод кунанд. Лифи бехи он сахт хушкӣ оварад. Ҳамчунин барги он бо ҷентиёно аз барои сурхбод ва намла судманд аст.
Андомҳои сар: Агар (398) аз карахткунандаи беш аз он дувоздаҳ дона биошоманд, девонагӣ ба амал оварад ва агар аз оби он ғар-ғара кунанд, омосҳои забонро нафъ кунад. Агар аз лифи бехи он ба андозаи як мисқол бо шароб биошоманд, хоб оварад. Агар рӯбоҳразакро нарм кӯфта, зимод кунанд, сардардро беҳ кунад, омосҳои буни гӯш ва омосҳои пардаҳои мағзро ба таҳлил бибарад ва чаконидани он дарди гӯшро суд бахшад. Агар пӯстҳои бехи навъи севвумро бо шароб бипазанд ва пухтакови онро андар даҳон бигиранд, аз дарди дандонҳо нафъ кунад.
Агар ба қадри як мисқол аз намуди чаҳорум бо шароб биошоманд, шахси ошомандаро хаёлҳое ба сар оянд, ки ҳавлнок набошанд ва хобҳои безиён ва ошноёна бинад.
Андомҳои чашм: Ғарби кафидаро беҳ кунад. Фишурдаи ҳамаи синфҳои он, ҳатто навъи хобоварандаашро ҳам ба чашм бикашанд, биноиро қавӣ созад. Гоҳе шиёфи аз барои дардҳои чашм сохтаро ба ҷои об ва ба ҷои сафедии хояи мурғ андар [фишурдаи] он бигудозанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар бо он ба танҳоӣ зимод кунанд, афрӯхтагии меъда ва гурдаро суд бахшад.
Андомҳои гиранда: Тухми рӯбоҳрадаки карахткунанда пешобро битозонад ва гурдаю обгаҳро пок кунад. Агар ҳар гуна рӯбоҳразакро ба зер баргиранд, хуни ҳайзро бибандад. Он аз ҷумлаи доруҳои сардкунанда аст ва иҳтиломро боз дорад.
Заҳрҳо: Агар аз як навъи рӯбоҳразак, ки ғайри кокана, ғайри рӯбоҳразаки бӯстонӣ ва ғайри рӯбоҳразаки карахткунандаи ёдшуда аст, ба андозаи чаҳор мисқол бихӯранд, аз рӯи гуфтаҳо, бикушад ва камтар аз он девонагӣ падид орад.
Андар ин навъ ба ҷуз зимод кардан дигар ҳеҷ суде аз судҳои рӯбоҳразак нест.
537. АНБАР1 – АНБАР
Ambra
Моҳият: Анбар, чунонки гумон биравад, аз чашмае андар [миёни] дарё берун ояд ва чунин гуфта, ки гӯё он кафки дарёст ва ё саргини ҳайвоне, [аз ҳақиқат] дур бошад.
Вале як шахсе, ки ба гуфтаи ӯ маро бовар аст, ба ман чунин нақл кард, ки ӯ андар рӯзгори барноӣ андар [кишварҳои] дарёӣ будааст ва сафари дарё кардааст. Сипас ӯ гуфт:
«Ман чун ба шаҳре аз шаҳрҳои дарёӣ андаромадам, ки мардумонаш онро «Бухох» хонанд, оғози рӯз буд ва
ҳамроҳи мардумон ба канори дарё шудем. Ҳангоми мавҷ задани оби дарё андар соҳил мо анбарҳоеро меёфтем, ки ба шакли пора-пора ва ба рангҳои гуногун буданд ва ҳар кӣ аз мо пешдастӣ карда, онҳоро мегирифт, аз они ӯ мешуд. Ман аз бошандагони он шаҳр аз ин бобат ва сабаби он пурсидам, эшон гуфтанд, ки одатан ин дарё ҳамин тавр аст ва ҳамеша ба аксар вақт чунин бувад».
Ихтиёр: Беҳтарини он хокистарранги қавӣ ва салоҳутӣ, баъд анбари кабуд ва сипас анбари зард аст. Бадтарини он навъи сиёҳ аст ва онро бо гаҷ, мум, лозан ва манда мағшуш созанд. [Манда] синфи сиёҳи бади анбар буда, аксар вақт андар шиками моҳие ёфт шавад, ки онро бихӯрад ва бимирад.
Табъ: Гарми хушк буда, чунин ба назар бирасад, ки гармияш андар дараҷаи дуввум ва хушкияш андар дараҷаи якум аст.
Хосиятҳо: Анбар бо гармсозии латифи хеш пиронро суд бибахшад.
Оростагӣ: Аз миёни манда як синфест, ки дастро хизоб кунад ва онро барои он, ки ранги хизоб мувофиқат кунад, ислоҳ созанд.
Андомҳои сар: Мағз ва ҳоссаҳоро суд бахшад.
Андомҳои сина: Дилро сахт судманд аст.
538. УД1 – УД
Aquilaria agallocha roxb (Aloxylon agallenum Lour).
Моҳият: Ин чӯб ва бехҳои чӯбиест, ки аз кишвари Чин, аз кишвари Ҳинд ва аз кишвари Араб оваранд. Он ба сахтӣ ва рехтани хеш санги дорукӯбиро монад ва бархе аз он нуқтадори сиёҳранг бувад. Уд хушбӯйи гиранда аст, андаке талхӣ дорад ва онро қишрҳое бошанд, ки гӯӣ пӯстанд.
Ихтиёр: Беҳтарини гунаҳои он ба наздики бархе аз мардумон мандалист, ки онро аз миёни кишвари Ҳинд биоваранд ва сипас онест, ки онро «ҳиндӣ» гӯянд ва он кӯҳии усулӣ бошад. Ин аз навъи мандалӣ бо он бартарӣ дорад, ки шупуш падид наорад ва [бӯи он] андар ҷомаҳо дертар бимонад. Баъзе касон миёни уди мандалӣ ва ҳиндии бартаридошта фарқ кардан натавонанд. Яке аз удҳои беҳтарин самандурист ва он аз Суфолаи Ҳинд бархезад2. Сипас уди қуморӣ биистад, ки ин [низ] аз Суфолаи Ҳинд бархезад. Навъи санфӣ3 аз Суфола аст. Баъди он қоқулӣ, уди даштӣ, уди қатафӣ4 ва уди чинӣ биистанд. [Уди чинӣ] удест, ки «кашмирӣ»5 ном дошта, тари ширин аст. Аз инҳо пасттар уди ҷилоӣ6, монтоқӣ7, лавотӣ8, рабитонӣ9 ва мандалӣ буда, умуман хубанд. Сипас беҳтарини уд самандурии10 кабуд, гаронсанг, сахт, сероб ва (399) ситабр буда, сафедӣ надорад ва бар болои оташ биистад. Гурӯҳе сиёҳи онро беҳтар аз кабуди он шуморанд. Беҳтарин уди қуморӣ сиёҳи пок аз сафедӣ, гарон, бар болои оташ поянда, ситабр ва сероб бувад. Умуман, беҳтарини уд онест, ки андар об фурӯтар биравад, аммо бар сари об гарданда бе ҳаёту рӯҳ буда, бад аст. Уд, чунонки гуфтаанд, реша ва бехҳои дарахтонест, ки онҳоро бикананд ва андар замин бигузоранд, то гавҳари чӯбию қирии он гандида, уди холис боқӣ бимонад.
Табъ: Ба гумони ман андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо