Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. САРАХС1 – САРАХС
    Dryopteris filix mas et – Aethyrium filix-femina roth.
    Моҳият: Ҳаким Дисқуридус гуфтааст: «Сарахс ду синф аст. Яке аз онҳо сарахси нар бувад. Ин растаниест, ки бе барг, гул ва самар буда, дорои парҳоест, ки бар соқи баландиаш як зироъ ва ё бештар аз он нишастаанд.
    Баргҳои он барҷастаи дандонадор ва борик буда, мисли паранд. Ин [сарахс] бӯе дорад, ки андаке ба талхӣ бизанад. Онро бехест, ки намоён, сиёҳ ва дароз буда, дорои шохаҳои бисёр аст ва андар таъми он гирандагист. Ин растанӣ ё андар мавзеъҳои кӯҳӣ ва ё андар ҷойҳои харсангӣ бирӯяд. Бехи он кирми кадудонаро берун ронад. Бархе аз пешиниён онро «фулуризун»2, бархе аз мардум «билихун»3 ва баъзеҳо «талубтариси нар»4 номанд. Ба Табаристон онро «ҳор» хонанд.
    Намуди дигаре аз он мода буда, бархе аз мардум онро «нимфобторис»5 номанд. Ин растаниест, ки дорои барги шабеҳ ба барги сарахси нар буда, вале шохаҳои бисёри дарозтар аз [шохаҳои сарахси нар] дорад. Решаҳои он паҳн, дароз, бузург ва бисёр буда, сурхи андаке моил ба сиёҳиянд ва бархе аз онҳо мисли хун сурханд. Ҳар кӣ онро ошомидан бихоҳад, бояд пеш аз он нахуст як миқдор сир бихӯрад. Сарахси нар ба феъл қавитар аз гунаи дигарист».
    [Ин ҳамонест, ки «килдору»6-яш хонанд. Вай мисли пораҳои бехҳоест, ки аз ҷузвҳо ба ҳам расида бошанд ва бо пӯстҳое пӯшида шудаанд, ки аз онҳо ҷудоянд. Гунае аз сарахс нар ва гунае мода аст ва нараш қавитар бувад]7.
    Табъ: Сарахс андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Сарахс бидуни газанд хушкӣ оварад ва дорои талхӣ ва гирандагист.
    Ҷароҳатҳо: Сарахс ҷароҳатҳоро фароҳам оварад. Гунаи модаи онро чун бихушконанд, бисованд ва бар решҳои тари ба сахтӣ беҳшаванда бипошанд, онҳоро беҳ кунад.
    Андомҳои ронанда: Сарахс кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад. Агар чаҳор мисқол аз онро бо оби ангубин ва хусусан бо сақмуниё ва ё бо шаш, ё нуҳ қирот харбақи сиёҳ биошоманд, бағоят ронанда бувад ва андар ин бобат сахт амал кунад. Агар аз модаи он се мисқол бо шароб биошоманд, кирмҳои дарозро берун кунад. Агар зан миқдоре аз судаи онро биошомад, обистан нашавад, ва агар зани обистан онро биошомад, бача афканад. (380) Гоҳе онро хушконида, бар шикам тило кунанд. Агар сарахсро биошоманд, ҷанинро бикушад. Барги нав падидомадаи онро чун ба шакли пухта бихӯранд, шикамро нарм кунад.
  2. СОЗАҶ – СОЗАҶ, СОДА
    Cinnamomum citriodorum Thwait.
    Моҳият: Ин аз ҷиҳати қувват ба сунбул наздик, вале нармтар аст. Созаҷ чун шоҳисфарам аз баргҳои бар рӯи об зоҳиршаванда ва шохаҳо иборат ва дорои шукуфаи совидашаванда аст. Вай андар сарзамини Ҳинд андаруни обҳои истода ва шиварзаминҳо бирӯяд ва мисли растании бо номи «наски обӣ»1 маъруф аз ғайри пайваста будан ба бехе бар рӯи об биистад. Гоҳе онро андар ҷояш бо нахе бибанданд ва бихушконанд. Гурӯҳе гумон карда

анд, ки он барги нордини ҳиндист, зеро он андар қувват бад-он монад. Равғани он андар қувват чун равғани бобунаи говчашм ва равғани заъфарон, балки аз онҳо ҳам қавитар бувад. Дисқуридус гуфтааст: «Мардумоне, ки ба иллати монандии бӯй созаҷро барги нордин гумон кунанд, хато хоҳанд кард, зеро чизҳои бисёре вуҷуд доранд, ки бӯяшон бӯи нординро монад, масалан, фу, асорун ва ваҷ. Созаҷ на онест, ки эшон гумон доранд ва пиндоранд, балки он ҷинси дигаре бувад, ки андар бархе аз ҷойҳои кишвари Ҳинд бирӯяд. Он баргест, ки бар рӯи об зоҳир гардад ва ҳар гоҳ об андар тобистон бихушкад, бо ҳезум андар он ҷой оташ афрӯхта, он заминро бисӯзанд, зеро агар чунин накунанд, барги [созаҷ] нахоҳад рӯид. Як қисм созаҷест, ки резонак буда, бӯяш мисли бӯи чизи карагирифта аст. Ин бад бувад. Қувваи ин бахш аз созаҷ қувваи нординро монад.
Ихтиёр: Беҳтарин созаҷ онест, ки нав буда, рангаш ба сафедӣ бизанад, резонак набошад, бӯи тези нординӣ дошта бошад, каранок, шӯр ва ковок набошад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Чунон ки гуфтаанд, агар онро андар ҷомаҳо гузоранд, онҳоро аз матта задан нигоҳ дорад.
Оростагӣ: Агар онро андар зери забон бигиранд, бӯи даҳонро хуш кунад. Созаҷ аз хӯра шудан боз дорад.
Омосҳо ва табишҳо: Онро баъд аз совидан андар гулоб ҷӯшонида, бар омоси гарм зимод кунанд. Вай аз барои омосҳои гарм доруи хубест.
Андомҳои гизокашӣ: Созаҷ аз барои меъда ва ҷигар хеле беш аз нордин суд дорад.
Андомҳои чашм: Созаҷ аз барои омосҳои гарми чашм созгор аст.
Андомҳои ронанда: Он беш аз нордин пешобро битозонад.
Ҷойнишинҳо: Ба андозаи вазни он аз толисфар ва ё сунбул ҷои онро бигиранд.
479. САВАЛОН – САВАЛОН1
Моҳият: Ин доруи румии маъруф аст.
Табъ: То ба дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Пӯстро бисӯзонад.
Андомҳои сар: Агар ба қадри як ҳабба аз онро бо оби чугундар бар бинӣ бирезанд, аз лақва суд бахшад.
Андомҳои чашм: Савалон омосҳои пилкҳо ва бодгирифтагии онҳо ва омосҳои андар зери чашм оризшударо бигардонад.
480. САРВ – САРВ
Cupressus sempervirens L.
Моҳият: Ин дарахти баланди маъруфест, ки баргҳои он ба иллати нерӯмандии хеш андар хазон ва зимистон нарезанд ва ҳамчунон ба ҳоли сабзӣ боқӣ бимонанд.
Андар таъми он андаке тезию занандагӣ ва талхии зиёд аст ва тундияш бештар аз талхияш бувад. Гармӣ ва тезии он ба андозаеанд, ки қуввати он андар андомҳо сахт фурӯ рафта, қабзи бегазанде бирасонад ва аз дигар [доруҳои] гармкунанда бо он фарқ дорад, ки кашанда нест.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ