Қонуни тиб

Баъзеҳо таъкид кардаанд, ки он ниҳоят сард аст ва чунин ҳукм баровардаанд, ки қувваи он мураккаб аст ва гармияш ба андозаест, ки гирандагияшро андар андомҳо сахт фурӯ бурдан битавонад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Барг ва гавзи он гирандаанд ва андар худи он ҳалкунандагӣ ҷой дошта, рутубатҳоро ҳал кунад. Гавзи он андар ҳама бобат қавитар аз баргаш аст ва дорои часпонандагӣ ва қатъ кардани хун мебошад. Он ҳатто уфунатро бибарад. Чунин пиндоранд, ки агар гавз, шохаҳо ва барги сарвро дуд кунанд, кӯрпашшаҳоро тамоман биронад.
Оростагӣ: Агар онро бо сирко ва боқилии мисрӣ ҷӯшонанд ва бар нохунҳо тило кунанд, пайҳои онҳоро бибарад. Барги он баҳакро биравонад ва мӯйро сиёҳ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар барг, поя ва гавзи он тозаи нарм бошанд, ҷароҳатҳоеро, ки андар андомҳои сахт ҷой доранд, фароҳам оваранд. Сарв хусусан бо орди ҷав аз намла ва сурхбод судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар бо барги тоза ва гавзи он зимод кунанд, аз барои фатқ хуб бувад ва бо орди ҷав бар сурхбод ва монанди он биниҳанд, суд бахшад. Агар онро зимод кунанд, асабҳоро қавӣ созад, (381) фатқи хояро пажмурда кунад, [мушакҳои] сустшударо қавӣ ва мустаҳкам созад.
Андомҳои сар: Агар гавзи сарвро бо анҷир нарм кӯфта, аз он фатилае андар бинӣ бисозанд, гӯшти зиёдатии онро беҳ кунад. Ҷӯшонидаи он бо сирко дарди дандонҳоро ором кунад.
Андомҳои чашм: Ба тариқи зимод кардан аз омосҳои чашм суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ: Гавзи онро бо шароб аз барои хунпартоӣ, душвории нафаскашӣ, нафаси росто ва аз барои сурфаи кӯҳан бидиҳанд. Ҷӯшонидаи он низ сахт судманд аст.
[Андомҳои ғизокашӣ: Сарв бо гирандагии хеш меъдаро қавӣ созад]1.
Андомҳои ронанда: Барги онро чун бо тило биошоманд, аз барои ба сахтӣ омадани пешоб ва ҷорӣ шудани фазлаҳо ба сӯи обгаҳ судманд бошад. Инчунин аз решҳои рӯдагон ва аз барои шикаме судманд аст, ки фазлаҳо ба сӯи он ҷорӣ шаванд.
Ҷойнишинҳо: Бадали он ба қадри ними вазни он пӯстҳои анор ва як баробари вазни он анзарути сурх бувад.
481. СУҚУРДИЮН1 – СИРИ ДАШТӢ
Teucrium scordium L.
Моҳият: Ин сири даштист ва аз бӯстонӣ хеле хурд аст. Он дорои барг ва пояи дароз буда, бар сари он гули сафед нишастааст.
Андар бобати он андар боби «сум» («сир») ба тафсил ёд карда шуд2.
Табъ: То ба дараҷаи севвум, балки ба наздики мардумони дигар то чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Суқурдиюн латиф, кушоянда ва зудоянда аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҷароҳатҳои бузург ва палидро фароҳам оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз барои фасхи мушакҳо хуб аст.
482 СУКК – СУКК
Medicamentum compositum
Моҳият: Сукки асил сукки чинист, ки онро аз омула бисозанд, вале ҳоло ки ин камёфт аст, онро аз мозу ва хурмои норас ба тариқаи сохтани ромак омода созанд.
Табъ: Содаи он андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст. Хушбӯ гардонидаи он андар дараҷаи севвум гарми хушк бувад.
Хосиятҳо: Сукк гиранда ва қависозандаи андомҳои андарунист ва андар хушбӯйкардаи он ҳал кардан ва кушояндагии қавӣ ҷой доранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз барои дардҳои асаб хуб аст.
Андомҳои ронанда: Баъзеҳо таъкид кардаанд, ки сукки хушбӯизада боҳро биафзояд, табиат бибандад ва хунравиро суд бахшад.
483. САРАТОН НАҲРӢ – ХАРЧАНГИ РӮДӢ
Cancer fluminalis
Хосиятҳо: Ин ҷонвари сахтгувори серғизост ва бо мош ҷӯшонидан онро ба ислоҳ расонад. Вай пайконҳо ва хорро берун орад. Харчанги дарёӣ латифтар аст.
Оростагӣ: Хокистари он бо ангубини пухта аз барои кафидагиҳои пойҳо, ки аз сармо ба амал омада бошанд, хуб аст. Сӯхтаи он андар таркиби доруҳои баҳак ва кунҷида бидарояд.
Омосҳо ва табишҳо: Харчанги рӯдӣ агар бар омосҳои сахтшуда ниҳода шавад, онҳоро ҳал хоҳад кард.
Андомҳои сина: Гӯшти он хусусан бо шири хар аз бемории сил нофеъ аст ва оби шӯрбои он низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Хокистари он бо ангубин аз кафидагиҳои мақъад хуб аст.
Заҳрҳо: Агар онро зимод кунанд ва ё бихӯранд, аз газидагии каждумҳо ва ғунда суд бахшад. Хокистари онро агар бо ангубин биошоманд, аз барои газидагии саги девона [судманд аст]. Гоҳе аз он бо ҷентиёно аз барои газидагии саги девона доруе омода созанд, ки маъруф аст ва чигунагии муолаҷа бо он андар боби заҳрҳо дониста хоҳад шуд. Чунин таъкид шудааст, ки агар харчанги рӯдӣ бо бодруҷ ба каждум наздик оварда шавад, каждум ҷо ба ҷо бимирад.
484. САРАТОН БАҲРӢ – ХАРЧАНГИ БАҲРӢ
Саnсеr marinus
Моҳият: Ҳар гоҳ «харчанги баҳрӣ» гӯем, на ҳар харчангеро хоста бошем, ки аз баҳр аст, балки гунаи хоссе аз он бошад, ки ҳамаи андомҳои он сангист. Як касе, ки мо ба гуфтаи ӯ боварӣ дорем, чунин гуфт: «Ин саратон андар баҳри Чин аз оби дарё берун омада, андар оби дигаре бидарояд, ки андар паҳлуи баҳр аст ва он ғайри оби баҳр бувад. Ҳар гоҳ харчанг андар он об бидарояд, андаруни об ва ё ҳангоми берун шудан аз он бимирад ва сахт шуда, санг бигардад». Ин ҳолатро ба ман касе ҳикоят кард, ки онро борҳо андар Чин мушоҳида кардааст.
Хосиятҳо: Сӯхтаи он аз ҳамаи доруҳои сӯхта латифтар аст.
Оростагӣ: Сӯхтаи он дандонҳоро бизудояд, доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхро бибарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо