Қонуни тиб

Андомҳои пайвандгоҳҳо: Хузистонӣ гуфтааст: «Пиҳи он бузургтарин дору аз барои фалаҷ бувад».
Заҳрҳо: Заҳраи он худи ҳамон соат касро бикушад.
Ин буд поёни гуфтор аз ҳарфи «нун» ва маҷмӯи он чи, ки ёд кардем, аз бисту шаш номгӯй дору иборат аст.
Фасли понздаҳум
гуфтор андар баёни ҳарфи «син» /س/
- СУЪД – МУШКИ ЗАМИН
Cyperus rotundus z. et С. longus L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин бехи растаниест, ки дорои барги шабеҳ ба ганданост, вале он дароз, бориктар ва сахттар бувад. Мушки замин дорои соқест, ки баландияш як зироъ ва ё бештар бувад. Ин соқ рост нест, балки ба шакли қунҷҳо каҷ буда, шабеҳ ба соқи гӯргиёҳ аст ва андар охири он баргҳои хурд раста ва тухм ҷой доранд. Бехҳои он гӯӣ чун зайтунанд: бархе дароз ва бархе дигар гирди ба ҳам печида буванд ва онҳо сиёҳи хушбӯй ва дорои талхиянд. Ин [растанӣ] андар ҷойҳои паст ва замини намнок бирӯяд. Он гоҳе андар кишвари Тарсус ва андар кишвари Суриё ёфт шавад ва гоҳе андар ҷазираҳое ёфт шавад, ки Қуқлодисаш хонанд. Истафин чунин тасдиқ кунад, ки бархе аз равғанҳоро нахуст бо мозу ва ё бо чизҳои гиранда бипарваранд ва сипас бо мушки замин хушбӯй кунанд. Мушки замин гоҳе ба кишвари Ҳинд ва Куфа ёфт шавад».
Ихтиёр: Беҳтарин мушки замин онест, ки зичи гаронсанг, ба сахтӣ шиканандаи муаттар буда, (379) гиёҳаш кӯтоҳ ва тезияш қавӣ бошад.
[Феълҳо ва хосиятҳо: Мушки замин андаке гиранда аст ва бе газанд хушкӣ оварад. Вай дорои [қувваи] кушояндагӣ буда, ҳатто даҳонаҳои рагҳоро бикушояд. Мушки замин [инчунин ронандаи бодҳо ва сӯзонандаи хун буда, андар таркиби марҳамҳо бидарояд]1.
Оростагӣ: Мушки замин рангро хуб ва бӯи даҳонро хуш кунад. Мушки замини ҳиндӣ, чунонки гуфтаанд, мӯйро бирезонад.
Омосҳо ва табишҳо: [Решҳои] ба душворӣ ҷамъшавандаи тар ва хӯрашавандаро фароҳам оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мушки замин бо равғани сақиздона аз барои дарди тиҳигоҳ [судманд аст] ва камарро қавӣ созад. Зиёда ба кор бурдани он ҷузом ба амал оварад.
Андомҳои сар: Мушки замин аз гандагии бинӣ, даҳон, қулоъ ва истирхои вораҳо судманд буда, ҳофизаро сахт қавӣ гардонад. Он аз решҳои хӯршавандаи даҳон суд дорад.
[Андомҳои ғизокашӣ: Мушки замин меъда ва ҷигарро гарм кунад]2.
Андомҳои ронанда: Сангро берун орад, пешобу хуни ҳайзро битозонад, аз қатра-қатра омадани пешоб ва нота
вонии обгаҳ ниҳоят ва аз сардии он аз он ҳам зиёдтар суд бахшад. Ба гурдаҳо ҳам чунин таъсир дорад, аз сардии раҳм сахт нофеъ аст, аз бавосир ва часпидани даҳони раҳм суд оварад ва аз барои истисқо фоида дорад.
Табҳо: Аз табҳои куҳан нафъ кунад.
Заҳрҳо: Аз газидани каждум ва ҳашарот сахт судманд аст.
476. САНДАРУС – САНДАРУС
Sandaraca (Calzitris quadrivalvis Vent.) Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин самғи дарахтест, ки андар кишвари Араб ва кишвари Ҳинд бирӯяд. Он андаке ба мурр монандӣ дошта, бадтаъм аст. Мардум гоҳе бо он хештанро ва бо мурр ва майъа ҷомаҳои хешро дуд кунанд.
Ин самғҳои [ёдшударо] чун бо оташ бипазанд, сандарус бигарданд».
[Ин самғест, ки рангаш ба ранги заъфаронӣ бизанад ва бештар ба каҳрбо монанд бошад. Гуфтаанд, ки сандарус самғи дарахти соҷ аст]1.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сандарус дорои гирандагист ва хосияташ ин аст, ки хунро бибандад. Онро гӯштингирон барои он ба кор баранд, ки то сабуку қавӣ буда, дамкӯтаҳ нашаванд.
Оростагӣ: Агар ҳар рӯзе аз он се чаҳоряки як дирам бо об ва ё сикангубин биошоманд, қувваи сахт лоғаркунанда дорад.
Решҳо: Агар онро дуд андозанд, носурҳоро хушк кунад.
Андомҳои сар: Дуди он назлаҳоро боз дорад ва манфаати он андар ором кардани дарди дандонҳо ниҳоят бузург буда, ҳеҷ чиз бад-он баробар шудан натавонад.
Вай вораҳоро дуруст кунад.
Андомҳои сина: Сандарус мисли каҳрабо аз хафақон судманд аст, хунравиро боз дорад ва бо хушкифизоии худ аз дамкӯтоҳии тар суд бахшад. Бад-ин сабаб гӯштигирон онро истеъмол кунанд, то ки нафасашон нагирад.
Андомҳои чашм: Сандарус пайҳои андар чашм бударо зуд бизудояд ва агар онро андар шароб бигудозанд ва ба чашм бикашанд, нотавонии биноиро беҳ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Касони ба бемории испурч гирифтор чун аз он биошоманд, суд бибаранд.
Андомҳои ронанда: Сандарус аз исҳоли деррав хуб аст ва дуди он аз бавосир нофеъ бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо