Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. НАФТ1 – НАФТ
    Рetroleum
    Моҳият: Гунаи сафеди он маъруф аст. Нафти сиёҳ бахши тозаи қири бобулӣ ва ғайрааст.
    Табъ: То ба дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Нафт ва хусусан гунаи сафеди он латиф, ҳалкунанда, гудозанда ва кушояндаи суддаҳост.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Нафт ва хусусан сафеди онро тило кунанд, аз дардҳои сурин ва дардҳои пайвандгоҳҳо судманд бошад.
    Андомҳои сар: Нафти кабуд аз дардҳои сарди гӯш суд бахшад.
    Андомҳои чашм: Нафт сафедии чашм ва оби фурудояндаро суд бахшад.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Ошомидани андаке нафт бо оби гарм аз дамкӯтоҳӣ ва сурфаи куҳан суд дорад.
    Андомҳои ронанда: Нафт печиши ноф ва бодҳоро фурӯ нишонад ва агар хусусан аз сиёҳи он фатила бисозанд, кирмҳоро бикушад. Ҳар гуна [нафт] пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва бодҳои обгаҳ ва сардии раҳмро бишканад.
    Заҳрҳо: Нафт аз газидагиҳо судманд аст.

  2. НАБҚ – КУНОР
    Fructus zizyphi (Zizyphus lotus Lam.; Z. Spina Christi Willd).
    Моҳият: Ин дарахти бузурги хордор аст. Онро самарест чун фундуқ, рангаш сурх, онро бихӯранд ва хуштаъм бошад. Ин дарахт бештар андар кишварҳои гарм бирӯяд. Ба наздики мардумони бахшҳои гуногуни ин [кишварҳо] ба ҳасби гуногунии забони эшон ин дарахт номҳои гуногун дорад. Бархе онро «кунор» хонанд.
    Табъ: Тар ва хушки он бихушконад ва латифӣ оварад ва ин [ҳол] андар ҳамаи бахшҳои дарахти он чунин бошад. Дуди дарахти кунор сахт гиранда аст.
    Хосиятҳо: Кунор ва хусусан писти он гиранда бувад.
    Оростагӣ: Кунор рехтани мӯйро боз дорад ва онро дарозу қавию нарм созад. Дарахти кунорро самғест, ки тақашшур ва сабӯсаро бибарад ва мӯйро сурхфом кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Баргҳои дарахти кунор омоси гармро нарм сохта, ҳал кунад.
    Андомҳои сар: Самғи дарахти кунор аз тариқи сарро шустан сабӯсаро бибарад, сарро пок кунад ва мӯйро гесугуна созад.
    Андомҳои сина: Барги он барои дамкӯтоҳӣ (378) ва бемориҳои шуш [судманд аст].
    Андомҳои ғизокашӣ: Кунор меъдаро қавигардонанда аст.
    Андомҳои ронанда: Табиат бибандад ва хусусан писти он аз рафтани хуни ҳайз ва тамс ва аз решҳои рӯдагон судманд аст. Вай аз исҳоле, ки ба сабаби заъфи меъда ба амал омада бошад, суд дорад. Аз барои бемориҳои ёдшуда ва аз сайлони раҳм бо ҷӯшонидаи кунор ҳуқнарезӣ кунанд ва ё онро биошоманд. Ҳукми тозаи он ҳукми он чизҳоеро дорад, ки аз қабили биҳӣ, дӯлона, себ ва амруд, ҳамҷинси ӯянд. Ба қадри мӯътадил истеъмол кардани он табиат бибандад ва бисёри он ба сабаби он, ки гуворида намегардад ва табиат онро биронад, ҳайза биангезад.

  3. НУВОУ-Т-[ТАМР]1 – ДОНАИ [ХУРМО]
    Semen Fhoenicis
    Хосиятҳо: Донаи хурмо дорои гирандагӣ ва часпонандагист.
    Решҳо: Сӯхтаи он аз решҳои палид судманд аст.
    Андомҳои чашм: Донаи хурморо бисӯзонанд, хомӯш кунанд ва бишӯянд, андар таркиби доруҳои чашм ҷои тӯтиё бигирад, мижгонҳоро хуб созад ва бо сунбули румӣ онҳоро бирӯёнад. Ин доруи хубе барои решҳои чашм ва рӯёндани мижгонҳо бувад.

  4. НАҶМ – МАРҒ
    Agropyrum repens Beauv.
    Ҷароҳатҳо: Ҷароҳатҳои хуншорро бичаспонад.
    Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи он сангро берун кунад ва тухми он пешоб биронад ва табиат бибандад.

  5. НИТОФИЛУН1 – ПАНҶБАРГ
    Potentilla reptans L.
    Моҳият: Ин растании ширдорест, ки ба «панҷбарг»
    маъруф аст.
    Хосиятҳо: Бидуни тезӣ, сӯзиш ва газанд сахт хушкӣ оварад. Бо он чун зимод кунанд, хунравиро бибандад.
    Омосҳо ва табишҳо: Бо ин решҳои ғарбелак, ханозир, [омосҳои] сахти балғамӣ, нохунхора ва гарро зимод кунанд.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Панҷбарг аз дардҳои пайвандгоҳ ва қавин суд дорад ва ошомидану зимод кардани он аз истисқои хоя нафъ кунад.
    Андомҳои сар: Агар бо бехи он мазмаза кунанд, дандони дарднок ва қулоъро [хуб] бошад. Барги онро бо шароб аз барои саръ сӣ рӯз биошоманд.
    Андомҳои сина: Бо ҷӯшонидаи он аз барои дуруштии гулӯ ғар-ғара кунанд. Фишурдаи бехи он аз барои шуш [суд дорад].
    Андомҳои ғизокашӣ: Фишурдаи бехи онро агар якчанд рӯз бо намак ва ангубин биошоманд, аз барои дарди ҷигар ва ярақон суд бахшад. Як ошомидании он се қавосус бувад.
    Андомҳои ронанда: Бехи он аз исҳол, решҳои рӯдаҳо ва бавосир судманд аст ва ҷӯшонидаи бехи он низ чунин бошад.
    Табҳо: Барги онро бо оби ангубин ва ё бо шароб аз барои таби чаҳоррӯзӣ ва таби навба бидиҳанд.
    Заҳрҳо: Фишурдаи бехи он доруи қаттолест.

  6. НАЪОМ1 – ШУТУРМУРҒ
    Struthio camelus
    Моҳият: Бархе аз пизишкон бар гӯшти он сахт эътимод доранд.
    Табъ: Баъзе пизишкон чунин ёд кунанд, ки гӯшти он гарми равғанӣ буда, аз барои таом нишот оварад ва ҷисмро қавӣ сохта, ислоҳ кунад. Он гарони ситабр буда, гуворида нагардад.
    Андомҳои ронанда: Гӯшти шутурмурғ боҳро биафзояд.

  7. НИМР – ПАЛАНГ
    Uncia uncia Моҳият: Ин ҳайвони маъруф аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ