Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Мағзи тозаи он он хунеро, ки андар сина ҷамъ шудааст, аз тариқи хунпартоӣ берун кунад.
Андомҳои ронанда: Мағзи он исҳоли дерравро боз дорад.
Заҳрҳо: Агар онро бо шароб тило кунанд, газидагии афъиро суд бахшад.
461. НОНХАВОҲ – НОНХОҲ
Carum copticum Benth. seu Trachyspermum copticum (L.) Link.
Моҳият: Нонхоҳ маъруф аст. Он дорои андаке талхӣ ва тезист.
Ихтиёр: Судмандтарин чизе, ки андар он ёфт шавад, тухми он аст.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Нонхоҳ суддаҳо бикушояд ва андар он ба изофаи хушкифизоӣ нармсозӣ низ бувад.
Оростагӣ: Ошомидан ва тило кардани он рангро ба зардӣ бикашад. Вай андар таркиби доруҳои баҳак ва песӣ бидарояд. Онро бо ангубин маъҷун созанд ва ҳар ҷо, ки хунпечидагӣ бошад, бибарад.
Андомҳои сина: Нонхоҳ аз рими андар сина ҷамъшуда ва нимгардон шудани дил (ғашён) судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Нонхоҳ аз тарии меъда суд кунад ва маниши гаштан ва нимгардон шудани дилро фурӯ нишонад. Он аз барои ҷигару меъдаи сардмизоҷ хуб аст.
Андомҳои ронанда: Онро чун бо шароб биошоманд, пешобро битозонад, сахтии пешоб бибарад, сангро берун орад ва умуман гурдаву обгаҳро пок кунад. Он аз бодҳо ва печиши ноф судманд аст. Бо нонхоҳ ва ротинаҷ раҳмро дуд андозанд ва онро пок кунад.
Табҳо: Нонхоҳ аз табҳои куҳан сахт нофеъ аст.
Заҳрҳо: Ҷӯшонидаи онро бар ҷои газидаи каждум бирезанд, онро ором кунад. Онро аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор биошоманд.
462. НАТРУН1 – НАТРУН
Моҳият: Натрун бураи арманист. Он андар фасли «бо» ёд карда шуд2 ва моро лозим нест, ки онро дубора такрор кунем.
463. НУРА1 – ОҲАК
Calcium oxydatum (САО)
Моҳият: Оҳак хокистаршудаи ҷисмҳои сангию сафолист.
Табъ: Аммо оҳаки обнорасида [умуман] ва оҳаки обрасида [фақат] худи ҳамон замон бисӯзонад, вале агар ба таври шукуфта ду-се рӯз бимонад, он гоҳ нахоҳад сӯзонд, балки фақат гарм кунад. Оҳаки шусташуда муътадили хушк аст.
Хосиятҳо: Оҳак хунпартоиро боз дорад ва шусташудаи он бидуни газанд хушк кунад. Агар оҳакро бо моддаҳои равғанӣ биҷӯшонанд, пазонанда бигардад.
Решҳо: Оҳак гӯшти зиёдатиро бихӯрад. Оҳаки шуста фароҳамоваранда аст ва аз оташсӯхта сахт суд дорад.

  1. (377) НАРСИЁНДОРУ – ПАРСИЁНДОРУ,
    РАҲДАВАК polygonum aviculare z.
    Моҳият: Ба гумонам ин тасҳифи арабҳост ва он «барсиёндору» буда, бо ҳарфи «бо» аст, на «нун». Ин «асоур-роъӣ» аст ва андар баёни он сипас сухан гӯем1.
  2. НАХЛ – ХУРМОБУН
    Phoenix dactylifera L.
    Моҳият: Ин дарахти хурмо буда, маъруф аст ва ҳамаи бахшҳои он гиранда бувад. Гуфтор андар баёни хурмо оварда шуд1.
  3. НАВШОДИР1 – НАВШОДИР
    Ammonium chloratum
    Ихтиёр: Беҳтарин навшодир пайконии равшан ва булӯрист.
    Табъ: Андар охири дараҷаи севвум гарми хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Навшодир латифкунанда ва гудозанда аст.
    Андомҳои чашм: Аз сафедии чашм судманд аст.
    Андомҳои нафаскашӣ: Бодомакҳои афтидаро бардорад ва аз хуноқҳо суд бахшад.
  4. НУҲОС – МИС
    Cuprum (Сu)
    Моҳият: Гунае аз мис сурхи моил ба зардист ва он қубрусӣ буда, хуб аст. Гунае сурхи равшан ва сурхи моил ба сиёҳӣ бувад. Як ҷинси мисро «толиқун»1 гӯянд. Миси сӯхта тез буда, инчунин дорои гирандагист ва агар шуста шавад, барои бастани [ҷароҳат] андар баданҳои нарм ва ношуста бошад, барои баданҳои сахт чи хуш доруест.
    Ихтиёр: Шукуфаи2 мис латифтар аз [мис] аст.
    Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Миси сӯхта дорои гирандагӣ, тезӣ ва фароҳам овардани [ҷароҳатҳо] аст. Яке аз хосиятҳои пиндошташудаи он чунин аст, ки чунонки гуфтаанд, агар мӯйро бо мӯчинаки аз толиқун сохта бичинанд, онро рӯидан нагузорад.
    Оростагӣ: Мис мӯйро сиёҳ кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Мис [решҳои] палиди хазандаро фароҳам оварад, онҳоро хазидан нагузорад ва гӯшти зиёдатиро бихӯрад. Миси шуста ҷароҳатҳоро фароҳам орад ва гуфтаанд, ки агар онро бо ангубин тило кунанд, решҳои сахтшудаи фароҳамомадаи андар баданҳои сахт бударо дуруст кунад.
    Андомҳои чашм: Мис чашмро тез кунад ва аз сахтии пилкҳо суд бахшад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Мисро агар бо оби ангубин биошоманд, оби зардро ба исҳол берун кунад. Агар онро ба ком ниҳанд, қай ангезад. Як ошомидании он якуним мисқол аст. Мис бахши обиро бидуни газанде берун кунад.
    Заҳрҳо: Бояд аз гузоштани чизҳое андар зарфҳои мисин эҳтиёт шуд, ки шӯр, ё талх, ё мисли равғанҳову гӯштҳо равғанӣ, ё турш ва ё ширинанд ва [низ] аз ошомидан андар онҳо [бояд эҳтиёт кард], зеро онҳо аз худ [бахши] зангорӣ раҳо кунанд ва зангор худ заҳр аст.
пешина
аз 1215
навбатӣ