Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шароби нилуфар шикамро нарм кунад.
Табҳо: Шароби он аз табҳои зудрав нофеъ буда, [гармиро] сахт хомӯш кунад.
455. НАЪНО1 – ПУДИНАИ БӮСТОНӢ
Mentha piperita Smith. et M. sativa z.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва дорои рутубати зиёдатист.
Хосиятҳо: Пудинаи бӯстонӣ дорои қувваи гармкунандаю гиранда аст. Андар гавҳар беш аз ҳамаи тараҳои хӯрокӣ латифтар аст. Агар дастаҳое аз онро андар шир афкананд, [шир] баста нагардад. Агар фишурдаи онро бо сирко биошоманд, пеши сайлони хуни аз андарун ояндаро бигирад.
Омосҳо ва табишҳо: Пудинаи бӯстониро бо пист аз барои решҳои ғарбелак зимод кунанд. Он ба пудина шабоҳат надорад, зеро пудина бе тундӣ буда, дорои ҳалкунандагӣ, гармиоварӣ ва хушкифизоии беандоза ва газанднок аст.
Андомҳои сар: Онро хусусан бо писти ҷав аз барои сардард бар пешонӣ зимод кунанд. Пудинаи бӯстониро чун бар дуруштии забон бимоланд, онро бибарад. Фишурдаи онро бо молиқиротун андар гӯши дардманд бичаконанд.
Андомҳои сина: Пудинаи бӯстонӣ хун қай кардан ва хунравиро манъ кунад ва чун бар пистон зимод кунанд, ширро андар он баста гардонад ва варами онро фурӯ нишонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро қавӣ кунад, онро гармӣ бахшад, ҳукакро ором кунад, гувориш оварад, қаи балғамӣ ва хуниро манъ кунад ва хусусан шароби он аз ярақон судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Пудинаи бӯстонӣ азбаски ба сабаби рутубати бӯстонии андар пудина набуда бодангез аст, боҳро ёрӣ кунад, мӯриҳои маниро таранг созад ва кирмҳоро бикушад. Агар онро пеш аз ҷимоъ ба зер баргиранд, обистан нагузорад. Агар як чанд даста аз онро бо донаи анор бихӯранд, ҳайзаро ором кунад.
Заҳрҳо: Пудинаи бӯстонӣ ва хусусан тухми он аз газидагии саги девона судманд аст.
456. НОРМУШК – НОРМУШК
Mesua ferrea z.
Моҳият: Ин шукуфа, қишрҳо ва кулоҳакҳоеанд, ки ба басбоса монанд буда, балки сурхияшон камтари моил ба зардист. Онҳо хушбӯянд ва андаке тундӣ доранд. Нормушк андар қувват ба сунбули румӣ наздик буда, «ноғбушт»1-аш хонанд.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Нормушк латифи ҳалкунанда аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъда ва ҷигари сардро хуб аст ва мисли сунбул манфаат дорад.
Ҷойнишинҳо: Ба андозаи чаҳоряки вазни он занҷабил, ними вазни он писта2 ва шашяки вазни он сунбул ҷои онро бигиранд.

  1. НУХОЛА – САБӮС
    Furfur
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Сабӯс дорои зудоиш ва нармкунандагӣ буда, хеле поккунанда аст, вале ба дараҷаи говдона намерасад. Вай бодҳо ва балғамро ҳал кунад.
    Омосҳо ва табишҳо: Сабӯсро бо сиркои турушу тез бар омоси гарме, ки андар марҳалаи оғоз аст, [биниҳанд].
    Сабӯсро бо шароб тар карда, бар омосҳои гарми пистон зимод кунанд. Вай омосҳои балғамӣ ва бодиро бигардонад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: (376) Сабӯсро гарм карда, бо сиркои турушу тез бар гари решшуда зимод кунанд.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Сабӯс бо зудояндагии хеш ва хусусан ошоми бо шакару равғани бодом пухтаи он синаро нарм кунад. Онро чун бо шароб тар кунанд, аз омосҳои пистон судманд бошад.
    Андомҳои ронанда: Сабӯс рӯдаҳоро барои рондани чизи андарунашон буда ба ҷунбиш оварад. Агар ошоми онро дам кашанд, шикамро нарм кунад.
    Заҳрҳо: Зимод кардани сабӯс аз газидагии каждум ва афъӣ судманд бошад.
  2. НУШОРА – САБӮСАИ ЧӮБ
    Табъ: Табъи [сабӯсаи чӯб] ба ҳасби дарахти он бувад.
    Хосиятҳо: Сабӯсаи [чӯби] кирмхӯрда поккунанда аст ва агар андар дарахташ бошад, ҳалкунандаю хушккунанда бошад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сабӯсаи чӯби кирмхӯрда ва хусусан он сабӯсае, ки аз дарахтони гиранда бошад, аз қабили баъзе аз гунаҳои хорҳо [ҷароҳатҳоро] фароҳам оварад. Сипас [ин гуна сабӯсаро] ба андозаи як чандаш бо анисун ва шароб ҷамъ карда, бисӯзанд ва онро чун бар решҳои намлаӣ бипошанд, нафъ кунад.
  3. НАШОЪ1 – НАШОСТА
    Amylum Tritici
    Табъ: Андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
    Хосиятҳо: Нашоста дорои кавигардонандагӣ ва нарм кардан аст ва боистӣ, ки онро бо се чанди худ аз об бипазанд.
    Оростагӣ: Нашостаро чун бо заъфарон бар кунҷида кунанд, онро биравонад.
    Решҳо: Нашоста решҳоро фароҳам оварда, дуруст кунад.
    Андомҳои чашм: Нашоста ҷорӣ шудани моддаҳоро ба сӯи чашм нагузорад.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Нашоста синаро нарм кунад ва ошоми аз он сохташуда назлаҳоро аз сӯи сина бигардонад.
    Андомҳои ронанда: Нашоста худ ба танҳоӣ ва ё бо наск табиатро бибандад ва дарунрави сафровиро манъ кунад.
  4. НАРСИҚУС1 – НАРСИҚУС
    Ferula communis z.
    Моҳият: Ин доруи гармест, ки андарунаш диладор буда, сабзи гиранда аст ва бо равғани зайтун арақ оварад.
    Андомҳои сар: Онро чун бар сӯрохҳои бинӣ бида манд, хуни биниро манъ кунад.
пешина
аз 1215
навбатӣ