Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. НИЛ – НИЛ, ВАСМА
    Indigofera tinctoria L.
    Моҳият: Гунае аз нил бӯстонист ва гунае даштӣ ва таъсири ин низ чун таъсири бӯстонӣ бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Нил гиранда аст ва хунравиро боз дорад. Нили бӯстонӣ бидуни газанде ниҳоят сахт хушкӣ оварад ва андар даштии он тезӣ ҷой дошта, бештар хушккунанда аст ва моддаҳоро аз умқи [пӯст] бикашад.
    Оростагӣ: Нил кунҷида ва баҳакро бизудояд ва «бемории рӯбоҳ»-ро суд бахшад.
    Омосҳо ва табишҳо: Нил варами андар гӯшти нарм бударо пажмурда кунад ва аз ҷароҳатҳои баде, ки андар андомҳои сахт бошанд, суд бахшад. Умуман, он аз ҳар омосе, ки андар марҳалаи оғоз ёфтан аст ва аз намла ва сурхбод нофеъ бувад ва онро бо орди ҷав бар ин [бемориҳо] ниҳанд.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Нил ҷароҳатҳои гарми андар баданҳои сахт бударо бо қувваи хушкифизоии хеш фароҳам орад. Ин кори тухми бӯстонии он аст, аммо даштии он дорои тезӣ буда, аз барои решҳои ганданда хуб аст ва андар онҳо таъсири шигифтоваре кунад. Нили бӯстонӣ ба сабаби кам тез будани хеш барои муолаҷаи решҳо беҳтар аст. Вай бо ангубин аз барои решҳои куҳан судманд аст [ва] судаи онро бар оташсӯхта ва ҷароҳатҳои асаб биниҳанд. Нил хусусан бо орди шайлам хорро берун кашад.
    Андомҳои сина: Нил аз сурфаи бачагон, ки сахт буда, боиси қай бигардад, судманд аст ва фишурдаи он низ аз барои решҳои шуш [суд дорад]. Нил аз шавсаи савдовӣ фоида дорад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Нил ва хусусан даштии он испурчро судманд аст.
  2. НАСРИН – НАСРИН, НАСТАРАН
    Rosa canina z.
    Моҳият: Насрин андар қувват чун ёсамин ва заифтар аз он аст ва [низ] чун наргис бувад. Равғани он андар қувват ба равғани ёсамин наздик буда, заифтар аз он аст.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои он поккунанда ва латифкунандаанд ва шукуфаи он бад-ин корҳо хостар бувад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Насрин, чунонки гуфтаанд, аз сардии асаб суд дорад.
    Андомҳои сар: Насрин кирмҳои гӯшро бикушад ва аз бонг задану садо додани он суд бахшад. Вай аз дарди дандонҳо низ нофеъ аст. Насрини даштиро чун бар пешонӣ бимоланд, сардардро фурӯ нишонад. Ҳамаи гунаҳои насрин суддаҳои сӯрохиҳои биниро бикушоянд.
    Андомҳои сина: Насрин омосҳои гулӯ ва бодомакҳоро судманд аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Агар чаҳор драхмӣ аз он ва хусусан аз даштии онро биошоманд, қайро ором кунад ва ҳукакро фурӯ нишонад.
  3. НАММОМ – НАММОМ
    Thymus glaber Mill. seu Th. serpyllum L.
    Моҳият: Ин сисанбар аст.

Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва қариб ба ҳамин дараҷа хушк аст. Он бо ҳама гунаи гандидан бикӯшад.
Оростагӣ: Сисанбар шупушҳоро бикушад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои андарунӣ ва аз фалағмунии ниҳоят сахт судманд аст.
Андомҳои сар: Онро бо сирко пухта, бо равғани гул биомезанд ва чун бар сар бимоланд, нисёнро суд кунад.
Аз парешонии зеҳн, лисорғус ва фаронитус низ чунин бошад. Онро бо сирко ҷӯшонида, бо равғани гул бар сардард ниҳанд, суд бахшад. Бо барги даштии он бар сар ва пешонӣ аз барои сардард зимод кунанд, нофеъ бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо шароб биошоманд, аз ҳукак суд кунад. Тухми он қавитар буда, аз омосҳои сарди ҷигар нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Аз кирмҳо ва аз кирми кадудона судманд буда, ҷанини мурдаро берун кунад ва пешобу хуни ҳайзро битозонад. Хусусан харсангӣ ва даштии онро агар бо шароб биошоманд, қатра-қатра омадани пешобро боз дорад ва сангро берун кунад. Вай бо шароб аз печиши ноф низ судманд аст.
Заҳрҳо: Аз газидагиҳо суд дошта, онро аз барои занбӯргазида зимод кунанд ва ду дирамсанг аз он андар сикангубин карда, [низ] аз барои газидагии [занбӯрҳо] биошоманд.
454. (375) НИЛУФАР – НИЛУФАР
Nymphaea alba, N. lutea et N. lotus z.
Моҳият: Ҷолинус гоҳе инро «каранби обӣ» номидааст ва тухми онро, чунонки гӯянд, «ҳаббу-л-арус» хонанд1, вале андар ин хилоф аст. Бехи нилуфари ҳиндӣ андар ҳукми ябруҳ бувад.
Ихтиёр: Қавитарини он нилуфари бехсафед аст, зеро он аз нилуфаре, ки бехаш сиёҳ бошад, қавитар бувад.
Тухми он аз донааш қавитар аст.
Табъ: Нилуфар андар дараҷаи севвум сарди тар2 аст ва шаробаш сахт хомӯшкунанда бувад. Табъи нилуфари ҳиндӣ чун табъи ябруҳ аст.
Хосиятҳо: Шароби нилуфар сахт латифкунанда аст.
Оростагӣ: Бехи нилуфар ва хусусан сиёҳи онро бо об бар баҳак ва хусусан бехи сиёҳи онро бо зифт бар «бемории рӯбоҳ» [ниҳанд].
Омосҳо ва табишҳо: Бехи он аз омосҳои гарм ва омосҳои испурч судманд аст.
Решҳо: Тухм ва бехи нилуфар аз барои решҳо [хубанд].
Андомҳои сар: Нилуфар хоб оварад [ва] сардарди гарм ва сафровиро ором кунад, лекин нотавонӣ биоварад.
Андомҳои сина: Шароби нилуфар аз сурфа ва шавса хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар бехи онро биошоманд ва ё зимод кунанд, омосҳои испурчро судманд бошад.
Андомҳои ронанда: Агар як дирам аз онро бо шароби кукнор биошоманд, иҳтиломро бикоҳад ва шаҳвати боҳро бишканад. Нилуфар бо он хосияте, ки дорад ва хусусан бехи он маниро сахт кунад. Вай исҳоли деррав ва решҳои рӯдагонро судманд аст. Бехи онро чун зимод кунанд, дардҳои обгаҳро суд бахшад. Тухми он андар ҳама бобат қавитар буда, ҳатто хунравии ҳайзро манъ кунад. Бехи нилуфари зард ва тухми онро агар якчанд бор бо шир биошоманд, сайлони рутубати деррави раҳмро суд бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ