Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои чашм: Онро чун андар ибтидои обила ба чашм бикашанд, табишҳоро ба чашм роҳ надиҳад.
Андомҳои ғизокашӣ: Обкома аз рутубати меъда судманд аст ва рутубатҳоро аз андомҳои андарунӣ бизудояд.
Андомҳои ронанда: Обкома андар зимни доруҳои кулинҷ ва хусусан андар зимни ҳуқнаҳои барои пок кардани саҳҷ бидарояд.
Заҳрҳо: Обкома, чунонки гуфтаанд, аз газидани саги девона судманд аст.
445. МАЙБУХТАҶ – МАЙПУХТА
Sapa
Моҳият: Ин шираи пухтаи ангур аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Майпухта бар хунпартоӣ ёрӣ кунад ва аз баҳри ин андар таркиби шароби хашхош, ки бо «диёқузо» маъруф аст, бидарояд.
Андомҳои ронанда: Аз барои дарди гурда ва обгаҳ судманд аст.
446. МАСЛ – ТАРФ
Хосиятҳо: Барои худовандони савдо сахт бад аст. Агар онро бо гӯшти серравған биҷӯшонанд, андаке дуруст бигардад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои меъда зиён дорад.
Андомҳои ронанда: Аз барои мақъад зиён дорад.
447. МОРИХ1 – ХАФ
Cynanchum pyrotechnicum L.

Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаинест, ки барои оташгира ба кор баранд. Он ба ҳангоми ламс эҳсоси каме дуруштӣ бидиҳад. Дорои соқи ягона ва баргҳои гирд аст. Андар буни баргҳо самаре дорад, ки мисли сипар ва дутабақа буда, каме ба паҳноӣ бигарояд. Ин [растанӣ] андар ҷойҳои кӯҳӣ ва касногузар бирӯяд. Агар ҷӯшонидаи онро биошоманд, ҳукаки бетабро фурӯ нишонад. Бо даст гирифтан ва ё бад-он нигаристан низ ҳамчунин бувад. Агар онро совида, бо ангубин биомезанд ва бар доғи кунҷида ва песӣ бимоланд, онҳоро пок кунад. Чунин гумон биравад, ки агар онро кӯфта, андар таом кунанд ва ё миқдоре аз онро бихӯранд, аз газидагии саги [девона] суд бахшад. Гуфтаанд, ки агар онро андар хона биовезанд, мардумон ва чаҳорпоёни андар он хона бударо тандуруст бидорад . Агар онро ба [наздики] ҳавз бибанданд ва ё бар гардани чаҳорпоён биовезанд, бемориҳову офатҳоро аз онҳо дур созад».
448. МИҚУН1 – КӮКНОР
Papaver somnifеrum L.
Моҳият: Дисқуридус чунин тасдиқ кунад, ки миқун кӯкнори мисрист ва мо онро андар фасли «хо» ёд хоҳем кард2.
Ин буд поёни гуфтор аз ҳарфи «мим» ва маҷмӯи он аз панҷоҳу чаҳор дору иборат аст.

Фасли чаҳордаҳум

гуфтор андар баёни ҳарфи «нун» /ن/

  1. НАРҶИС – НАРГИС
    Narcissus poeticus z. seu N. Tazzetta L.
    Хосиятҳо: Бехи он аз қаъри [пӯст хилтро] бикашад, хушк кунад, бизудояд ва бишӯяд. Равғани он андар [ҳама] ҳолатҳо чун равғани ёсамин, вале заифтар бувад.
    Оростагӣ1: Бехи наргис хусусан бо орди шайлам ва ангубин хор ва пайконро берун кашад. Наргис ва хусусан бехи он бо сирко доғи кунҷида ва баҳакро бизудояд. Бехи он аз «бемории рӯбоҳ» судманд аст.
    Омосҳо ва табишҳо: Бехи наргисро чун бо ангубин ва говдона маъҷун созанд, решҳои ғарбелаки ба душворӣ пазандаро бикафонад. Бо бехи он бар омосҳои асаб зимод ниҳанд.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Наргис ҷароҳатҳоро хушк кунад ва ба андозае сахт бичаспонад, ки ватарро биканад.
    Совидаи [онро] бо ангубин бар оташсӯхта, ҷароҳатҳои асаб ва решҳои амиқ [биниҳанд]. Агар онро бо говдона ва ангубин биомезанд, чиркиниҳои решҳоро пок кунад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани он асабро судманд аст ва бо бехи он омосҳову гиреҳҳои асаб ва дардҳои

пайвандгоҳҳоро зимод кунанд.
Андомҳои сар: Наргис суддаҳои мағзро бикушояд ва аз сардарди тар ва савдовӣ суд бахшад. Равғани он низ чунин ва созгортар бувад, вале сарҳои гарммизоҷро ба дард оварад.
(374) Андомҳои сина: Равғани наргисро агар бар сина бимоланд, омосҳои сахт ва сарди ҳиҷобро ҳал кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи онро, чунонки ҳаст, агар бихӯранд, қай биангезад ва ҷӯшонидаи он низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Наргис дардҳои раҳм ва обгаҳро суд бахшад. Агар чаҳор дирамсанг аз онро бо оби ангубин биошоманд, ҷанинҳои чи зинда ва чи мурдаро биафтонад. Равғани он часпидагии даҳони раҳмро бикушояд ва аз дардҳои он суд оварад.
450. НОРДИН – НОРДИН
Valeriana celtica l.
[Моҳият]: Нордин андар боби «сунбул» ёд карда шуд1 ва ин сунбули румист.

пешина
аз 1215
навбатӣ