Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Намакро бо равғани зайтун ва ангубин бар чашм зимод кунанд, кабудии хуни андар он бастаро ҳал кунад.
Андомҳои сина3: Намаки нафтиро бо ангубин ва сирко бар ком биниҳанд, аз хуноқ, варами забонча ва гӯшти буни ком суд кунад. Намаки даронӣ, нафтӣ ва дигар гунаҳои намак балғами часпаки андар сина бударо бибуранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Намак ва хусусан намаки нафтӣ ва аз он ҳам беҳтар намаки андаронӣ барои қай овардан ёрӣ диҳанд ва аз дардҳои меъдаи сард судманд бошанд.
Андомҳои ронанда: Ҳамаи намакҳо берун шудани бироз ва фурӯ хамидани таомро осон бигардонанд. Намаки нафтӣ балғами ганда, об, сафро ва савдоро берун кунад ва он андар зимни ҳуқнаҳо бидарояд. Намаки ниҳоят сиёҳе, ки ғайри нафтист, балғам ва савдоро ба исҳол берун ронад. Намаки талх низ савдоро сахт ба исҳол оварад. Намаки андаронӣ балғами хомро сахт ва савдоро [ба таври миёна] ба исҳол оварад. Худи намак барои зусанториё ниҳояти [илоҷ] бувад. Он доруҳои исҳоловарандаро барои кандани савдо ва рутубатҳои часпак аз ҷузвҳои андом ёрӣ расонад. Намак бо пудинаи кӯҳӣ, равғани зард ва хамирмоя аз барои омосҳои балғамии хояҳо [ба кор бурда шавад] ва инчунин бо пудина ва ангубин аз решҳои закар судманд бувад.
Заҳрҳо: Бо намак ва тухми катон аз барои каждумгазида, бо пудинаи кӯҳӣ, зуфо ва ангубин аз барои газидагии мори шохдор, бо сирко ва ангубин аз барои газидагии чилпо ва занбӯрҳо ва бо сикангубин аз барои [рондани] зиёни афюн ва саморуғи футри қаттол зимод кунанд.
440. МАЛУХИЁ – ПАНИРАКИ БӮСТОНӢ
Corchorus olitorius Let., Malva sulvestris L.
Моҳият: Ии панирак аст ва мо онро андар фасли ҳарфи «хо» ҳангоми зикри «хубозӣ» муфассал ёд кардем1.
Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум тар аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Чунонки гуфтаанд, он суддаҳои ҷигарро бикушояд.
441. МИШМИШ – ЗАРДОЛУ prunus armeniaca z.
Ихтиёр: Беҳтарини он зардолуи арманӣ аст, зеро он ба зудӣ табаҳ шуда, туруш нашавад. Ҳар гоҳ зардолу бихӯранд, боистӣ аз болои он ба андозаи баробар як ва ё ду дирамсанг аз мастако ва анисунро андар хамри холис, ё набизи мавиз ва ё набизи ангубинкарда биошоманд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди тар буда, равғани донаи он андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Хилти он зуд бигандад.
Андомҳои ғизокашӣ: Андар об таркардаи он ташнагӣ бишканад. Зардолу барои меъда бештар аз шафтолу созгор аст ва зардолуи арманӣ андар меъда табаҳ нагардад ва зуд туруш нашавад. Аз ҷумлаи он чи ки зиёни зардолу бигардонад, ин аст, ки аз паси он анисун ва мастакоро андар майбиҳӣ ва ё набизи мавиз ва барои сардмизоҷон бо ангубини холис [бидиҳанд].

Андомҳои ронанда: Равғани донаи зардолу аз бавосир судманд аст.
Табъҳо: Зардолу ба сабаби зуд гандидан табҳо ба амал оварад, лекин ғӯлингоб аз табҳои гарм суд бахшад.
442. МАВЗ – МАВЗ
Musa sapientum L.
Моҳият: Мавз маъруф аст. Он дорои барги паҳни дароз ва шабеҳ ба барги морзавон буда, танҳо андар кишварҳои гарм бирӯяд.
Хосиятҳо: Мавз ғизои андак дорад ва нармкунанда аст.
Бисёр истеъмол кардани он судда оварад ва ба ҳасби мизоҷ сафро ва балғам биафзояд.
Андомҳои сина: Мавз аз сӯзиши гулӯ ва сина судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Мавз бари меъда гарон аст ва зиёд истеъмол кардани он бар меъда ниҳоят гаронӣ оварад. Баъди он бояд шахси гарммизоҷ сикангубини бузурӣ ва каси сардмизоҷ ангубин бихӯрад.
Андомҳои ронанда: Мавз манӣ биафзояд, гурдаро созгор бошад ва пешобро битозонад.
443. МУХ – МАҒЗИ УСТУХОН
Medulla ossium
Ихтиёр: Созгортарини он мағзи устухони гӯсола ва гавазн буда, сипас барзагов, баъд буз, баъди он гӯсфанд биистанд. Мағзи устухонҳои нарбузҳо ва барзаговҳои хусусан хояноканда бештар хушк ва мағзи устухонҳои дасту пой равғанитаранд.
Хосиятҳо: Мағзи устухон гармиоваранда, нармкунанда ва зудоянда буда, агар аз худ шавад, серғизо бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз барои сахтиҳо ва сангшудагӣ хуб аст. Он мағзи устухоне, ки масалан, мисли мағзи устухони гӯсола ва шутур аст, на чун мағзи устухони нарбузҳо ва бузҳои кӯҳист, зеро инҳо хушк буда, ҳеҷ суде надоранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Мағзи устухон меъдаро биолояд ва иштиҳоро бибарад. Онро боистӣ, ки бо хушбӯиҳо ва дегафзорҳо бихӯранд.
Андомҳои ронанда: Аз мағзҳои (373) сутуда барои раҳм фарзаҷа сохта ба зер баргиранд, аз сахтии он суд бахшад.
Заҳрҳо: Гуфтаанд, ки андудани мағзи устухони гавазн ҷунбандагони зиёнкорро биронад.
444. МУРРӢ – ОБКОМА
Garum
Табъ: Обкома гарми хушки моил ба дараҷаи севвум аст.
Ибни Мосавайҳ гуфтааст, ки обкомаи моҳӣ камтар аз обкомаи ҷавӣ гарм ва хушк аст, вале ман бад-ин бовар надорам.
Хосиятҳо: Обкома хилтҳои ситабрро бизудояд, нарм кунад ва бичинад. Вай дорои қабз кардан аст ва балғамро пок кунад.
Оростагӣ: Бӯи даҳонро хуш кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Обкома решҳои гандидаро хуб аст ва чунонки гуфтаанд, он обкомае, ки аз моҳӣ ва гӯштҳои шӯр сохта бошанд, пеши омосҳои хазандаро бигирад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Обкома аз дарди сурин ва қавин судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ