Қонуни тиб

Ранги он хокии моил ба зардист ва бархе мардумон онро аз ҷумлаи исфидакширҳо бишмаранд.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Агар порае аз онро андар кӯли об биафкананд, моҳиёнро маст карда, бар сари об барорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Моҳизаҳра аз барои ниқрис, дарди қавин, пайвандгоҳҳо, миён ва сурин судманд аст. Агар он андар таркиби доруҳои исҳол бидарояд, бодҳоро биронад.
Андомҳои ронанда: Моҳизаҳра хилтҳои ситабрро ба исҳол оварад.
436. МОШ – МОШ
Phaseolus mungo L. seu F. mах L.
Моҳият: Мош аз ҷиҳати гавҳар ба боқилӣ наздик аст.
Беҳтарин ҳангоми истеъмоли он тобистон бувад.
(371) Табъ: Мош андар тарию хушкӣ муътадил аст.
Муқашшари он муътадил ва ғайри муқашшари он моил ба хушкист, зеро қишри он дорои тундӣ бувад.
Хосиятҳо: Мош ҳарчанд то андозае бодангез аст, вале ба дараҷаи боқилӣ намерасад, балки андар ин кор камтар аз он аст. Он на зудоиши боқилиро дорад ва на сардии наскро. Агар бо мош каме хасакдона ҳамроҳ кунанд, онро ба ислоҳ хоҳад овард.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мошро хусусан бо тилои ангур ва шароби бо заъфарон ҷӯшонида, барои дарди андомҳо зимод кунанд. Онро бар кандашавию гусастани [мушакҳо] бигузоранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Кимуси мош ва хусусан муқашшари он сутуда аст ва он мисли боқилӣ дергузар нест.
Агар онро бо равғани бодоми ширин бипазанд, хилти он сутудатарин хилт бошад.
Андомҳои ронанда: Агар мошро баъд аз рехтани оби ҷӯшонидааш [дубора] андар об биҷӯшонанд ва хусусан агар онро бо нордона ва тутум туруш бисозанд, табиатро бибандад. Ба гуфтаи баъзеҳо боҳро зиён дорад.
437. МАНН – ШАКАРАК
Маnnа
Моҳият: Шакарак шабнамест, ки бар санг ва ё дарахт биафтад, чун ангубин ширину баста бигардад, чун самғ хушк шавад ва мисли тарангубин, ширхушк ва ангубине бошад, ки аз кӯҳи Қасрони Рай биоваранд. Мо ҳар як ин чизҳоро андар боби худашон ёд кардем1. Шакарак табиати чизеро бигирад, ки бар он афтида бошад ва ба он нармӣ ва ширинии лозимаи вай изофа гардад.
438. МАРМОЗОД – МАРВОЗОД, СУБИНАК
Origanum maru L.
Моҳият: Ин шохаҳои сафеди мӯякпӯшидаест, ки гесугунаро монад, лекин мӯякҳои ин бештар, балки ҳамагӣ саросар мӯяк бувад. Бӯи он бӯи мурро монад.
Табиат: Гарми андаке хушбӯй аст.
439. МИЛҲ – НАМАК
Natrium chloridum
Моҳият: Намак маъруф аст. Он дорои талхӣ ва гирандагист ва намаки талх ба бура наздик аст. Баъзе на
мак резонак, баъзе сангӣ, баъзе доронӣ буда, мисли булӯр аст, баъзе нафтӣ буда, сиёҳ аст ва сиёҳияш аз ҷиҳати нафтӣ буданаш бошад. Ҳар гоҳ онро то рафтани бахши нафтияш бухор кунанд, боқӣ ҳамчун намаки доронӣ бимонад. Гунае аз намак ҳиндӣ буда, сиёҳ аст, вале сиёҳии он на аз барои он аст, ки [бахши] нафтӣ дорад, балки андар гавҳари он чунин бувад. Намаки дарёӣ баробари бар он пошидани об гудохта бигардад, вале намаки баррӣ чунин нест.
Табъ: Намак андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва ҳар андоза, ки талх бошад, ҳамон андоза гармтар аст.
Хосиятҳо: Намак зудоянда, ҳалкунанда ва гиранда буда, ба сабаби ҳалкунандагию гирандагии хеш хушкифизост. Гирандагӣ сахттарин феъли он аст ва он бодҳоро бишканад. Намаки сӯхта аз ҳама сахттар хушкӣ ва таҳлил оварда, аз гандидан нигоҳ дорад ва аз ситабрии хилтҳо суд бахшад. Шукуфаи намак латифтар аз худи он ва аз сӯхтаи он буда, гарди он ба шукуфааш наздиктар бувад ва ҳар ду беш аз худи намак ҳалкунанда ва камтар аз он гирандаанд. Сангнамак камтар ҳалкунанда ва камтар латиф аст, вале агар чун [намаки] кошонӣ1 камтаъм бошад, ба сабаби латифӣ гирандаю ҳалкунанда хоҳад буд. Сангнамакро агар як чанд бор бишӯянд, бидуни газанд хушкӣ оварад. Намаки резонак зудояндатар аст ва агар онро бо таомҳои сард биомезанд, онҳоро дигаргун созад. Намаки андаронӣ бодҳоро биронад. Намаки талх бештар ҳалшавӣ оварад ва ҳамаи намакҳо хилтҳои яхбастаро бигудозанд.
Намаки талх беш аз ҳама таҳлил ва гармӣ оварад.
Оростагӣ: Намаки сӯхта дандонҳоро аз санг2 пок кунад ва ба тариқи тило кардан хунпечидагиро андар куҷое набошад, бибарад. Муътадил истеъмол кардани он рангро хуб кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Намакро бо ангубин ва мавиз аз барои думмалҳо ва бо пудина ва ангубин бар омосҳои балғамӣ зимод кунанд. Намак намларо аз паҳншавӣ боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Намак гӯштҳои зиёдатӣ ва тутиро бихӯрад ва аз гари решшуда ва парюнҳо суд бахшад. Намакро бо сирко ва равғани зайтун назди оташ [бар тан] бимоланд, то ки арақ оварда, хориш ва хусусан [хориши] балғамиро фурӯ нишонад. Намак ва хусусан намаки бурагӣ ва африқоиро бо равғани зайтун бар оташсӯхта ниҳанд, обила кардан нагузорад. Бураҳо андар ҷамъ кардану хушконидан ҳеҷ ба андозаи намак нахоҳанд расид, зеро намак ҳар чи ки рутубат аст, ниҳоят сахт ҳал кунад ва сипас ҳар чиро, ки андар ҷузвҳои андом боқӣ бошад, қабз карда ҷамъ созад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Намакро бо орд ва ангубин бар печидагии асаб ниҳанд, бо он ниқрисро зимод кунанд ва намакро бо равғани зайтун омехта, бо он [пайвандгоҳҳоро] аз барои мондагӣ пок кунанд.
Андомҳои сар: Бо намак ва пиҳи ҳанзал табишҳои сарро тило кунанд. Намаки андаронӣ зеҳнро тез кунад.
Намак ва хусусан гунаи даронии он вораҳои ковокро мустаҳкам кунад. Намакро бо сирко барои дарди гӯш зимод созанд.
Андомҳои чашм: (372) Намак гӯшти зиёдатии андар пилкҳо буда ва нохунаро бихӯрад. Хусусан гули он аз шабкӯрӣ ва сафедӣ судманд аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо