Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табъ: Андар дараҷаи якум сард ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Дорои часпонандагӣ ва қабз кардан аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз дардҳои ҷигар нафъ кунад.
Андомҳои ронанда: Ин [гил] андар гирондани шикам қавитар аз гили набишта бувад. Он кирмҳоро бикушад.
428. МОҲУДОНА – МОҲУДОНА
Euphorbia lathyris z.
Моҳият: Ин ҳамонест, ки «ҳаббу-л-мулук»-аш хонанд ва дарахти онро андар ватани мо «сайсабон» номанд. Баргҳои он мисли моҳиҳои хурд ва ба дарозии як ангуштанд.
Меваи он сегона-сегона буда, мисли фундуқҳои бузург аст ва гоҳе хурдтар ҳам бошад. Андар ҳар як меваи он се донаи сиёҳ ҷой доранд.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо исҳоловарандагии худ аз дардҳои пайвандгоҳҳо, ниқрис ва қавин судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Моҳудона аз истисқо суд бахшад, сахт қай оварад ва меъдаро созгор набувад.
Андомҳои ронанда: Моҳудона мисли исфидакширҳо исҳол оварад. Барги онро чун бо шӯрбои пирхурӯс биҷӯшонанд, аз қулинҷ судманд бошад ва пешобро битозонад. Агар ҳафт ва ё шаш донаи онро гирифта, ҳабб бисозанд ва ё ҳабб насохта биошоманд (370) ва аз болои он оби сард бихӯранд, талха ва балғамро ба исҳол берун оварад. Аксар вақт аз донаҳои бузурги он понздаҳ дона ва аз хурди онҳо бист дона биошоманд. Агар бихоҳанд, ки исҳоли он расотару бештар бошад, онро хуб бихоянд ва ё агар бихоҳанд, ки исҳолаш нармтар бошад, онҳоро сиҳат фурӯ баранд.
429. МАҲРУС1 – БЕХИ АНГУДОН
Radix Ferulae (Ferula assa-foetida z.) Моҳият: Ин бехи ангудон буда, андар қувват ва манфаатҳо камтар аз ангужад аст. Андар боби ангудон он чизе гуфта шудааст, ки бояд андар боби бехи он овард.
Хосиятҳо: Бехи ангудон пазонандаи нармкунанда аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Он ба сахтӣ гуворида шуда, меъдаро зиёнвар аст, вале агар меъда сард бошад, аз он қавӣ бигардад.
430. МАЙСАМ1 – 1) КУРКМОН; 2)
ҶУЛҶУЛОНИ МИСРӢ

  1. Celtis australis L.; 2) Nymphaea lotus L.

Моҳият: Ин донаест шабеҳ ба хинҷак, сегӯша бурида, моил ба зардӣ ва чун онро дуд андозанд, хушбӯй бошад.
Гунае аз он бӯстонист ва он дорои се барг аст. [Гунае дигар] даштӣ ва мисрӣ бувад, ки аз он нон созанд ва шояд ин ҳарба2 бошад.
Табъ: Бӯстонии он муътадил ва даштии он андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст
Хосиятҳо: Гунаи бӯстонӣ, ки дорои се барг аст, андаке қувваи хушккунандагӣ дорад ва даштии он қавитар бувад.

  1. МИЛВОҲ1 – КУШМАЛАХ
    Androsaces lactia L.
    Моҳият: Ин доруи шомист ва андар он ҷой бад-ин ном маъруф аст. Ин дору чӯбест, ба шакли гиреҳҳо ва холдори рангаш андаке моил ба сиёҳист.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Як драхмии он бо молиқиротун гусехтагии мушакҳоро суд бахшад.
  2. МУРДИСФАРАМ – МУРДИСПАРАМ
    Ruscus aculeatus L.
    Моҳият: Ин гулу пояҳои борики совидаест, ки хокигуни зардчатобанд. Қувваи он ба наздики баъзеҳо мисли қувваи бодовард аст. Гоҳе бархе аз онҳо сахт ба сафедӣ ва гоҳе баъзеи онҳо бештар ба зардӣ бигароянд. Ибни Мосавайҳ1 гуфтааст, ки он мурди даштист, вале дигарон гуфтаанд, ки он растании доругии румист. Ибни Мосарҷувайҳ [гӯяд], ки он чун бодовард бувад. Хузистонӣ гӯяд, ки он андар қувват чун афсинтини бадгавҳар аст ва андар гирандагӣ қавитар бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Андомҳои сар: Мурдиспарам аз саръ ва рутубатҳои мағз судманд бувад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Меъда ва ҷигарро қувват бахшад ва аз афтидагӣ бар шикам судманд бошад.
    Андомҳои ронанда: Онро аз барои кирмҳои мақъад ба зер баргиранд.
  3. МУЛЛАЙҲ – ШӮРГИЁҲ
    Atriplex halimus L.
    Моҳият: Ин мисли авсаҷ буда, баргаш мисли барги зайтун, вале паҳнтар аз он аст ва онро чун тара бихӯранд.
    Хосиятҳо: Андар он шӯрӣ, гирандагӣ ва рутубати нопухта аст, ки ба тавассути он бод биангезад.
    Андомҳои сина: Як драхмии он бо молиқиротун ширро афзун кунад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Як драхмии он бо молиқиротун печиши нофро ором созад.
  4. МОМИРОН1 – МОМИРОН
    Chelidonium majus z.
    Табъ: Андар охири дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Хосиятҳо: Зудояндаи поккунанда аст.
    Моҳият: Ин чӯбест ба шакли гиреҳҳо, моил ба сиёҳӣ ва андаке хамидашакл буда, [дар таъм] аз «бехи рангрезон»2 тезтар аст.
    Оростагӣ: Сафедии нохунҳоро бизудояд.
    Андомҳои сар: Фишурдаи он рутубати ситабрро аз сар бикашад ва фазлаҳои мағзро пок кунад. Бехи он аз дарди дандонҳо судманд бувад.
    Андомҳои чашм: Онро агар бар чашм бикашанд, сафедии онро пок созад, биноиро тез кунад ва хусусан фишурдаи он рутубати ситабрро зудоиш бидиҳад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он аз ярақон судманд аст.
    Андомҳои ронанда: Аз печиши ноф нофеъ аст ва дорои пешобоварандагӣ бувад.
  5. МОҲИЗАҲРА – МОҲИЗАҲРА
    Anamirta paniculata Colebr.
    Моҳият: Ин гиёҳест, ки гӯӣ гиёҳи шибрам бошад, вале баландтар аз он.
пешина
аз 1215
навбатӣ