Қонуни тиб

Мурр судда ва хоб оварад. Чун бо мурр ва ҳамроҳи шароб ва равғани зайтун мазмаза кунанд, [буни] дандонҳоро ниҳоят сахт кунад, онҳоро қувват бахшад, кирм хӯрдан нагузорад, вораҳоро сахт кунад ва рутубати онҳоро бибарад. Онро бар решҳои сар бипошанд, онҳоро хушк кунад ва бо гунди бедастар, момисо ва афюн аз барои решҳои гӯши дарднок ва аз барои рими [он] ба кор баранд. Онро чун аз барои назлаҳои деррав бар сӯрохҳои бинӣ бимоланд, онҳоро боз дорад. Гоҳе ба андозаи як донг аз он бар бинӣ бикашанд, мағзро пок кунад.
Андомҳои чашм: Осори решҳоро андар чашм бизудояд, решҳои онро пур кунад, сафедиҳояшро бизудояд, аз дуруштии пилкҳо суд бахшад ва римро андар чашм аз ғайри сӯзондан ба таҳлил бибарад ва бошад, ки обро андар ибтидои фуруд омаданаш, агар тунук бошад, ҳал кунад. Қавитарин мурр андар таркиби доруҳои чашм мурри мағшуши исфидакширист.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Мурр аз барои сурфаи деррави тар ва аз барои дамкӯтоҳӣ, душвории нафас, нафаси росто ва дардҳои паҳлу хуб аст ва овозро равшан кунад. Ҳамаи ин ба сабаби зудоиши латифи он аст, ки аз ғайри дуруштӣ овардан бувад. Онро ба зери забон бигиранд ва обашро барои дуруштии гулӯ фурӯ баранд.
Андомҳои ғизокашӣ: Мурри холис истирхои меъда, оби зард ва дамиши меъдаро судманд аст.
Андомҳои ронанда: Мурро хусусан агар бо оби судоб, ё оби афсинтин ва ё оби боқилии мисрӣ хуқнарезӣ кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Он ба сабаби талхии хеш ҷанинҳо, кирмҳо ва кирми кадудонаро берун орад (369) ва часпидагии даҳони раҳмро нарм кунад. Мурро ба андозаи як боқило аз барои решҳои рӯдагон, саҳҷ ва исҳол биошоманд.
Табҳо: Ба қадри як боқило аз он бо мурч ҳангоми оғози табларза биошоманд, онро манъ кунад.
Заҳрҳо: Мурро бо шароб барои газидагии каждумҳо биошоманд.
Ҷойнишинҳо: Чунонки гуфтаанд, ба андозаи ними вазни он аз мурчи сиёҳ ҷои онро бигирад, вале ҳеҷ гоҳ чунин набувад.
423. МУРРОН1 – 1) МУРҒЗАБОНАК; 2) МУРОН,
ИРҒАЙ
- Fraxinus excelsior L.; 2) Cornus mascula L.
Моҳият: Ин меваи дарахтест, ки гоҳе онро бо вуҷуди сахт тунд будан бихӯранд.
Хосиятҳо: Он дорои қабз кардан ва хушкӣ овардан аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сӯхтаи пӯсти онро бо об бар гари решшуда биниҳанд. Умуман сахт гирандагии он гоҳе ба ҷое бирасад, ки меваи он ҷароҳатҳои ситабрро ҳам фароҳам оварад.
Заҳрҳо: Фишурдаи мурғзабонакро агар бо шароб биошоманд ва ё зимод кунанд, аз афъигазида суд бахшад.
Гуфтаанд, ки агар аррамайдаи чӯби онро биошоманд, бикушад.
- МОМИСО – МОМИСО
Glaucium corniculatum Curt.
Моҳият: Ин мисли чилғӯзаҳо буда, зардранги моил ба
сиёҳӣ, зудшикан ва дорои талхӣ, гавҳари обӣ ва [гавҳари] хокист. Сардии [гавҳари] обии он сахт нест, балки ба андозаи [сардии] оби кӯлҳост. Бехи он гиёҳест, ки ба Манбиҷ бирӯяд ва сербӯю талхтаъм буда, фишурдаи он заъфаронгун бувад.
Табъ: Андар дараҷаи якум сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Ба андозаи дуруст қабз кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои гарми ситабр судманд аст. Он сурхбоди бузурги андар баданҳои сахтбударо на ба таври қавӣ шифо бахшад, вале сурхбоди хурди андар баданҳои нармбударо [шифо нахоҳад бахшид], зеро онро бо хушкӣ фузудан ба ифрот бирасонад.
Андомҳои чашм: Момисо андар таркиби доруҳое бидарояд, ки онҳоро аз барои рамад андар марҳалаи оғоз [ба кор баранд].
425. МАЙЪА – МАЙЪА
Resina Styracis (Styrax officinale z.; Liquidambar orientalis Mill.) Моҳият: Аз ҷумла майъаи тар, бархе чунонки гуфтаанд, ба шакли самғ худ ба худ ҷудо шавад ва бархе дигарро бо ҷӯшонидан ҳосил кунанд. Майъае, ки худ ба худ ҳосил шудааст, зард аст ва чун куҳан бигардад, ба заргунӣ бизанад. Ин гунаи майъа камёфт аст. Гунае, ки онро бо пӯсташ бигиранд, сиёҳ аст ва аз баҳри он чунин бувад, ки онро аз ҷӯшонидани қишрҳои он дарахт ҳосил кунанд. Пас оне, ки худ бирезад, майъаи тар ва оне, ки ба шакли туфола ва кунҷора боқӣ бимонад, майъаи хушк бувад.
Хосиятҳо: Мо андар баёни қувваҳои майъаи тар ва хушк гуфтем, ки [майъа] дорои гирандагию хушкифизоист.
Андомҳои сар: Баъзеҳо гуфтаанд, ки майъа гарми хушк аст ва рутубатро аз мағз фуруд оварда, онро пок кунад, вале он хилофи чунин ақида аст, ки [майъа] сардардоваранда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Майъаи хушк аз намнокии меъда судманд аст.
Андомҳои ронанда: Майъаи хушк табиат бибандад.
426. МАҲЛАБ – МАҲЛАБ
Prunus mahaleb L.
Ихтиёр: Беҳтарини он сафеди марворидӣ ва равшан аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм буда, чандон хушк нест.
Феълҳо ва хосиятҳо: Зудоянда, латиф, ҳалкунанда ва оромкунандаи дардҳост.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз барои дардҳои тиҳигоҳ ва миён хуб аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Ошомидани он бо оби ангубин аз беҳушӣ суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Аз қулинҷ ва санги гурдаю обгаҳ судманд аст. Бо оби ангубин ошомидани он миёнро суд бахшад.
427. МАҒРА – ГИЛИ СУРХ
Rubrica sinopica
Ихтиёр: Беҳтарини он [гили сурхи] покест, ки андар об бидамад ва зиёд гардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо