Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи он аз сахтии пешоб ва печиши ноф суд кунад. Равғани он гармӣ оварда, латиф созад ва часпидагии раҳмро, ки боиси ихтиноқи он хоҳад шуд, фоида оварад.
Заҳрҳо: Марзангӯшро бо сирко бар каждумгазида зимод кунанд.
420. МАЙВИЗАҶ – МАВИЗАК
Delphinium staphisagria L.
Моҳият: Ин мавизи кӯҳист, яъне донаи сиёҳи ожангзадаест чун нахӯди сиёҳ.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мавизак сӯзанда, хӯранда, тез ва газанда бувад.
Оростагӣ: Мавизак хусусан бо зирних шупушро бикушад [ва тило кардани он аз «бемории рӯбоҳ»-и деррав судманд аст]1.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Мавизакро бо зирних ва ё танҳо барои гар ва пӯстрезӣ [ба кор баранд].
Андомҳои сар: Мавизакро аз барои кашидани балғаму рутубат аз мағз бихоянд. Онро андар сирко ҷӯшонида, аз барои дарди дандонҳо ва рутубати вораҳо мазмаза кунанд. Бо ангубин қулоъи бадро беҳ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Понздаҳ донаи онро чун бо молиқиротун биошоманд, кимуси часпакро бо қай берун кунад.
Андомҳои ронанда: Ошомидани он бимнок аст, зеро обгаҳро реш кунад. Агар бо доруҳои ислоҳкунанда ва ба андозаи муътадил [биошоманд], обгаҳро пок кунад.
421. МУМИЁ – МУМИЁ
Mumiya
Моҳият: Мумиё андар қувват ва табиат чун зифт ва қири ба ҳам омехта аст, вале андар манфиат расотару васеътар бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мумиё латиф ва ҳалкунанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Аз омосҳои балғамӣ судманд аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидан ва андудани мумиё аз барои дардҳои баромадагӣ, шикастагӣ, афтидагӣ, латхӯрда ва фалаҷу лақва хуб аст.
Андомҳои сар: Мумиё аз дарди нимсара, сардарди сард, саръ ва гижа судманд аст ва ба қадри як ҳабба аз онро бо оби марзангӯш андар бинӣ кунанд. Андар гӯши дардманд як ҳаббаи онро бо равғани зайтун1 бирезанд ва аз барои сайлони зардоб аз гӯш ба андозаи як ҷав аз онро бо равғани гул ва ғӯраоб андар фатила [ба гӯш] фурӯ кунанд.
Аз барои гаронии забон як қироти онро бо ҷӯшонидаи саътари форсӣ ва аз барои «хӯд» ва сардарди дерина як ҳаббаи онро бо як ҳаббаи гунди бедастар ва бо равғани бон андар бинӣ бикашанд.
(368) Андомҳои нафаскашӣ: Се ҷав аз он бо набизи қавӣ2 хунпартоии аз шуш бударо боз дорад ва як қироти он бо сикангубин аз барои хуноқ санҷидашуда аст. Аз барои дарди гулӯ як қироти онро бо рубби тут ва ё ҷӯшонидаи наск, аз барои сурфа як тассуҷи онро бо оби унноб, оби ҷав ва сапистон се рӯз пайдарпай ношито ва аз барои хафақон як қироти онро бо оби зира, нонхоҳ ва каравиё [биошоманд].

Андомҳои ғизокашӣ: Аз барои заъфи меъда як қироти онро бо оби зира, нонхоҳ ва каравиё [ба кор баранд] ва инчунин аз барои маниши гаштани балғамӣ, аз барои афтидан бар сина ва меъда ва аз барои ҷигар як қирот [мумиё] бо ду донг гили арманӣ ва як донг заъфарон андар оби ангури сагак ва ё хиёршанбар бидиҳанд. Аз барои ҳукак як ҳабба мумиёро бо ҷӯшонидаи тухми карафс ва аз барои дарди испурч як қироти онро бо оби шакар бидиҳанд.
Андомҳои ронанда: Мумиё аз барои решҳои мезаной ва обгаҳ хуб аст ва ба қадри як қирот аз он бо шир бидиҳанд. Агар миқдоре аз онро бо орд сиришта, ба зер баргиранд, аз камсабрӣ бар нигоҳ доштани пешоб суд бахшад.
Заҳрҳо: Аз барои заҳрҳо ду ҳабба аз онро бо ҷӯшонидаи хори хасак ва ангудон ва аз барои каждумҳо як қироти онро бо хамри холис [бидиҳанд]. Бар газидагии [каждум] як қирот мумиёро бо равғани гов [бимоланд].
422. МУРР1 – МУРР
Resina Commiphorae (Commiphora abyssinica Engl. et C. myrrha Engl.)
Моҳият: Ин самғест, ки навъе аз он холис ва навъе омехта ва мағшуш бувад.
Ихтиёр: Беҳтарин мурр онест, ки ба сафедӣ ва сурхӣ гароида, бо чӯбҳои дарахти худ омехта набошад ва хушбӯй бошад. Гоҳе онро бо баъзе исфидакширҳои қаттол биомезанд ва қаттол бигардад. Ин гунаи исфидакширро «борфосис»2 номанд ва он дарахти қаттол бувад.
Табъ: Мурр андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мурр кушоянда, бодҳоро ҳалкунанда ва дорои гирандагӣ, часпонандагӣ ва нармсозист. Дудаи он барои ҳар чизе хуб аст, ки худ хуб бошад, лекин бештар хушкиовар бувад. Ин [дуда] латифи бегазанд буда, бо дудаи кундур ҳамҷинс аст ва ба сабаби бисёр манфаат доштан андар таркиби доруҳои бузург бидарояд. Он гандидан нагузорад ва ҳатто [колбади] мурдаро нигоҳ дорад ва аз тағйир ёфтану бӯй гирифтан боз дорад. Мурр фазлаҳои хомро хушк кунад. Мурри аз Иқлитиё (Қрит) оварда беш аз ҳама гармкунанда, пазонанда ва нармкунанда аст.
Оростагӣ: Агар мурро бо равғани мурд ва лозан биомезанд, барои қавӣ ва зич сохтани мӯй ёрӣ расонад ва пайҳои решҳоро бизудояд. Агар онро андар даҳон бигиранд, бӯи онро хуш кунад ва бӯи бад бибарад. Мурро бо шароб ва замч бар зери бағал бимоланд, бӯи бади онро бибарад. Онро бо ангубин ва салиха бар озахҳо бимоланд.
Омосҳо ва табишҳо: Мурр аз омосҳои балғамӣ судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: [Решҳоро] фароҳам оварад ва устухонҳои урёнро гӯшт бипӯшонад. Онро бо сирко бар парюнҳо ба кор бибаранд ва ҷароҳатҳои гандидаро беҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мурро бо гӯшти садаф бар куркуракҳои осебрасида, масалан, [бар куркураки] гӯш ва монанди он бимоланд.
Андомҳои сар: Ҷолинус гуфтааст, ки бӯи мурр на танҳо гирифторони саръро, балки тандурустонро ҳам сардард оварад. Он хусусан бо софсиё, афюн ва гунди бе дастар аз ҷумлаи доруҳоест, ки аз шикастагии гӯш суд бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ