Қонуни тиб

Он [инчунин] дорои латифӣ, поккунии андак ва нармсозии ниҳоят зиёд бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Мум сахтии омосҳоро нарм созад.
Решҳо: Мум хушкрешиҳоро нарм кунад ва решҳоро бо чирк пур созад. Муми сиёҳ пайкон ва хорро берун бикашад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Мум асабҳоро нарм созад.
Андомҳои сар: Муми сиёҳ бо ёрии бӯи хеш атса оварад.
Андомҳои нафаскашӣ: Тило кардан ва лесидани мум, хусусан агар бо равғани бунафша омехта бошад, аз дуруштии сина судманд аст. Мум ширро андар пистони занони ширдиҳанда бастан нагузорад. Ба гумонам Дисқуридус ошомидани даҳ ҳабби ба қадри як говарс будаи онро дар назар дорад2.
Андомҳои ронанда: Мумро ба андозаи даҳ донаи говарс андар баъзе ошомҳои говарсӣ ва ё гуринҷӣ афканда, аз барои решҳои рӯдагон бихӯранд.
Заҳрҳо: Гӯянд, ки мум заҳрҳоро бикашад ва онро чун бар ҷароҳатҳои тирҳои заҳролуд тило кунанд, зиёни онҳоро бибарад.
415. МАҒНОТИС – ОҲАНРАБО
Magnetit
Моҳият: Ин сангест, ки оҳанро бикашад ва онро чун бисӯзанд, шодана бигардад ва қувваташ чун қуввати он бошад.
Ихтиёр: Беҳтарини он сиёҳи аз сурхӣ бӯйбурда ва холиси беомезиш аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Оҳанрабо зудоянда ва поккунанда аст.
Андомҳои ронанда: Онро ба касе биошомонанд, ки оҳанреза хӯрда бошад ва ё андар шикамаш рими оҳан дармонда бошад ва оҳанрабо онро ба худ кашида, ба ҳангоми берун шудан бо худ бибарад. Гуфтаанд, ки агар аз [оҳанрабо] ба қадри се убулус бо молиқиротун биошомонанд, кимуси ситабрро ба исҳол берун кунад.
416. МОРҚАШИШО – САНГИ РӮШНОӢ
Markasit, Pyrit
Моҳият: Санги рӯшноӣ чанд гуна аст: зарӣ, симӣ, мисӣ ва оҳанӣ. Ҳар як гуна андар ранг ба гавҳаре монанд аст, ки бад-он нисбат дорад. Форсҳо инро ба сабаби барои биноӣ суд доштанаш «санги рӯшноӣ», яъне «санги нур» хонанд.
Табъ: Санги рӯшноӣ андар дараҷаи дуввум гарм ва андар дараҷаи севвум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Санги рӯшноӣ гиранда, гармиоваранда, пазонанда, ҳалкунанда ва зудоянда буда, қувваташ қавист, лекин то агар нарм хурд карда нашавад, судаш зоҳир нагардад.
Оростагӣ: Агар онро бо сирко бар песӣ, баҳак ва кунҷидаи сурх тило кунанд, суд бахшад. Он рутубатҳои зери пӯстро ҳал кунад, мӯйро рақиқ ва гесугуна гардонад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо ротинаҷ биомезанд, аз барои омосҳои сахт нафъ кунад ва онҳоро ҳал созад.
Санги рӯшноӣ ба сабаби пазандагӣ ва ҳалкунандагии доштааш андар таркиби марҳамҳои ҳалкунанда бидарояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Санги рӯшноӣ бо ротинаҷ реш
ҳоро гӯшт пур кунад ва бо зирних гӯшти зиёдатиро бирезонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Он моддаеро, ки андар охири мушак ҷамъ шавад ва шабеҳ ба хуноба аст, ҳал кунад.
(367) Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки агар онро бар гардани кӯдак биовезанд, кӯдак нахоҳад тарсид.
Андомҳои чашм: Чи сӯхта ва чи носӯхтаи санги рӯшноӣ чашмро бизудояд ва онро қувват бахшад.
417. МАҒНИСИЁ – МАҒНИСИЁ
Lapis magnes
Моҳият: Ин андар ҳолатҳо чун санги рӯшноист, вале аз он беҳтар бувад.
418. МИДОД – МИДОД, СИЁҲӢ
Artamentum
Моҳият: Мидод маъруф аст.
Ихтиёр: Беҳтарини он аз ҳама сабуксанг ва сиёҳтари он бувад.
Табъ: Ҳама гуна сиёҳӣ, ба ҷуз гунаи ҳиндӣ, гарми хушкиоваранда бувад. Ҳиндӣ ва Булус онро аз ҷумлаи сардиоварандагон шуморидаанд.
Хосиятҳо: Ҳамаи мидодҳо хушккунандаанд.
Омосҳо ва табишҳо: Баъзеҳо даъво кардаанд, ки чун сиёҳии ҳиндиро бар омосҳои гарм биниҳанд, онҳоро нафъ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сиёҳиеро, ки аз дудаи чӯби санавбар гирифта бошанд, бо самғи муқл бар оташсӯхта биниҳанд ва то афтиданаш бигузоранд, биистад.
419. МАРЗАНҶӮШ – МАРЗАНГӮШ
Origanum majorana L.
Табъ: Марзангӯш андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Марзангӯш латиф буда, ҳалкунандаю кушоянда аст ва қувваи равғанаш гармкунанда, табиаткушоянда ва тез бувад.
Оростагӣ: Оби онро андар миҳҷама кунанд ва низ онро баъд аз анҷом додани ҳиҷомат бар андом тило кунанд, зеро он аз сафедшавие боз дорад, ки андар маҳалли буридагӣ баъд аз ҳиҷомат падид ояд. Хушки онро бо ангубин бар хунбастагию кабудии хусусан зери чашм тило кунанд.
Омосҳо ва табишҳо: Марзангӯш тилои омосҳои балғамист.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Марзангӯш андар таркиби мумравған бидарояд ва онро бар печидагии асаб тило кунанд. Он аз дарди миёну пайғула судманд аст ва бо ангубин аз мондагӣ низ [муфид бошад]. Равғани онро аз барои фалаҷе, ки гарданро ба сӯи пас бигардонад ва барои дигар [намуди] фалаҷҳо зимод кунанд.
Андомҳои сар: Марзангӯш суддаҳои мағзро бикушояд.
Он ба тариқи пухтаковрезӣ ва чаконидан аз дарди нимсара, аз сардард, рутубат, сардарди савдовӣ, бодҳои ситабр ва аз дарди гӯш судманд аст. Андар гӯш чун пунбаи андар равғани марзангӯш оғуштаро биниҳанд, бастагии онро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷӯшонидаи он аз истисқо суд дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо