Қонуни тиб

- МУШКТАРОМАШИЪ1 – МУШКТАРОМАШИР
Origanum dictamnus L.
Моҳият: Ин шохаҳоест шабеҳ ба шоҳисфарам2 ва хушки он андар аввали чашидан таъми зиёд ва бӯй надорад, сипас талхию тезӣ падид орад. Агар гӯсфанд онро бичарад, аз пистонаш хун ояд. Ин гиёҳ ҷои пудина бигирад, балки хеле аз он қавӣ бошад. Мушктаромашир ду синф аст: яке мушктаромашири ростин ва дигар мушктаромашири нодурусти дурӯғин3 бувад, ки ин [ба ростин] монандӣ дошта, вале андар [бисёр] ҳолатҳо аз он камқувваттар аст.
Табъ: То ба дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Андомҳои сина ва нафаскашӣ: Рутубатҳои часпакро аз сина ва шуш берун кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шароби он аз тоса ва маниши гаштан судманд аст.
Андомҳои ронанда: Хуни ҳайз ва пешобро ба андозае сахт битозонад, ки ҳатто пешоби хун оварад. Ошомидан, бахур кардан ва ба зер баргирифтани он ҷанинҳоро берун орад. Шароби он хуни нифосро фурӯ резонад. - МАРОРА – ЗАҲРА, ТАЛХА
Chole
Ихтиёр: Қавитарини заҳраҳои чаҳорпоён заҳраи гов, сипас оҳу1 ва хирс, баъд буз ва сипас гӯсфанд аст. Солимтарини заҳраҳои парандагон заҳраи хурӯс, дурроҷ ва кабк бувад. Агар парандаҳои хурд бо чаҳорпоёну сайдҳо ва парандаҳои гӯштхор бо даррандаҳо муқоиса карда шаванд, ҳама гуна заҳраи паранда қавитар аз заҳраҳои чаҳорпоён бошад. Заҳраҳои ниҳоят қавии сӯзонанда заҳраҳои даррандагон ва хусусан даррандагони бузург мебошад. Заҳраи аз миёни заҳраҳо ихтиёршаванда онест, ки рангаш зарди табиӣ бошад. Аммо зангорӣ ва лоҷувардии он бад аст. Сурхи баланд низ [бад] бувад. Нотавонтарини заҳраҳо заҳраи хукҳост. Заҳраи моҳии шаббут, моҳие, ки «каждум»2 ном дорад ва сангпушт аз заҳраҳои чаҳорпоён қавитар буванд. Дисқуридус гуфтааст, ки ду сари талхадонро бибанданд, андар об ба андозаи давидани инсон ба масофаи се тиррас биҷӯшонанд, сипас онро берун оваранд ва андар сояи берутубат хушконида, нигоҳ доранд.
Табъ: Ҳамаи заҳраҳо андар дараҷаи чаҳорум гарми хушканд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи заҳраҳо тезу зудояндаанд ва онҳо ба ҳасби нарию модагӣ, ба ҳасби ташнагию гуруснагӣ, ҳолати серобию осудагӣ ва ҳолати [оромию] риёзат гуногун бигарданд.
Оростагӣ: Заҳраи гӯрхар тутаро бирезонад ва тило кардани он бар пайҳои омосҳо судманд аст.
Омосҳо ва табишҳо: Заҳра андар таркиби марҳамҳои сурхбод бидарояд ва онро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар заҳраро бо натрун, ротинаҷ ва гили қимулиё биомезанд, аз гари решшуда судманд бошад. Заҳраи гов андар таркиби марҳамҳое бидарояд, ки ҷароҳатҳои ғайри сурхбод бударо [аз гандидан] нигоҳ доранд ва дардҳои сахтро [суд бахшад]. Заҳраи нарбуз гӯшти тутиро биканад. Ниёзмандии решҳо ба заҳраҳои қавию заиф
ба ҳасби ҳангомҳо ва покию чиркнокии онҳо гуногун бувад. Заҳраи гург аз барои ҷароҳатҳои асаб ба ҳангоми сармо хуб аст ва пеши ташаннуҷ ва кузози андар ин гуна ҳолатҳо бимнокро бигирад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Заҳраи нарбузро чун бар поғура ва даволӣ кунанд, суд бахшад. Хусусан заҳраи гӯрхар низ чунин бувад. Заҳраи гург ташаннуҷу кузозеро, ки натиҷаи ҷароҳатҳои асаб ва хусусан аз сабаби сармо бошанд, боз дорад.
Андомҳои сар: Заҳраи нарбуз ва барзагов аз барои решҳои тозаи андаруни гӯш [хуб] аст. Заҳраи каргасро андар равғани зайтун ниҳода, андар гӯшҳои вазнин ва гӯшҳое, ки каранд ва бо фишурдаи ганданои набатӣ аз барои бонг задани гӯш ва вазнинии шунавоӣ бичаконанд. Заҳраи барзаговро бо натрун ва гили қимулиё аз барои сабӯса [ба кор баранд] ва бо он сарро бишӯянд. Гуфтаанд, ки агар заҳраи хирсро билесанд, аз саръ нафъ кунад. Заҳраи сангпушт аз қулоъи палиди андар даҳони кӯдакон падидоянда, чунон ки гуфтаанд, фоида дорад ва каси ба саръ гирифтор агар онро бар бинӣ баркашад, суд ёбад. Ҳамаи заҳраҳо аз гум кардани ҳисси бӯёӣ нофеъанд ва онҳо суддаҳои устухони полояндаро ниҳоят хуб бикушоянд.
Андомҳои чашм: (366) Ҳамаи заҳраҳо аз торикии биноӣ судманд аст. Заҳраи ҳамаи шикориён ва хусусан хушки он ҳангоми оғози [фурудоии] об ва интишор суд дорад, вале онро танҳо баъд аз пок кардани сару тан ба кор бурдан равост. Нофеътарини заҳраҳо барои чашм аз чаҳорпоён заҳраи оҳу, аз парандагон заҳраи кабк ва аз моҳиён заҳраи моҳии шаббут аст. Заҳраи буз ва хусусан бузи кӯҳӣ аз шабкӯрӣ судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Заҳраи барзаговро бо ангубин аз барои хуноқ бар ком биниҳанд ва заҳраи сангпуштро низ чунин кунанд.
Андомҳои ронанда: Заҳраи барзагов даҳонаҳои бавосирро3 бикушояд. Ҳар гуна заҳра ва ҳатто заҳраи хукро ҳам агар бар ноф бимоланд ва ё ба зер баргиранд, исҳол оварад ва табиат бикушояд. Заҳраи барзаговро бо ангубин барои решҳои мақъад тило кунанд ва аз он барои дарди раҳм ва хояҳо андуданӣ омода созанд ва онро бар омосҳои пӯсти хоя ниҳанд.
Заҳрҳо: Заҳраи нарбузҳои кӯҳӣ тарёки газидагиҳост ва заҳраи барзагов низ чунин бувад.
414. МУМ1 – МУМ
Сеrа
Моҳият: Муми пок девораҳои ошёни магаси ангубин аст, ки андар онҳо тухм биниҳад, бача барорад ва ангубин захира кунад. Муми сиёҳ шухи ошёни магаси ангубин бувад.
Табъ: Мум муътадил аст.
Хосиятҳо: Мум нармкунанда буда, решҳоро бо чирк пур кунад ва ба араз тарӣ оварад, аз баҳри он ки вай часпида, масомро бибандад. Мум моддаи ҳамаи марҳамҳои сардкунандаи гармиоваранда аст ва бешубҳа дорои андаке пазандагӣ буда, аз сабаби ҳалкунандагии зиёди ангубин [низ] каме ҳалкунандагӣ дорад. Андар муми сиёҳ, ки он шухи ошёни магаси ангубин аст, [қувваи] сахти аз умқ кашанда ҷой дорад ва пайкону хорро берун бика шад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо