Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои чашм: Оби мумиёӣ аз барои чашм бад аст.
Андомҳои сина ва нафаскашӣ: Оби сахт сард аз барои сина бад аст, чунки об ба сабаби рутубатфизоии андар хеш дошта нои шушро, ки ниёзманди хушкифизоист, зиён оварад. Оби нимгарм аз барои омосҳои гулӯ, забонча ва сина хуб аст. Оби дарёро бар омосҳои пистон бирезанд. Оби бурагӣ гоҳе шушро суд бахшад. (364) Оби замч аз хунпартоӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Оби оҳандор испурчу меъдаро суд кунад ва оби мисдор ба он наздик бувад. Оби ниҳоят сард хусусан худовандони суддаҳоро зиён дорад. Оби дарё ва монанди он барои меъда бад аст ва бухори он аз истисқо судманд бувад. Ошомидани оби бурагӣ ба сабаби бурагияш гоҳе меъдаи тарро суд бахшад. Оби замч аз қай нофеъ аст ва онро боз дорад. Обҳои гилии гиранда низ чунинад. Обҳои гӯгирдӣ аз омосҳои испурч ва дардҳои он суд бахшад ва ҷигарро низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Бо оби дарё аз барои печиши ноф ҳуқнарезӣ кунанд ва гоҳе онро чун биошоманд, исҳол оварад ва сипас аз паси он чун шӯрбои мурғ биошоманд, сӯзиши онро фурӯ нишонад. Оби замчӣ бачапартоӣ ва рафтани хуни ҳайзро боз дорад. Обҳои гӯгирдӣ аз дардҳои раҳм судманд аст. Оби ниҳоят сард боҳро бад аст, шикамро бибандад ва ҳаракату сайлони маниро фурӯ нишонад. Оби шӯр исҳол оварад ва сипас ба сабаби хушкӣ овардан исҳолро бидорад. Ҳамаи обҳои маъданӣ пешобу ҳайз омадан ва зоишро душвор гардонанд ва аксари онҳо табиат бикушоянд ва хушкӣ оваранд. Баъзеи онҳо мисли оби замч табиатро бибандад ва гоҳе қулинҷ ҳам оварад. Обҳои оҳану мисдор аз барои гурда ва қулинҷ хубанд. Обҳои истода андар гурдаву обгаҳ санг ба амал оваранд. Обе, ки андар он оҳаки тофтаро хомӯш карда бошанд, аз хунпартоӣ суд дорад.
Табҳо: Обҳои гӯгирдӣ, гилӣ ва истодаи мурда табҳо падид оранд ва аз обҳои ситабр таби чаҳоррӯзӣ ба амал ояд.
Заҳрҳо: Ҳар касе, ки ӯро афъӣ газида бошад, чун андар оби дарё бинишинад, аз он суд бинад. Ин об барои газидагии дигар ҷунбандагони марговар низ чунин бувад.
409. МИЗМОРУ-Р-РОЪӢ1 – «НАИ ЧӮПОН»,
ЗУФИ ОБӢ
Alisma plantago-aquatica L.
Хосиятҳо: Қувваи он зудоянда аст.
Омосҳо ва табишҳо: «Наи чӯпон» омосҳои гармро ҳал кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: «Наи чӯпон» аз омосҳои2 ковок ва гарони андомҳои андарунӣ судманд аст.
Андомҳои ронанда: «Наи чӯпон» аз санги гурда суд дорад ва онро хурд кунад. Ҷӯшонидаи он ва бехи он аз решҳои рӯдагон суд бахшанд.
410. МУҒОС – МУҒОС
Radix glossostemi (Glossostemon Brugieri D. с.) Моҳият: Баъзеҳо гуфтаанд, ки он решаи анори даш

тист, вале чун гуфтаанд, ки тухми он созгори боҳ буда, онро сахт ба ҳаракат орад, ин ду гуфта бо ҳам намесозанд.
Табъ: То ба дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум тар аст.
Хосиятҳо: Муғос андомҳоро нерӯманд кунад.
Оростагӣ: Муғос фарбеҳ кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар бо он ба ҳангоми нимбаромадагӣ, шикастани [устухон] ва сустии мушакҳо зимод кунанд, суд бахшад, аз ниқрису ташаннуҷ суд дорад ва барои душбиз ва сахтии пайвандгоҳҳо хуб аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Сахтиҳои гулӯ ва шушро нарм кунад.
Андомҳои ронанда: Муғос ва хусусан тухми он боҳро биҷунбонад.
411. МУРДОСАНҶ1 – МУРДОСАНГ
Lythargyrum; Plumbum oxydatum Моҳият: Мурдосанг сурби сӯхта аст ва гоҳе аз ғайри сурб [низ] ҳосил карда шавад. Андар ислоҳ кардани он муболиға карда, онро андар сирко ва ё хамр биҷӯшонанд ва сипас як бор ва ё ду бор бисӯзанд ва ё онро бар рӯи ахгар сӯзонида, қабати болоии онро гирифта, барандозанд. Ё онро бо об, гандум ва ҷав то кафидани онҳо биҷӯшонанд ва он гоҳ гандум ва обро аз он ҷудо карда, [дубора] онро бо оби нав то холис шудан биҷӯшонанд. Сипас мурдосангро аз он об таҳшин карда, бигиранд. Ҳамин гуна чанд бор такрор кунанд, то он мисли намак пок бигардад. Гоҳе ба тариқи дигар [низ] амал кунанд.
Табъ: Ҷолинус гуфтааст, ки он моил ба хушкифизоист, лекин андар гармию сардӣ овардан заиф бувад. Вале ба наздики дигарон он андаке майл ба сардӣ дорад.
Шустаи он ночор сард аст
Хосиятҳо: Мурдосанг гирандаю хушкифизоянда аст, баробари қабз кардану часпондан андаке бизудояд ва [хилтҳои] ситабрро латиф созад. Гирандагию зудоиши он андак аст. Мурдосанг моддаи марҳамҳост ва доруҳоро ҷамъ бисозад. Он инчунин ҳалкунандагӣ, хӯрандагӣ ва қабзсозии ба ифротро бишканад.
Оростагӣ: Мурдосанг ва хусусан шустаи он бӯи тан ва зери бағалро хуш кунад, пӯстрав шудани [буни] ронро боз дорад, доғи кунҷида, пайҳои сиёҳ ва хуни мурдаро бизудояд, пайҳои обиларо бибарад ва арақ кардан нагузорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Мурдосанг ба араз гӯшти решҳоро бирӯёнад, лекин Ҷолинус гуфтааст, ки он на поккунанда, на чиркинсозанда, на рӯёнанда ва на коҳанда нест, балки он моддаи марҳамҳост ва аз пӯстрав шудани бун ва [миёни] ронҳо судманд бувад.
Андомҳои чашм: Мурдосанги шустаи сафед андар [таркиби] доруҳои чашм бидарояд ва чашмро зудоиш диҳад.
Андомҳои ронанда: Агар онро биошоманд, (365) пешобро манъ кунад. Занон андар ватани мо онро аз барои дарунрав ва решҳои рӯдагон ба кӯдакон бидиҳанд ва гоҳе онро андар кӯзаҳои об андозанд, то зиёни обро бикоҳад.
Заҳрҳо: Мурдосанг қотил аст, пешобро бибандад, шикам ва мезанойро бидамонад, забонро сафед созад, хуноқ оварда, нафасро танг кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ