Қонуни тиб

Феълҳо ва хосиятҳо: Марвхуш латиф буда, бодҳоро ҳал кунад ва фурӯ нишонад ва суддаҳои балғамиро андар куҷое набошанд, бикушояд.
Андомҳои сар: Агар онро андар шароб афкананд, шароб зуд мастӣ оварад ва бӯидани он бар боли шароб сардард падид орад, лекин агар онро бибӯянд ва ё агар худро бар пухтакови он бидоранд, ҳамаи бухорҳоро ҳал кунад ва сардарди сардро [суд бахшад]. Он андар ин кор дерманаро монад.
Андомҳои газокашӣ: Марвхуш меъдаро қавӣ кунад, суддаҳои андомҳои андаруниро бикушояд ва рутубати меъдаро бичинад.
Андомҳои ронанда: Марвхуш рӯдаҳоро нерӯманд бигардонад.
407. МУҚЛУ-Л-ЯҲУД ВА МУҚЛ МАККӢ – БӮИ
ҶУҲУДОН
Bdellium et Fructus Hyphaeneae (Hyphaene thebaica Mart.)
Моҳият: Гунае аз бӯи ҷуҳудон сиқиллӣ1 ва гунае арабист, ки он ғайри муқли румист2. Ин ҳар ду аз ҷумлаи дуводим3 ва самғҳост. Аммо муқли маккӣ меваи дарахти давм аст.
Ихтиёр: Беҳтарини ин ду самғ онест, ки кабудгуни софи талхтаъм, аз чӯбҳо пок, зуд ҳалшаванда ва хушбӯй буда, дудаш бӯи даҳмаст бидиҳад. Бӯи ҷуҳудон чун куҳан бигардад, аз нармсозандагӣ ба хушкифизоӣ гузарад.
Табъ: Муқли маккӣ сарди хушк аст. Гунаи дигари он ва хусусан сиқиллӣ андар дараҷаи якум гарм ва нармкунанда бувад. Муқли арабӣ ба гузашти замон хушкӣ оварад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Муқл ҳатто хуни бастаро ҳал кунад. Вай нармкунанда, пазонанда ва шиканандаи бодҳост. Муқли сиқиллӣ беш аз ҳама нарм кунад ва муқли арабӣ агар тоза набошад, хушктар аз сиқиллист.
Омосҳо ва табишҳо: Муқл, хусусан агар онро бо оби даҳони каси рӯзадор гудохта бошанд, омосҳои сахтро ҳал кунад. Ҳамчунин дигар омосҳои сардро низ ҳалкунанда аст. Муқли арабие, ки он самари дарахти давм нест ва он бӯи ҷуҳудон бошад, ханозирро нест кунад. Оби ҷӯшонидаи онро аз барои омосҳои андарунӣ ва сахт биошоманд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро бо сирко бар саъфа тило кунанд.
(363) Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Муқл аз даридани мушакҳо, ташаннуҷ, сахтии асабҳо ва гиреҳ задани онҳо суд дорад.
Андомҳои нафаскашӣ: Муқл аз дардҳои нои шуш ва омосҳои он нофеъ аст ва аз сурфаи деррав ва дардҳои паҳлу суд бахшад. Муқли арабӣ аз омосҳои ҳанҷараю гулӯ судманд бувад.
Андомҳои ронанда: Ошомидан, ба зер бар гирифтан ва дуд андохтани муқл аз бавосир судманд аст ва хуни онро бибандад. Он аз санги гурда суд бахшад. Муқл агар андар таркиби чизҳои исҳоловар бидарояд, саҳҷро боз дорад. Он пешоб ва хуни ҳайзро битозонад. Гумон биравад, ки муқли маккӣ низ пешоб ва хуни ҳайзро битозонад, вале он, бешубҳа табиат бибандад ва сангро хурд созад. Агар ду мисқол муқли арабии холиси сурхрангро совида, бо оби
ангубин биошоманд, балғамро фурӯ нишонад. Ҳар ду намуди муқл якҷоя истисқои обии хояро ҳал кунанд, даҳони раҳми бастаро бикушоянд, ҷанинро биафтонанд, раҳмро пок созанд ва омосҳои мақъаду ҳар ду хояро ҳал кунанд.
Заҳрҳо: Муқл аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор суд дорад.
МОЪ – ОБ
Aqua
Ихтиёр: Мо обҳои хубу сутударо андар Китоби нахустин ёд кардем ва инро бояд аз он ҷо бидонист. Обҳои бад инҳост: обҳои истода ва ботлоқҷойҳо; обҳое, ки бар онҳо таъму бӯи бегона ғолиб омадаанд; обҳои тира, ситабр ва гаронсанг; обҳое, ки майли зуд санг шудан доранд; обҳое, ки бар рӯи онҳо кафки бад бигардад ва бар сари худ чизи бегонаеро биоваранд. Бидон, ки обҳои бурагӣ аз ҷумлаи обҳоеанд, ки зиёни онҳоро шир, шароби ситабр, нашоста, чизи шабеҳи шароби тунуки райҳонӣ, санҷиди хом, хиёри норасид ва тараҳои латифкунанда ва пешобтозонанда бартараф кунанд. Обҳои ситабри тираро чизҳои латифкунанда аз қабили сир, пиёз ва гандано дуруст кунанд ва ошомидани шароби ғайри ситабр аз болои онҳо ва хусусан агар омехта бо онҳо бошад, зиёни онҳоро бибарад. Оби дурушт ё ситабр аст ва ё тези зудоянда аст. Гоҳе оби дурушт гуфта, оберо номанд, ки чизи бо он шусташавандаро ниҳоят пок кунад. Оби талхро шириниҳо ва оби шӯрро харнуби шомӣ, мурддона, дӯлона, гили холис ва пист ислоҳ кунанд. Оби умуман бадро сирко дуруст кунад.
Табъ: Оби дарё тези сӯзанда аст, оби бурагӣ гармкунандаи хушкифизост ва оби мисдор ва [оби] оҳандор андомҳои андаруниро нафъ кунанд.
Хосиятҳо: Оби сард худованди суддаҳоро зиён дорад, лекин худовандони ковокандомӣ (тахалхул) ва сайлонҳоро, чӣ гунае сайлон ва аз кадом андоме набошад ва касонеро, ки бад-ин сабаб гирифтори бемориҳоянд, судманд аст. Об ҳар гоҳ ба иътидол бошад, ҳамаи қувваҳо, яъне [қувваҳои] гуворанда, кашанда, нигоҳдоранда ва ронандаро бар иҷрои корҳояшон тавоно бигардонад.
Оростагӣ: Оби дарё аз кафидагиҳое, ки аз сармо падид оянд, пеш аз реш шудан суд бахшад, шупушҳоро бикушад ва хуни андар зери пӯст бастаро ҳал кунад. Обҳои гӯгирдӣ аз барои баҳак ва песӣ хубанд.
Омосҳо ва табишҳо: Обҳои гӯгирдӣ аз омосҳои пайвандгоҳҳо, сахтиҳо ва озахҳои овезон судманданд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Оби пок ба иллати рутубат овардан барои решҳо бад аст ва он бар хилофи тадбири барои решҳо воҷиббуда [амал кунад]. Оби дарёро истеъмол кардан аз хориш, гар ва парюнҳо судманд аст. Агар бо обҳои гӯгирдӣ гармоба кунанд, низ аз барои гар, парюнҳо ва инчунин аз барои саъфа хуб бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Оби дарё ва монанди он бемориҳои асабро судманд аст ва хусусан агар андар он оббозӣ кунанд, мисли раъша, фалаҷ, карахтӣ ва монанди онро [суд бахшад]. Обҳои гӯгирдӣ низ чунинанд ва аз ҳамаи дардҳои сарди пайвандгоҳҳо ва асабҳо суд бахшанд.
Андомҳои сар: Касони ба саръ гирифтор аз оби нимгарм суд баранд ва аз оби гарм зиён бинанд. Бухори оби дарё аз сардарди сард суд дорад ва оби мисдор даҳон ва гӯшро нофеъ аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо