Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ихтиёр: Беҳтарини он сафеди ҳалшавандаи пок бошад ва ислоҳ сохтани он бад-ин тариқ аст, ки онро ҳал карда, чанд рӯз андар сирко бигузоранд ва сипас ба шакли қурсҳо бихушконанд.
Табъ: Му андар дараҷаи севвум гарми хушк буда, дорои рутубати бегонаи нопухта аст, ки бодангез бувад.
Хосиятҳо: Му латиф, зудоянда ва кушоянда буда, андар қуввати хеш сунбулро монад, лекин аз он гармтару гирандатар бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидан ва тило кардани он аз дардҳои пайвандгоҳҳо судманд аст.
Андомҳои сар: Зиёд истеъмол кардани он сардард оварад ва ин ба сабаби зиёдии рутубати норасидаи он бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷигари сард ва дамиши онро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Ошомидан ва зимод кардани он ба сахтӣ омадани пешобро судманд аст ва аз дардҳои обгаҳ ва аз боздошта шудани фазлаҳо андар он низ чунин бошад. Му хуни ҳайзро битозонад, аз дарди раҳмҳо суд бахшад ва ҳатто нишастан андар оби он аз печиши ноф, қуроқур ва дамиш нофеъ бувад.
404. МОЗАРИЮН – МОЗАРИЮН
Daphne mesereum L. seu D. oleoides SChreb.
Моҳият: Ин исфидакшири бузург ва ду гуна аст: якеро барг бузургу тунук бувад ва дигарро барг хурду ситабр бувад ва ин бартарини ҳардуст. Аммо мозариюне ки сиёҳ аст, марговар бувад.
Ихтиёр: Беҳтарини мозариюн онест, ки баргаш бузурги шабеҳ ба барги зайтун ва латифтар бошад. Аммо мозариюни резабарг ва гесугуна бад аст. Гоҳе зиёни мозариюнро аз тариқи ҳал кардан бишкананд.
Табъ: Андар дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Мозариюн тезу поккунанда буда, пӯстро биравонад ва тезияш шадид бувад.
Оростагӣ: Ҳамаи гунаҳои мозариюнро барои баҳак, песӣ ва кунҷидаи сурх аз тариқи аз берун тило кардан ба кор бибаранд ва гоҳе андар ин кор бо он гӯгирд биомезанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ҳамаи гунаҳои онро бо ангубин аз барои парюнҳо ва решҳои чиркнок ба кор баранд ва он ба иллати доштани он гавҳаре, ки ҳалкунандаи хӯранда аст, хушкрешиҳоро биканад. Он инчунин гарро хушк кунад.
Андомҳои сар: Бо ҷӯшонидаи он ва хусусан бо ҷӯшонидаи навъи сиёҳи он мазмаза кунанд ва он дарди дандонро фурӯ нишонад. Гоҳе андаке аз онро бо мурч ва пораи мум бар дандони дарднок бичаспонанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Мозариюн ҷигарро сахт зиён дорад.
Андомҳои ронанда: Мозариюн ва хусусан агар онро ҳангоми гул кардан ба ҳоли тозагӣ ба кор баранд, обро ба исҳол оварад. Аз тариқи андар сирко хобондан ва сипас хушк кардан тезии мозариюнро шикананд. Як ошомиданӣ аз таркардаи он шаш драхмӣ аст, ки андар якуним ратл об онро то ба ним ва чаҳоряк расидан биҷӯшонанд ва сипас биошоманд. Вай ва хусусан як уксубофун аз он (362) андар ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ морҳо ва кирми кадудонаро ба исҳол берун кунад. Гоҳе бистуду дирам аз онро андар ду кӯза шароб тар карда, ду моҳ бигу

зоранд ва сипас онро полида, боз ду моҳ гузоранд. Баъд аз он полида, онро аз барои истисқо ва пок сохтани нифос биошоманд. Ҷӯшонидаи он аз барои ниҳоят ба сахтӣ омадани пешоб судманд аст. Баъзеҳо гуфтаанд, ки мозариюн хусусан агар бо он дучанд афсинтин омехта бошанд, савдо ва хилтҳои балғамиро низ ба исҳол оварад.
Аз миёни [пизишкон] баъзеҳо аз як мисқоли он бо дучанди он аз афсинтин маъҷуне созанд, ки бо ангубини пухта сиришта бошанд ва аз он шиёф бисозанд. Агар бо он оби зардро исҳол овардан бихоҳанд, бояд доруҳои исҳоловарандаи дигареро бо он биомезанд. Агар бо он савдоро исҳол овардан бихоҳанд, бо он худи ҳамин корро кунанд ва он чизеро бо он биомезанд, ки савдоро ба исҳол оварад.
Заҳрҳо: Мозариюнро бо шароб аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор бидиҳанд. Он ва хусусан гунаи сиёҳи он заҳри марговар аст. Агар онро бо пист омехта, бо об, равғани зайтун якҷоя карда шавад, мушҳо, сагон ва хукҳоро бикушад. Ду дирамсанги он инсонро бо тоса, қай ва исҳол овардан бикушад.
405. МАРВ – МАРВ, СУБИНАК
Origanum maru z.
Моҳият: Ҳиндуҳо гӯянд, ки марв бар чанд навъ аст:
як навъ хушбӯй аст, ки он «мармохур»1 бошад ва он гармтару хушктар аст; навъи дигар камбӯйтар буда, онро «самусо» гӯянд ва он гарми нарм аст; навъи севвумро «марви сафед» хонанд, ки он муътадил буда, дорои қувваи хуррамиоваранда аст ва ба гумони ман он навъе, ки дорои қувваи хуррамкунанда аст, забони гов аст; навъи дигарест, ки онро «марвмоҳус» хонанд ва он гарми хушк ва латифкунанда бувад; навъи дигарро «мешбаҳор» номанд, ки он чунонки тавсифкунандаи он гуфтааст, сард бувад.
Табъ: Марв андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва сипас гуногун бигардад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои марв паҳнкунандаи бодҳо, латиф ва ҳалкунандаи дамиш ва балғам буда, суддаҳоро андар куҷое набошанд, бикушояд.
Андомҳои сар: Марвро бо шир андар гӯши дарднок бичаконанд. Навъи мешбаҳори он аз сардарди гарм ва дигар гунаҳои марв аз сардарди сард судманданд, лекин атри аз он сохта, хусусан агар онро бар болои шароб бибӯянд, сардард оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Марв балғамро аз меъда ҳал кунад ва аз дарди меъда суд бахшида, худи онро қавӣ бигардонад.
Андомҳои ронанда: Марв рӯдаҳоро қавӣ созад ва тухмашро агар бирён кунанд, аз саҳҷ ва аз зусанториё нофеъ бошад ва агар бирён накунанд, балғамро ба исҳол оварад.
406. МАРМОХУР – МАРВХУШ, СУБИНАК
Origanum maru z.
Моҳият: Марвхуш маъруф аст. Гули он хокиранги моил ба сабзӣ ва хушбӯи атрист.
Табъ: Димашқӣ гуфтааст, ки марвхуш аз марзангӯш гармтару қавитар аст ва он андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ