Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сездаҳум

гуфтор андар баёни ҳарфи «мим» /م/

  1. МИСК – МУШК
    Moschus
    Моҳият: Ин нофи ҳайвонест шабеҳи оҳу ва ё худи оҳуст ва он дорои ду дандони сафеди ашк аст, ки чун ду шох ба сӯи андарун сарнагунанд.
    Ихтиёр: Беҳтарин мушк аз ҷиҳати маъдани [баромад] тибетист ва гуфтаанд, ки балки [беҳтарини] он чинӣ бувад. Сипас [мушки] хирхизӣ1, баъд ҳиндӣ ва баъди он [мушки] дарёӣ биистанд. Аз ҷиҳати чаро [беҳтарин мушк мушки оҳуест], ки ду навъи баҳманро2 чарида бошад, сипас [мушки оҳуи] сунбулчарида ва баъд аз он муррчарида биистад. Беҳтарин мушк аз ҷиҳати рангу бӯй мушки себбӯи3 зард бувад.
    Табъ: Мушк андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва хушкии он ба наздики баъзе [пизишкон] бартарӣ дорад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Мушк латифи қавигардонанда аст.
    Оростагӣ: Мушк агар андар таоми пухта биафтад, даҳонро бадбӯй хоҳад кард.
    Андомҳои сар: Агар мушкро бо заъфарон ва андаке кофур андар бинӣ кунанд, сардарди сардро суд бахшад ва худи он ба танҳоӣ ба сабаби ҳал кардан ва қувват бахшидан низ чунин бошад. Мушк мағзи муътадилро нерӯманд бигардонад.
    Андомҳои чашм: Мушк чашмро қавӣ созад, рутубатҳои онро бикашад ва сафедии тунукро бизудояд.
    Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Дилро нерӯманд ва хуррам кунад ва аз хафақону андӯҳгинӣ суд бахшад.
    Заҳрҳо: Мушк тарёки заҳрҳо ва хусусан [тарёки] беш бувад.
  2. МАСТИКО – МАСТАКО
    Gummi Pistaciae (pistacia lentiscus L.) Моҳият: Навъе аз он румии сафед ва навъе набатӣ буда, ба сиёҳӣ бигарояд. Дарахти он аз [гавҳари] обии кам ва [гавҳари] хокии зиёд таркиб ёфтааст. Мастако латифтар ва судмандтар аз кундур аст.
    Ихтиёр: Беҳтарини он сафед, зудоянда ва пок аст. Ислоҳ кардани он бад-ин тариқ аст, ки онро ҳал карда, якчанд рӯз андар сирко бигузоранд ва сипас онро хушк созанд.
    Табъ: Мастако андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва он камтар аз кундур гармиовар ва хушкифизост. Андар дарахти он сардӣ ва гармифизоии сахт нест ва гармифизоии худи он беш аз [гармифизоии] дарахташ бувад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Мастако гиранда ва ҳалкунанда аст ва ҳамаи бахшҳои дарахти он [низ] гиранда буванд.
    Таркиби дарахти он аз гавҳари обии нимгарм ва гавҳари хокӣ иборат аст. Бех ва пӯстҳои бехи он ҷои ақоқиё, ҳиюфоқастидос ва бадали онҳоро бигиранд. Фишурдаи барги он низ чунин аст. Аз самари он равғани сахт гиранда бигиранд. Аммо чунин ба назар расида, ки Ҷоли

нус ҳамаи бахшҳои онро ба изофаи гирандагӣ нармкунанда пиндорад ва равғанҳои онро низ [чунин донад].
Мастакои набатӣ1, ки ба сиёҳӣ бизанад, дорои гирандагии камтар ва хушкифизоии бештар аст ва он барои чизе, ки ниёзманди ҳалшавии қавист, аз ҳама созгортар бувад.
Ҳар чи ки андар он аз гирандагӣ, нармсозӣ ва хушкифизоист, бегазанд бувад. Равғани он сахт латиф буда, ба иллати латофат, нармифизоӣ ва гармии тунуки хеш балғамро бигудозад. Вале мастако бо вуҷуди он (361) камтар аз дигар самғҳо тезу касиф аст.
Оростагӣ: Мастако андар таркиби моддаҳои дандоншӯӣ ва рӯшӯяҳо бидарояд ва зебоӣ бахшад.
Омосҳо ва табишҳо: Мастако ба сабаби он миқдор аз гирандагӣ ва нармсозие, ки андар хеш дорад, аз омосҳои андомҳои андарунӣ судманд аст. Мастакои сиёҳи набатӣ барои сахтиҳои андарунӣ созгортар аст. Мастакои сиёҳ барои омосҳои мӯрчагӣ суд дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Фишурда ва ҷӯшонидаи барги он [решҳои] хазандаро нигоҳ дорад. Равғани дарахти он аз гар судманд буда, ҳатто гари чаҳорпоён ва сагонро [суд бахшад]. Оби ҷӯшонидаи барги он ва фишурдаи онро бар решҳо бирезанд ва он гӯшт бирӯёнад. Онро бар устухонҳои шикаста низ [бирезанд] ва онҳоро бипайвандад.
Андомҳои сар: Хоидани он балғамро аз сар бикашад ва онро пок кунад. Ҳамчунин мазмаза кардан бо он вораҳоро сахт кунад.
Андомҳои чашм: Бо мастако мижгони сарнагунро бичаспонанд.
Андомҳои нафаскашӣ: Мастако ва хусусан ҷӯшонидаи беху пӯсти он аз сурфа ва хун партофтан судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Мастако меъдаву ҷигарро қавӣ кунад, иштиҳоро бедор кунад ва меъдаву ҷигарро худи ҳамон замон хуб кунад.
Андомҳои ронанда: Он ҷигару рӯдаҳоро қавӣ созад ва аз омосҳои онҳо нафъ кунад. Ҷӯшонидаи беху пӯсти он аз дарунрав, зусанториё ва саҳҷ судманд аст. Худи барги он низ аз хунравии раҳм, аз ҳамаи дардҳои раҳмҳо, сайлони рутубатҳои бади онҳо ва аз афтидани раҳм ва мақъад [судманд бошад]. Равғани дарахт ва тухми он низ чунин бувад.
403. МУВВ – МУ
Meum athamanticum Jacq.
Моҳият: Ин пораҳои гуногуншакли рангашон ба ранги ғориқун монанд аст. Он дорои гардест, ки мазааш ба гирандагию талхӣ бизанад, хушбӯй бошад ва забонро бизанад. Ин бехи растаниест, ки фақат бехи онро ба кор бибаранд ва андар кишвари Мақдуниё фаровон бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ