Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ғизои гӯшти доғкарда ва бирён хушктар ва ғизои гӯшти ҷӯшонида тартар бувад. Гӯшти бо дегафзорҳо, обкома ва ғайра пухта андар қувват мисли [ин] дегафзорҳост. Гӯшти серравған ва пиҳ бадғизо буда, андаки он таомро латиф кунад [ва] миқдори каме аз он ба андозаи лаззат бахшиданаш хуб аст. Гӯшти намакхӯрда, ҳарчанд андар асл тарифизост, вале бештар аз хушкифизоии ҳар гуна гӯште хушкифизоянда бигардад ва ғизояш кам бувад. Гӯшти серравған ба изофаи камғизоияш ва зуд ба [гавҳари] дудӣ ва талха гардиданаш шикамро нарм кунад ва зуд гуворида гардад. Дунба аз гӯшти серравған ҳам бадтар буда, бадгувору бадғизост. Он гармтар ва ситабртар аз пиҳ аст.
Гӯшти гов серғизост ва ситабри он сиёҳи бад буда, бемориҳои савдо бизояд. Беҳтарини он гӯшти ҷавонаҳост.
Гӯшти говро пӯстҳои харбуза нарм кунанд. Беҳтарин ҳангоме, ки андар он [гӯшти говро бояд] хӯрд, баҳор ва аввалҳои тобистон аст. Тарсоён ва касони пайгири эшон гуфтаанд, ки [гӯшти гов] бо вуҷуди ситабрияш часпакии гӯшти хук ва устувории онро надорад. Аммо гӯштҳои хукбачаҳо ба иллати сахт ҳалкунандагӣ ва сахт рутубат доштанашон камғизоянд. Гӯшти мурғобӣ серғизост, вале ба дараҷаи хубии [гӯшти] мурғ ва монанди он намерасад. Аммо чинадони он лазиз буда, ҷигари он андар ғизо хуб, лазиз ва хубхилт аст. Гӯшти косашиканак шиканандаи бодҳост. Дуртарини гӯштҳо аз гандидан камравғантару хушкгавҳартари онҳост.
Оростагӣ: Гӯшти гов баҳак биоварад. Пиҳи гӯрхарро аз барои доғи кунҷида тило кардан хуб аст. Равғани мурғобии фарбеҳ низ чунин бошад. Сӯхтаи гӯшти барраро бар баҳак тило кардан ва сӯхтаи гӯшти ғукро барои «бемории рӯбоҳ» [ба кор бурдан хуб аст].
Омосҳо ва табишҳо: Гӯшти гов ва гӯштҳои ситабр низ саратон ба амал оваранд ва омосҳои сахтро ҳал кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Гӯшти гов гар ва парюнҳои бад падид орад ва гӯштҳои ситабр низ чунин буванд. Сӯхтаи гӯшти барраро бар парюнҳо тило кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гӯшти гов ҷузом, поғура ва даволӣ ба амал оварад ва гӯштҳои ситабр низ чунин буванд. Гӯшти серравған ва дунба аз барои асаби сахтшуда зимоди хубест. Андар оби пухтаи гӯшти харгӯш худованди ниқрис ва худованди дардҳои пайвандгоҳҳо нишинанд ва таъсири он ба таъсири оби пухтаи [гӯшти] рӯбоҳ наздик аст. Гӯшти росуро бар дардҳои пайвандгоҳҳо зимод кунанд. Гӯшти гӯрхар бо равғани қуст доруи молидании хубе барои дарди миён ва бодҳои ситабр бувад. Гӯшти афъӣ барои ҷузом, чунонки андар боби он овардаанд, [хуб аст] ва гӯшти хорпушт [низ] аз барои ҷузом хуб бувад.
Андомҳои сар: Гӯшти гов ва дигар гӯштҳои ситабри ёдшуда ба сабаби хушкифизоӣ савдо ва васваса падид

оранд. Гӯшти росуро бо шароб омехта, аз барои саръ биошоманд.
Андомҳои чашм: Хокистари гӯшти барраҳо аз барои сафедии чашм [судманд аст]. Гӯшти даррандаҳо ва парандаҳои соҳибчанг чашмро суд бахшида, қувват диҳад.
Андомҳои нафаскашӣ: Гӯшти харчанги рӯдӣ аз барои касони ба сил гирифтор судманд аст ва гӯшти чӯҷаҳо хуноқҳоро биангезад, магар ба шакли масус [истеъмолаш кунанд].
Андомҳои ғизокашӣ: Гӯштҳои ситабри ёдшуда испурчро ситабр кунанд, лекин сикбои гов бо кашнизи хушк ва заъфарон сайлони моддаҳоро ба сӯи меъда боз дорад.
Гӯшти сангхор андар ҷумлаи он чизҳое ёд карда шавад, ки аз фасоди мизоҷ, истисқо ва суддаҳои испурчу ҷигар суд доранд, вале ҳангоми истисқо беҳтар он аст, ки онро ба шакли қарис ба кор баранд, то ки ташнагӣ наангезад. Бархе аз мардум гӯштҳои даррандагонро барои сардии меъда ва рутубату заъфи он сутудаанд. Зудии гуворишу гузаштан ва дерии ҳар ду ба ситабрию тунукии ғизо вобаста нест, чунки гӯшти хуки даштӣ ва хонагӣ, чунонки гӯянд, зудтар гуворида шуда, бигузарад ва он [андар айни ҳол] ғизои қавӣ дошта, часпаки ситабр аст ва ё гӯшти гавазнҳо бо вуҷуди ситабрияшон зуд (360) гузаранд. Гӯшти хорпушт бо сикангубин истисқоро суд бахшад ва гӯшти сангхор аз суддаҳову нотавонии ҷигар, фасоди мизоҷ ва истисқо нофеъ аст. Аз гӯшти даррандагон ва соҳибчангон меъда безорӣ кунад.
Андомҳои ронанда: Анвоъи гӯшти гов ба сӯи рӯдаҳо кашида шудани сафроро боз доранд. Гӯшти бирёни харгӯш аз барои решҳои рӯдагон хуб аст ва гӯшти хушккардаи хорпушт бо сикангубин барои дарди гурда хуб аст.
Шӯрбои пирхурӯс барои қулинҷ ва бемориҳои савдовӣ хуб бувад. Пиҳи гӯрхар бо равғани қуст аз барои дарди гурда, ки аз бодҳои ситабр [хеста бошад], хуб аст. Гӯштҳои даррандагон ва соҳибчангон аз барои бавосир хубанд.
Шӯрбои гӯшти гов ба шакли сикбо барои исҳоли сафровӣ хуб аст ва қариси он бо кашниз, сирко ва турушиҳои ба он монанд ва бо заъфарон низ чунин бувад. Инчунин гӯштҳои парранда чи бирён ва чи ғайри бирён ва хусусан [гӯштҳои] кабкҳову тиҳуҳо табиатро бибанданд. Қавитарин [гӯшт] аз миёни онҳо [гӯшти] сангхор ва чаковак аст, хусусан агар ҷӯшонида, оби онҳоро бирезанд. Гӯшти гавазн пешобтозонанда аст ва гӯштҳои серравған бештар аз дигар гӯштҳо шикамро нарм кунанд.
Табҳо: Гӯшти говҳо, гавазнҳо, бузҳои кӯҳӣ ва паррандаҳои бузург табҳои чаҳоррӯзӣ ба амал оваранд.
Заҳрҳо: Гӯшти хушккардаи росуро чун андар шароб карда, бидиҳанд, аз заҳрҳо судманд бошад. Гӯшти сӯхтаи барраҳо аз барои газидагии морҳо, каждумҳо ва ҷаррораҳо ва бо шароб аз барои [газидагии] саги девона ва гӯшти ғук аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор [хуб] буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ