Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шири шутур хусусан бо пешоби шутури модаи арабӣ ошомида шавад, аз истисқо сахт судманд бошад. Вай иштиҳои ғизоро бедор карда, ташнагӣ оварад. Шири туруш ниҳоят дер аз худ шавад ва хомхилт аст, лекин меъдаи табиатан ва ё аразан гарм онро бигуворад ва аз он суд бардорад Аз он оруғи дудӣ ба амал наояд, зеро маскаи он баргирифта бувад.
Андомҳои ронанда: Оби панир сафрои сӯхтаро ба исҳол берун кунад ва бо афитимун савдои сӯхтаро ба исҳол оварад. Шир санг падид орад ва шири ба андозае пухта, ки гавҳари обияш рафта бошад, шикамро бибандад ва исҳоли хунро боз дорад. Шири шутур хуни ҳайзро битозонад ва дӯғи [шири] гов барои исҳоли сафровӣ хуб аст. Бо шири навдӯшида аз барои решҳои раҳм ҳуқнарезӣ кунанд.
Шири буз аз решҳои обгаҳ нофеъ аст. Шир зиёни ҷимоъро пешгирӣ кунад, барои боҳ қувват бахшад ва андар рӯдаҳо бод биангезад. Ҳар шири ситабр ва хусусан фалла қулинҷ биангезад ва санг бизояд. Шир ҷимоъангез аст ва ҳатто шири туруш ва мост андар баданҳои гарммизоҷ [бад-ин тариқ ҳисси ҷимоъро бедор кунад], ки тарӣ физояд ва бод биангезад. Шир ва хусусан шири модиён, шутур ва хар шикамро нарм кунанд. Пас аз онҳо шири гов, сипас шири буз ва дигар ширҳое биистанд, ки гавҳари обияшон камтар бувад. Гоҳе истеъмоли зиёди шир шикамро бикушояд (358) ва гуворида нагардад. Намак шир ва оби панирро бар исҳол овардан ёрӣ диҳад. Аммо шири ҷӯшонида ва ё шири сангтобкарда, яъне бо сангчаҳои тафсон ва тунукаҳои оҳанӣ гармкарда ночор шикамро бибандад. Шир аз саҳҷ судманд аст ва шири туруши пухта исҳоли сафровӣ ва хуниро бибандад. Шири шутур бавосирро нафъ кунад.
Агар ширро бар омосҳои мақъад ва решҳои он ва бар омосҳову решҳои зиҳор биниҳанд, суд бахшида, дарди андар ин андомҳо падидомадаро фурӯ нишонад.
Табҳо: Шири буз ва шири хар аз барои [таби] диққ, ба тавре ки инро андар ҷои худ хоҳӣ дарёфт, хуб аст.
Агар равғани шири турушро хуб бигиранд ва тавре бигиранд, ки хуб дарёфта шавад, бисёр бошад, ки табҳои диққро биронад. Аммо аз миёни ширҳои ситабр шири навдӯшида аксар вақт ба табҳо гирифтор кунад ва худованди таб, албатта, набояд бад-он наздикӣ ҷӯяд.
Заҳрҳо: Шир аз ошомидани доруҳои марговар, ошомидани [заҳри] харгӯши дарёӣ, шавкарон, банг ва хусусан аз ошомидани коғнаҳо, софсиё, харбақ, гургкуш, хониқу-ннимр ва ҳамаи доруҳои хӯрандаи уфунатовар судманд аст. Шир доруи касе бошад, ки онро банг дода бошанд ва ақли ӯро боз орад.
400. ЛАҲМ – ГӮШТ
Саrо
Ихтиёр: Гӯштҳои беҳтарин гӯшти гӯсфанд, ки он бо вуҷуди гармӣ1 латиф аст ва гӯшти бузу ҷавонаҳои ҷавон буванд. Гӯштҳои ҳайвонҳои хурдсол бештар гуворишпазир буда, ғизои онҳо латифтар аст. Гӯшти бузғола камтар аз гӯшти барра фазла дорад. Гӯшти шири су

тудахор хуб аст, вале гӯшти шири носутудахор бад бувад. Гӯшти гӯсфанди пир бад аст ва гӯшти гӯсфанди лоғар низ чунин бувад. Гӯшти [гӯсфанди] сиёҳ сабуктару лазизтар аст ва гӯшти гӯсфанди нар ва гӯшти [гӯсфанди] сурх [ва] гӯшти аз ҳайвони серравған ҷудокарда низ чунинанд. Гӯшти [гӯсфанди] сафед сабуктар ва гӯшти гӯсфанди дусола камғизотар аст ва бар сари меъда бигардад. Беҳтарин гӯшт ва хушхӯртарини он гӯштест, ки андар паноҳи устухон бошад. Гӯшти тарафи рост сабуктар ва беҳтар аз тарафи чап аст. Миёнҷои мушакҳо гӯшти аз асабҳо бештар пок бувад. Аммо гӯшти ковоке, ки бар рӯи он асаб нест, мумкин аст гоҳе болаззат бошад, хусусан агар чун гӯшти пистон ба сабаби тавлиди шир ва ё мисли гӯшти буни забон ба сабаби тавлиди луоб вуҷуд дошта бошад, [чунин аст]. Агар гуворида шавад, ғизои он хуб бошад, вале аксар вақт балғамӣ бувад. Серғизоии ин гуна гӯштҳо, ба истиснои гӯшти пистон ва гӯшти хояҳои хурӯсҳо (хусоу-д-дуюк), на чун серғизоии дигар бахшҳои гӯштҳову мушакҳост. Андар хубӣ аз ҳама камтар он гӯштест, ки аз барои такягоҳ офарида шудааст, чунончи [гӯште], ки аз рагҳои ҷигар ва ғайри он бофта шудааст, гӯшти дил ва буни он, ки мисли тӯса аст, чунинанд. Ғизои пистон хуб аст, вале агар андар он шир бошад, ситабр хоҳад буд. Гӯшти ҳайвони хоябарканда беҳтар аз гӯшти ғайри он аст. Беҳтарин гӯшти паранда гӯшти тазарв аст. Гӯшти мокиён латифтар аз он аст, вале на серғизотар. Гӯштҳои кабкҳо, тиҳуҳо ва дурроҷҳо [низ чунинанд]. Ҳар ҳайвоне, ки хушкмизоҷ аст, гӯшти хурди он беҳтар бувад. Масалан, гӯшти бузғола хуб буда, гӯшти буз ниҳоят хуб нест ва хилти он гоҳе сахт бад бувад. Гӯшти нарбуз ба таври мутлақ бад аст. Гӯшти даррандагон низ бад бувад.
[Гӯшти] ҳамаи парандагони бузургҷуссаи обӣ, [парандагони]: гардандароз, товусҳо, харчолҳои нар, кабӯтарони «сахт» ва сангхорҳо аксар вақт савдо ва чизҳои бадон монанд бизоянд. [Гӯшти] ҳамаи гунҷишкон бад аст.
Болҳои парандагоне, ки ба сабаби варзиш ситабр гардида бошанд, хубкимусанд. Беҳтарини гӯштҳои ҳайвоноти ваҳшӣ гӯшти оҳуст, ҳарчанд ки он ба сӯи савдовият майл дорад. Масеҳиён ва касоне, ки пайгири эшонанд, гуфтаанд, ки беҳтарини гӯштҳои ҳайвоноти ваҳшӣ гӯшти гуроз аст, зеро он ба изофаи он ки аз гушти хук сабуктар аст, қавӣ ва серғизо буда, зудгувор аст. Беҳтарин [гӯшт] гӯшти ҳайвонест, ки андар зимистон зода шавад. Низ бояд андар ҳолатҳои ҳайвон аз қабили син, чарогоҳ, ҳаракат ва дигар чизҳое нигарист, ки андар [боби] шир ёд шудаанд.
Табъ: Гӯшти паранда ҷомеътар ва хушктар аз гӯшти чаҳорпоён, гӯшти гов хушктар аз гӯшти буз ва гӯшти буз хушктар ва душворгувортар аз гӯшти гӯсфанданд. Гӯшти шутурро ғизо ситабр ва сахт гарм аст, гӯшти харгӯш гарми хушк аст ва гӯштҳои парандагони бузург, ғозҳо (359) ва харчолҳои нар ситабранд. Аммо гӯшти мурғобӣ ва [парандагони] обӣ сахт тар аст ва андар [тарӣ] ба гӯшти гӯсфанд наздик аст. Баъзеҳо тасдиқ кунанд, ки гӯшти хорпушт тарифизоянда аст. Гӯшти серравған ва дунба гарми тар буванд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гӯшт ғизобахшанда ва қави гардонандаи тан аст ва зудтар аз ҳама ба хун табдил ёбад.

пешина
аз 1215
навбатӣ