Қонуни тиб

Фалла дергувори ситабрхилт ва дергузар аст, вале ангубин онро ба ислоҳ орад ва тан аз он ғизои зиёде биситонад. Шири туруш дорои хилти хом аст ва пухтаи он хусусан ҳар андоза ситабр бошад, ҳамон андоза бештар табиат бибандад. Ҳамаи ширҳо ва хусусан андар ҷигар судда биоваранд, вале шири шутур ва монанди он ба сабаби камии гавҳари панирии хеш ва зудояндагии гавҳари обияшон чунин нестанд. Шир аз моддаҳое, ки ба сӯи андомҳои андарунӣ бирезанд ва бо тезию газандагии хеш онҳоро озор бидиҳанд, судманд аст, аз баҳри он ки шир бо шустани худ, қавитар аз шустани об аст, [зеро андар гавҳари обии он зудояндагиест, ки андар об нест], онҳоро заиф бигардонад ва кайфияти онҳоро бадин тариқ ба иътидол оварад, ки вай ба сабаби муносиб буданаш бо андом ва бар он часпиданаш миёни андом ва хилти бад ҳоил бигардад ва хилт андомро бараҳна дарёфтан натавонад. Шир худовандони сайлони хуниро зиён дорад ва барои андомҳои андарунӣ нохуб аст. Шири буз беш аз дигар ширҳо ба андомҳои андарунӣ зиён кунад, зеро аксар гиёҳи буз мечаридагӣ гиранда аст. Шири меш бар хилофи он бувад, вале сутуда нест ва сӯзишоваранда аст. Шир андар гавҳари худ зуд дигаргун бигардад ва ин хусусан ба сӯи гармӣ бошад. Ҳеҷ чиз аз шири бад танро зиёновартар нест. Шири хар обист ва шири хук обии норасида аст. Шири баҳорӣ ба қиёс бо шири тобистонӣ обист ва шири ҳайвонҳое, ки андар заминҳои сералаф ва найистонҳо бичаранд, низ чунин бувад, чунки гиёҳҳои баҳорӣ ба қиёс бо гиёҳҳои тобистон обиянд. Тобистон ҳар андоза ба хазон наздик ояд, шир ҳамон андоза ситабр бигардад. Беҳтарин шир шири миёнаи тобистон аст, лекин бими он дорад, ки гармӣ баъд аз ошомидан онро дигаргун бигардонад, вале андар баҳор чунин бим ҷой надорад. Шири гов серравған ва шири меш серпанир аст. Гавҳари равғанӣ ва панирӣ андар шири шутур кам буда, сипас андар шири модиён ва баъд андар шири хар [аз он ҳам камтар] бувад ва бинобар ин, хеле кам рӯй бидиҳад, ки онҳо андар меъда панир бигарданд. Ба иллати он ки шутур [растаниҳои] турушро дӯст медорад, шираш шӯрмаза аст ва ин беҳтарини ширҳо бувад. Бо вуҷуди ин гуфтаанд, ки вай андар меъда ва бахши барсӯвини шикам ниҳоят дер ва беш аз дигарон биистад. Бидон, ки шир ба ҳасби навъи ҳайвон, ба ҳасби синни ҳайвон, ки он ё хурд, ё бузург ва ё миёна бошад ва ба ҳасби намуди зоҳирӣ, ки ё нармгӯшт, ё сахтгӯшт, ё фарбеҳ, ё лоғари сафед ва ё ба ранги дигар бошад, гуногун бувад. Заифтарин шир, чунонки гуфтаанд, шири ҳайвони сафед аст ва аз ҳама зудтар бигузарад.
Оростагӣ: Ба гуфтаи баъзеҳо аз зиёд истеъмол кардани шир шупуш падид ояд ва ин аз ҳақикат дур нест, лекин тило кардани он пайҳои баднамуди пӯстро бизудояд. Агар онро биошоманд, рангро бисёр хуб кунад, валекин аксар вақт ҳамаи ширҳо ба ғайр аз шири шутур боиси падид омадани вазаҳ бигарданд. Аммо аз [шири шутур] бисёр кам бими падид омадани вазаҳ аст. Агар ширро бо шакар биошоманд, ранг ва хусусан ранги занонро ниҳоят хуб кунад ва фарбеҳ созад. Ҳатто оби панир худовандони мизоҷи гарми хушкро, ки ба сабаби [мизоҷашон] лоғар шуда бошанд, фарбеҳ кунад. Эшонро барои
он фарбеҳ кунад, ки тарӣ физояд ва гоҳе хилти бадро берун ронда, ғизоро дуруст кунад. Шири хобрафта (357) бо рими оҳан ин гуна одамонро зуд фарбеҳ кунад. Оби панирро тило кардан доғи кунҷида ва пайҳоро бибарад ва гоҳо ошомидани он аз ин [иллатҳо] судманд бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Бисёр вақт касонеро, ки омосҳои бад, думмалҳо, омоси хунӣ, гар ва хориш падид омада бошанд ва агар андар мизоҷи эшон чизе набошад, ки ширро табаҳ кунад ва онро ба сафро бигардонад, эшонро ошомидани шир шифо бахшад. Шир барои худовандони омосҳои андарунӣ зиён дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Шир решҳои андаруниро бинобар он дуруст кунад, ки шӯянда, поккунанда ва часпонанда аст. Агар андар мизоҷ чизе набошад, ки ширро табаҳ сохта, онро ба сафро бигардонад, вай худовандони решҳоро суд хоҳад бахшид. Оби панир бо ҳалила аз барои гар [судманд аст].
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ширҳо барои асабҳо ва барои худовандони бемориҳои асаб ва хусусан бемориҳои сарди балғамӣ баданд.
Андомҳои сар: Шири буз назлаҳоро суд бахшад, онҳоро бибандад, тезии онҳоро хуш кунад ва аз решҳои гулӯ судманд бошад. Шир аз барои нисёни хушк, андӯҳ ва васваса илоҷи хубест. Шир дандонҳоро, хусусан агар сардмизоҷ бошанд, зиён орад, онҳоро бихӯрад, мағок кунад ва аз ҳам бирезонад. Он вораҳоро ковок кунад. Балки боистӣ баъди шир бо ангубин ва шароб ва бо сикангубин мазмаза кунанд. Лекин гуфтаанд, ки агар бо шири хар мазмаза карда шавад, дандонҳо ва вораро сахт кунад. Шир бо худовандони сардард, гижа ва бонг задани гӯшҳо созгор нест ва хусусан аз паси он хобидан [бад бувад]. Умуман, шир касони сарашон камқувватро зиён дорад.
Андомҳои чашм: Шир торикии чашм ва шабкӯрӣ2 ба амал оварад, лекин агар андар чашм шир дӯшида шавад, рамад, зиёни моддаҳои тези ба сӯи чашм резанда ва дуруштиро бартараф кунад. Агар ширро бо сафедии хояи мурғ ва равғани хоми гул омехта, бар чашм ниҳанд, низ чунин бошад. Андар чашм дӯшидани шир аз хунпечидагӣ суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ: Шири хар ва буз аз барои сурфа, сил ва хунпартоӣ, ки инҳоро андар ҷои худашон хоҳӣ дарёфт, хуб аст.
Шири меш нофеътарин шир аз барои хунпартоист. Шир яке аз доруҳои решҳои шуш ва сил буда, мазмазаю ғар-ғара кардан бо он аз барои хуноқҳо, зубҳаҳо ва варамҳои забончаю бодомакҳо суд бахшад, лекин барои худовандони хафақони тар, чӣ гунае ки бошад, хоҳ аз хун ва хоҳ аз балғам, зиёновар аст. Шири шутур аз дамкӯтоҳӣ ва дама судманд аст. Шир назар ба сар ва меъда бештар ба сина созгортар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Шир андар ҷигар3 суддаҳо ба ҷой гузорад. Оби панир аз ярақон судманд аст ва шири бузу шутур низ аз ҳамаи ин [суд дорад]. Шири хар аз истисқо ва ҳамаи ширҳо аз сахтии испурч нофеътаранд. Шири шутур бо равғани беданҷир сахтиҳои андаруниро [суд дорад]. Шир ва хусусан фалла андар меъда бод биангезад ва дард оварад ва ҳардуи инҳо ва хусусан шир ҳукак ва оруғи дудӣ биангезад. [Ҳамаи ширҳо] ба ҷуз шири шутур ка сони ба иллати испурч ва иллати ҷигар гирифторро, ки эҳтиёҷ ба тадбири латифкунанда доранд, зиёноваранд, вале шири шутур аз бисьёр бемориҳои4 испурчу ҷигар судманд бувад ва ҷигарро тарӣ бахшад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо