Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Омосҳо ва табишҳо: Кашниз бо сафеда, сирко ва равғани гул аз омосҳои гарм ва бо ангубину мавиз аз барои махмалак ва «оташи форсӣ» судманд аст. Агар фишурдаи онро бо орди боқилӣ, ё пист ва ё орди нахӯд биомезанд, аз барои ханозир [суд дорад]. Ҷолинус гӯяд: «Агар фишурдаи он ханозирро ҳал кунад, пас чӣ гуна он сард бошад? Мумкин аст онро ба сабаби хосияте ва ё ба сабаби оп [сард] гуфта бошанд, ки андар он гавҳари латифи фурӯраванда буда, ба умқ бигузарад ва фурӯ равад ва гавҳари сард фурӯ рафтан натавонад, лекин онро чун биошоманд, [гавҳари] гарм зуд ҳал гардида, феъли [гавҳари] сард боқӣ бимонад». Ӯ гуфтааст: «Аз сурхбод танҳо чизе шифо мебахшад, ки сардӣ оварад ва ё [сурхбод] бо хилти савдовию балғамӣ омехта бошад».
Андомҳои сар: Кашниз аз гижа ва аз саръ, ки ҳар ду ба сабаби бухори сафровӣ ва ё балғамӣ ба амал омада бошанд, судманд аст. Хосияти он ин аст, ки бухорро аз сӯи сар бигардонад ва бад-ин сабаб онро андар таоми касе афкананд, ки аз бухори меъда ба саръ гирифтор бошад.
Зиёд истеъмол кардани тару хушки он зеҳнро парешон кунад ва тари он хоб оварад ва хуни биниро боз дорад.
Пошидани хушки он ва бо оби тари он мазмаза кардан аз қулоъ судманд аст.
Андомҳои чашм: Кашниз тирагии биниш падид орад ва чаконидани фишурдаи он хусусан бо шири занон тапидани чашмро ором кунад. Агар бо барги он зимод ниҳанд, пеши ҷорӣ шудани моддаҳоро ба сӯи чашм бигирад.
Андомҳои нафаскашӣ: Кашниз аз хафақони гарм суд дорад. Агар ду дирамсанги онро бо оби аспғул бидиҳанд, хунпартоиро манъ кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Кашниз дергувориш буда, меъдаи гарммизоҷро қавӣ созад. Бирёни он қайро боз дорад ва гуфтаанд, ки оруғи туруши пас аз таомро ором кунад.
Агар чунин бошад, пас ин бад-он сабаб аст, ки он бухор ва ҳаракати онро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Тухми бирёни он табиат бибандад ва гӯянд, ки тухми он бо майпухта морҳоро аз [шикам] ба исҳол берун кунад. Кашнизи тар бо ангубину равғани зайтун аз барои омоси гарми хояҳо судманд аст. Тару хушки он қувваи боҳ ва хестани нараро бишканад ва маниро хушк кунад.
Заҳрҳо: Агар то чаҳор уқия аз фишурдаи онро биошоманд, аз тариқи андӯҳу беҳушӣ овардан бикушад. Умуман онро набояд зиёд истеъмол кард.
375. КУММАСРО – АМРУД, НОК
Pirus communis L.
Моҳият: Андар он [гавҳари] хокӣ ва обист. Андар ватани мо як навъ амрудест, ки онро «шоҳамруд» гӯянд ва он бузургҳаҷм, ниҳоят гирд, пӯсттунук, хушранг ва шаффофнамуд бувад. Гӯё шакари обгардидаи баста аст ва зичии он ба сабаби бастагияш аст, на ба сабаби ситабрии гавҳар. Ин [амруд] сахт хушбӯй буда, чун аз дарахт бар замин биафтад, пора шуда, паҳн шавад. Ин яке аз гунаҳои безиёни амруд бувад.
Табъ: Амруди бо номи «амруди чинӣ» маъруф андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Шоҳамруд муътадили тар бувад.

Феълҳо ва хосиятҳо: Ҳамаи гунаҳои амруд гирандаанд ва андар зимни зимодҳои нигоҳдорандаи моддаҳо бидароянд. Амруд андаке бизудояд ва хилти он, чунон ки Руфус гуфтааст, бештар ва сутудатар аз хилти себ бувад.
Аммо навъи андар кишвари Хуросон бо номи «шоҳамруд» маъруф аз ғайри дигар навъҳо нармкунандаи табиат ва ниҳоят хубкимус аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Амруд ва хусусан навъи даштии хушконидаи он ҷароҳатҳоро фароҳам оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Амруд меъдаро дибоғат диҳад ва хусусан амруди чинӣ онро қавӣ созад, ташнагиро шиканад ва сафроро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Амруд ва хусусан хушки он шикамро бибандад. Андар амруд чунин хосият аст, ки қулинҷ ба вуҷуд оварад, бинобар ин, бояд аз болои он оби ангубин бо дегафзорҳо ошомид. Рубби он аз барои талхаи зард судманд бувад.
Заҳрҳо: Хокистари навъи амруде, ки сахт гирандаи дергувориш аст, илоҷи [заҳри] саморуғи футр аст. Агар ин футрро бо амруд бипазанд, зиёни он бикоҳад.
376 КУРОЪ – ПОЧА
Феълҳо ва хосиятҳо: Поча кимуси часпаки ғайри ситабр бизояд, вале он сутудаи камфазла бувад.
Андомҳои сина: Поча хусусан бо кашки ҷав аз сурфаи гарм судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Поча дурустгувориши хубкимус буда, часпаки ғайри ситабр аст. Нишонаи хубгуворияш он аст, ки ба ҳангоми пухтан зуд дам карда, бипазад. Лекин ғизои он чандон фаровон нест.
Андомҳои ронанда: Поча ба тавассути часпакии доштаи хеш табиат бикушояд.
377. КАЛБ – САГ
Canis familiaris L.
Оростагӣ: Пешоби сагро барои озахҳо ба кор баранд.
Он даъвое, ки гӯё шири саг мӯйро бирезонад ва мӯи кандаро рӯидан нагузорад, чунон ки Ҷолинус андар чанд ҷой таъкид кардааст, даъвои беҳуда аст. Ҷолинус гуфтаи касеро дурӯғ баровардааст, ки гӯяд: «Хуни саг мӯи кандаро рӯидан нагузорад»1.
Андомҳои ронанда: Ҷолинус гуфтаи касеро дурӯғ баровардааст, ки гӯяд: «Хуни саг ҷанинро берун оварад».
Заҳрҳо: Хуни саги девона барои газидагии худи он ва барои заҳри тирҳои арманӣ [судманд аст].
378. КАРМ1 – РАЗ, ТОК; мавизак Vitis vinifera L.; delphinium staphisagria z.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки рази даштӣ2 ва кӯҳӣ мисли ҳамаи разҳо дорои навдаҳои дароз ва баргашон чун барги рӯбоҳразаки бӯстонӣ, балки аз он ҳам паҳнтар бувад. Шукуфаи онҳо мӯякӣ ва меваашон чун хӯшаҳои ангур буда, ба ҳангоми расидан сурх шаванд. Донаи онҳо гирда аст. Барги наврастаи онҳоро бихӯранд.
Хосиятҳо: Хокистари навдаҳои раз андар таркиби доруҳои доғниҳанда бидарояд. Равғани раз равғани гулро монад, лекин латифии онро надорад. Равғани шираи [ан гур] оромкунанда ва гармибахшоянда аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ