Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бахши сафеди он дергувориш аст. Дисқуридус гуфтааст: «Каранбе, ки андар тобистон бирӯяд, аз барои меъда бад аст ва дилаи каранб аз барои меъда хубтар бувад. Агар ба он намак ва об ҳамроҳ кунанд, бадтар бошад. Агар барги каранбро бо сирко хом бихӯранд, касони испурчашон беморро суд бахшад».
Андомҳои ронанда: Каранб пешобу хуни ҳайзро битозонад ва тухми он бо оби боқилии мисрӣ кирмҳоро бикушад. Шукуфаи он низ хуни ҳайзро битозонад. Агар тухми каранбро баъди ҷимоъ ба зер баргиранд, маниро табаҳ кунад. Хокистари бехи он сангро хурд кунад. Каранби дарёӣ моил ба шӯрию талхист ва бад-ин сабаб табиатро нарм кунад ва хусусан бо гӯшти равғанӣ исҳол оварад.
Барги он ба тариқи тило аз барои печиши нофи гарм судманд аст. Дисқуридус гуфтааст: «Агар онро ба таври сабук ҷӯшонида, бихӯранд, шикам орад, вале агар бо об ду бор ҷӯшонда, бихӯранд, шикамро бибандад. Агар бо фишурдаи каранб бехи савсан, ки онро «ирисо» номанд ва натрун биомезанд, шикам орад. Агар аз шукуфаи он фарзаҷа сохта, зан баъди обистан ба зер баргирад, ҳар чи андар шикам дошта бошад, бикушад. Агар тухми каранб, хоссатан онеро, ки андар Миср бирӯяд, биошоманд, кирмҳоро бикушад».
Заҳрҳо: Дисқуридус гуфтааст: «Фишурдаи он бо шароб аз барои газидагии афъӣ судманд аст. Он аз барои газидагии саги девона низ суд дорад. Тухми каранби мисрӣ андар таркиби тарёкҳо бидарояд».
373. КУРРОС – ГАНДАНО
Allium porrum L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Гандано бар се гуна аст. Гунае аз он шомӣ ва дорои бехи пиёзист. Ганданои шомӣ1 ниҳоят бадкимус бувад. Гунаи дуввум ганданои набатист2 ва он андар тезӣ қавитар аз шомист. Ганданои набатӣ дорои андаке гирандагӣ бувад ва бад-ин сабаб хунро қатъ кунад. Гунаи севвум ганданои даштист ва он бо номи «қирт» маъруф аст. Ин гандано бадтар аз гунаи якум аст ва аз хӯрок дида ба дору бештар монанд аст. Ганданои набатӣ андар зимни доруҳо бидарояд».
Табъ: Гандано андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк аст. Ганданои даштӣ гармтару хушктар бувад ва бад-ин сабаб бадтар аст.
Хосиятҳо: Ганданои шомӣ бо тутум озахҳо ва махмалакро бибарад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Ганданои шомӣ бо намак барои решҳои палид ва ганданои даштӣ барои решҳои пистон судманданд. Агар ганданои набатиро бо сирко зимод кунанд, омосҳоро бикафонад.
Андомҳои сар: Гандано хуни биниро боз дорад. Тухми онро бо қатрон чун аз барои дандоне, ки андар он кирм бошад, бахур кунанд, онро бикушад ва биафтонад. Хӯрдани гандано сардард оварад ва боиси дидани хобҳои бад бигардад. Хокистари онро бо равғани гул ва сиркои хамр аз барои гӯшдард [ба кор баранд]. Гандано ва хусусан шомии он яке аз чизҳоест, ки вораҳо ва дандонҳоро табаҳ кунад ва онҳоро бирезонад. Агар оби ганданои набатиро гирифта, бо кундур ва ё бо равғани гул биомезанд ва ан

дар гӯш бичаконанд, аз дарди гӯш ва бонгу садо додани андар он оризшуда суд дорад.
Андомҳои чашм: Андар чашм торикӣ падид орад.
Андомҳои нафаскашӣ: Гандано бо оби ҷав барои кӯтоҳнафасие, ки аз моддаи ситабр ба амал омадааст, [муфид аст] ва хусусан набатии он, ки агар бо ангубин бошад, [чунин будӣ]. Гандано аз омосҳои шуш судманд аст ва онҳоро бипазонад. Ду дирамсанг тухми гандано бо як чанди он аз мӯрддона аз барои хунпартоӣ бидиҳанд. Агар ганданоро хом бихӯранд, нои шушро суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Ганданои даштӣ барои меъда бад буда, бадтар аз бӯстонист, аз баҳри он ки талхтар, тезтар ва газандатар аз он бувад. Ҳамаи гунаҳои гандано бодангез аст. Онро бо ду об биҷӯшонанд, то ки бодангезию газандаш сабуктар гардад. Руфус гуфтааст, ки гандано оруғи турушро бибурад. Гандано умуман дергувориш аст.
Андомҳои ронанда: Гандано ва хусусан набатӣ ва даштии он пешобу хуни ҳайзро битозонанд. Ганданои набатӣ ва даштӣ обгаҳ ва гурдаи решвараро зиён доранд. Агар пухтаи онро бихӯранд ва ё зимод кунанд, бавосирро судманд бошад ва боҳро биангезад. Тухми бирёни он низ чунин аст. Тухми онро аз барои шикамрав ва хуни мақъад бо мӯрддона бирён кунанд. Андар ҷӯшонидаи барги он бо об нишинанд ва он аз часпидагии раҳм ва сахтии он суд бидиҳад. Ба шакли исфедбо ҷӯшонидаи бехи он бо равғани хасакдона ва ё равғани бодом ва шира аз барои қулинҷ судманд аст. Фишурдаи хушки он аз ҷумлаи чизҳоест, ки исҳоли хун оварад. Ганданои даштӣ хуни ҳайз ва пешобро беш аз дигар гунаҳои он битозонад.
(348) Заҳрҳо: Фишурдаи онро бо молиқиротун аз барои газидагии [ҷондорҳо ба кор баранд].
374. КУЗБАРА – КАШНИЗ, кашнич Coriandrum sativum L.
Моҳият: Ҷолинус гуфтааст: «Қисме аз он тар ва қисме хушк аст. Қувваи он мураккаб аст ва андар он [гавҳари] хокии талх ва [гавҳари] обии нимгарм ғолиб аст.
Андар кашниз ба иллати гирандагӣ андаке тундист». Ба наздики ман [гавҳари] обии он сард аст, на нимгарм, вале мумкин аст [гармӣ андар он] ба сабаби гавҳари латифи гарме бошад, ки бо он омехтааст ва омехтанаш таврест, ки барои ҷудо шудан аз он шитоб дорад. Ҳунайн низ гуфтааст, ки Ҷолинус сардиро аз кашниз барои мухолифат нишон додан бо Дисқуридус рад кардааст. Ман гӯям, ки ба сард будани он Руфус, Аркоғонис ва дигарон шоҳидӣ додаанд.
Табъ: Аз охири дараҷаи якум то дуввум сард аст ва андар дараҷаи дуввум ва ба наздики Ибни Ҷурайҷ андар севвум хушк аст. Ба наздики ман чунон аст, ки хушки он андаке моил ба гармибахшист, вале [ба наздики] Ҷолинус ҳамаи гунаҳои он майл ба гармибахшӣ дорад.
Шояд ин ба сабаби гавҳари латифе андар вай бошад, ки андар он мавҷуд буда, ҳал бигардад ва ба ҳангоми ошомидан боқӣ намонад, вагарна бисёр истеъмол кардани фишурдаи он ба иллати сардиоварӣ марговар намебуд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кашниз дорои гирандагӣ ва карахт кардан аст ва фишурдаи он бо шир ҳар гуна дилзании сахтро ором кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ